Боғи фарҳангӣ куҷост? Намедонам!
- Details
- Published on Tuesday, 30 September 2014 10:49
-чунин буд ҷавоби аксари аҳолӣ ба суоли мо
Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки бо табиати биҳиштосо ва манзараҳои нотакрораш диққати кулли мардуми минтақа ва ҷаҳонро ҷалб намудааст. Табиат ва манзараҳои он, аз ҷумла дар қаламрави вилояти Суғд нотакрор, зебо, шавқовар ва дилрабоянд. Бар замми ин дар шаҳру навоҳии вилоят боғҳои истироҳатию фароғатӣ фаъолият мебаранд, ки сокинон ва меҳмонон рўзҳои истироҳат ва фориғ аз кор дар ин мавзеъҳо истироҳат мекунанд.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Юрий Гагарини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маркази ноҳия - шаҳраки Пролетар ҷойгир будааст. Аз ду-се нафар сокинон суроғаи Боғи фарҳангиро пурсон шудем, мутаассифона, ҷавоби «намедонам», «шояд дар ҳамин наздикиҳо бошад», «мо намедонем», «хабар надорем»-ро шунида, ба худ савол додем, ки чаро мардуми ноҳия аз ин макони истироҳатӣ бехабаранд. Бо мушкилӣ мавзеи боғи истироҳатиро ёфтем. Вақте назди даромадгоҳи Боғи фароғатӣ омадем, ақрабаки соат даҳу бист дақиқаро нишон медод ва дарвозаи боғ маҳкам буду дар он ҷо, ба қавле, ҳатто парранда ҳам пар намезад.
Бо вуҷуди он мақсад гузоштем, ки вориди боғ шуда, бо ҳоли он огоҳ гардем. Дарвоза, ки маҳкам буд, кўшидем, аз панҷарадевори он ворид шавем. Дохили боғ гардида, манзараҳои ҳузнангез ва ҳолати хароби пайкараи Юрий Гагаринро дидем, ки гирду атрофи он ба партовгоҳ мубаддал гаштааст. Наход нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Юрий Гагарин дар ин аҳвол бошаду масъулин ва мақомоти дахлдор нисбат ба ёдгориҳои таърихӣ ва гулгашту хиёбонҳо чунин муносибат кунанд?
Бояд гуфт, ки Боғи фарҳангии ноҳия соли 1975 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо қувваи зиёди меҳнаткашон бунёд шудааст. Боғ дар мувозинаи бахши фарҳанги ноҳия қарор дошта, масоҳати умумии он 6,3 гектар мебошад. Ҳангоми азназаргузаронӣ дар ҳудуди боғ марде машғули рўбучин буд.
Вай боғбон ва рўбандаи ин истироҳатгоҳ будааст. Аз ў масъулини боғро пурсидем. Вай бо масъулин дар тамос шуда, гуфт, ки пас аз даҳ дақиқа ҳозир мешаванд. То омадани роҳбарият бо чанде аз роҳгузарон доир ба фаъолияти боғ ҳамсўҳбат шудем. Онҳо гуфтанд, ки чанд сол пеш Боғи истироҳатиро бо шароити хуби корӣ ба як мансабдори давлатӣ вобаста карда буданд. Вай масъул буд, вале имкониятҳои боғро истифода накард, беаҳамиятӣ зоҳир намуда, онро ба ҳолати ногувор оварда расонд. Ҳатто, шумораи баргузориҳои чорабиниҳои фарҳангӣ дар ин макон хеле кам шуд ва рафтуомади мардум коҳиш ёфт. Ҳамчунин роҳравҳои боғ, ки солҳои пеш асфалтпўш буданд, имрўз дар ҳолати хароб қарор доранд.
Чашмамон ба шиору овеза ва таблиғияҳои дохили боғи фарҳангӣ афтод, ки онҳоро дарахтони сояафкан ва гулбуттаҳо панаҳ карда буданд. Инчунин курсиҳои дамгирӣ дар ҳолати хароб қарор дошта, дар майдону роҳравҳо салафану қуттиҳои холӣ ва партовҳои ҳархела ба назар мерасиданд.
Аз сарвари кунунии боғи фарҳангӣ Камолиддин Раҳматов сабабҳои ҳолати имрўзаи муассисаро пурсон шудем. Тўли чанд моҳ аст, ки боғи истироҳатиро ба ў ҳамчун иҷора вобаста кардаанд. То инҷониб ҳашарҳои дастаҷамъона аз тарафи кормандони шўъбаи маориф ва бахши фарҳанги ноҳия гузаронда шуданд. Ҳамчунин дар асоси қарори раиси ноҳия чанд чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Суруди миллӣ ва қабули Конститутсия (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ, рўзҳои фарҳангии Ҷамоату шаҳракҳои Пролетар, Гулхона, Ҳаёти нав ва Деҳмой баргузор гардиданд. Дар бобати корҳои ободонӣ бошад, атрофи атраксионҳои боғ тоза ва обод гардонида шудааст. Соли ҷорӣ трансформатори боғ аз тарафи иҷорагир иваз шуда, атраксионҳои он андаке бошад ҳам, рўи таъмирро диданд.
Ҳоло Камолиддин Раҳматов чун иҷорагири боғ онро ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ ободу сарсабз ва бо атраксионҳои замонавӣ таъмин карданист. Дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия корҳои ободонӣ идома доранд ва баҳри дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани сайругашти оммавӣ тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд. Пас аз таъмиру тармим Боғи истироҳатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба номи Юрий Гагарин дигаргун мегардад ва ба аҳолии ноҳияю меҳмонон ба ҷойи фароғатию истироҳатӣ мубаддал хоҳад шуд.
Боғи фарҳангу фароғатии ноҳия то ба кадом дараҷа ба талаботи замон мувофиқ мешавад, вақт нишон медиҳад.
Нодир ТУРСУНЗОДА