Ба доди мани бечора кӣ мерасад?
- Details
- Published on Monday, 13 October 2014 11:41
Редаксияи азиз, ман як ҷавонзани хонавайрон аз Ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара дар рўзномаи ноҳиявии «Насими Исфара» бо номи «Талоқи телефонӣ ё кӣ маро ба рўзи сиёҳ гирифтор кард?» аз хусуси ноадолатона хонавайрон ва зиндасағир шудани ду бачаи ноболиғам ҳанўз моҳи феврали соли равон номаи бетаҳрир дарҷ кунонида будам.
Дар нома сабабҳои ҷудоии оилаам, қонуншиканиҳои хушдоманам Сабоҳат Назирова ва завҷаи бародари собиқ шавҳарам Барно Назирова, маро дар соли 2011 маҷбуран исқоти ҳамл кардани онҳо бо факту далелҳо ва телефонӣ талоқамро додани шавҳарам бо нишондоди модараш ҳикоя мешуд. Ман ҳаволаи ин нокасонро ба Худо ва қонун супурда, нигарон будам, ки суду прокуратураи шаҳри Исфара ҳақро ба ҳақдор мерасонанд.
Мақола беш аз се моҳ беҷавоб монд. Ба идораи рўзнома ва нишонии мо посух наомад. Ба прокуратураи шаҳри Исфара муроҷиат карда, аз натиҷаи он пурсидем. Бо имзои прокурори шаҳри Исфара, мушовири адлияи дараҷаи I Муҳаммадиев И.С. чунин ҷавоб гирифтем, ки онро айнан меорам:
«Ба шаҳрванд Нозирова Аниса сокини шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Ворух, кўчаи Б.Fоибназаров, ҳавлии №31» Прокуратураи шаҳри Исфара аризаи Шуморо оиди аз ҷониби хушдоманатон маҷбуран исқоти ҳамл намудан шуморо (?) мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷаи санҷиш бинобар набудани аломати таркиби ҷиноят дар кирдори ягон нафар (??) бо дастрасии моддаи 27, қисми 1, сархати 2 ва 149 КМҶ ҶТ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд.
Прокурори шаҳри Исфара, мушовири адлияи дараҷаи I Муҳаммадиев И.С.” Нома дар саҳифаи рўзнома 13 феврали 2014 чоп шуда буд. 2 июни соли 2014 мо ба прокуратураи шаҳр рафта, чунин ҷавоб гирифтем.
Барои чӣ он то имрўз беҷавоб буд? Ман ва падару модарам аз хулосаи он розӣ ва қаноатманд нестем. Шавҳарам ақди никоҳро бо ман наканда, дарҳол зани дигар гирифт, то ҳоло ман чизу чораамро аз хонаи онҳо нагирифтаам. Оё шавҳарам бегуноҳ аст? Аз соли 2006 ман зани ў будам-ку. Ду фарзанд таваллуд кардам. Вақте ки маро хушдоманам маҷбуран ба ташхиси УЗИ-и деҳаи Ворух овард, духтурон кўдак чормоҳа ва хатарнок будани онро фаҳмонда, инкор карданд. Сипас хушдоманам аз шаҳри Исфара кадом духтури бемориҳои занонаро гуфтугў ё пул дода, ба норозӣ буданам нигоҳ накарда, бе ягон тавсиянома ба беморхона хобонд ва кўдакамро исқот намуд, ки баъди он саломатиам ногувор аст. Магар худи ҳамин сўиистеъмоли қонун нест?
Ба прокуратураи шаҳри Исфара барои шоҳид будан мудири бахши УЗИ-и беморхонаи Ворух Рукниддин Муҳиддинов ва пизишки бемориҳои занона Раҳнамо Ашўроваро ҳамроҳ бурдем. Онҳо ҳақ будани маро исбот карданд. Муфаттиши прокуратура Н.Абдураҳимов гуфти ононро бо гўшҳои худ шунид. Пас, худи ҳамин исботи аломати таркиби ҷиноят нест?
Ман дар ҳавлии падарам муваққатан истиқомат дорам ҳамроҳи як кўдакам, кўдаки дигарам бо он беинсофҳост. Ўро ба ман нишон додан намехоҳанд.
Редаксияи азиз, эҳтиромона хоҳиш ва илтимос дорам, номаи маро ба Прокуратураи вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилоят (то ки алименти кўдакон ва манзили зистамро ҳал кунанд) расонед.
Ман аз қазияи прокуратураи шаҳри Исфара норозиам. Бигзор, Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят низ ба масъалаи ман рўшанӣ андозад.
Аниса НОЗИРОВА,
сокини деҳаи Ворухи шаҳри Исфара