Омўзгори ҷавон чаро ба мактаб нарафт?

 

 

 

Соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид ва дар он нахустин бор ба мақоми омўзгор боби алоҳида бахшида шудааст. Бо ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон дод, ки омўзгор дар ҷомеаи мо мақоми хоса дорад.Тибқи ин қонун, ба омўзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудаанд ва иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро аз ҳамаи роҳбарону масъулин талаб дорад.

Мактабҳои олии кишвар, минҷумла ДДХ ба номи академик Б.Fафуровро ҳамасола садҳо нафар хатм мекунанд. Тибқи низомнома ва дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи хатмкардаҳо, бахусус онҳое, ки дар бахшҳои буҷавӣ хондаанд, бояд аз рўи таъинот дар макотиби таҳсилоти умумӣ ё дигар муассисаҳои таълимӣ бо роҳхати донишгоҳ кор кунанд. Магар ин низомро шогирдони донишгоҳ риоя мекунанд? Бо ин суол ба чанд нафар масъулин муроҷиат намудем. Инак посухи онҳо:

-Соли 2014 барои донишҷўён бобарор омад. 2479 нафар донишҷўён, ки донишгоҳро хатм намуданд, 103 нафарашон соҳиби дипломи «аъло» гаштанд, -гуфт сардори маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ Маъмури Юсуфзод, - аз шумораи умумии хатмкардагон 329 нафар бо дараҷаи мутахассис ва 2150 нафар бо дараҷаи бакалавр мактаби олиро ба итмом расонд.

Бино ба гуфти мудири шўъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Муродҷон Қўзиев, тақсимоти хатмкунандагони гурўҳҳои буҷавии ихтисосҳои омўзгории донишгоҳ дар соли таҳсили 2012-2013-ум 569 нафар мебошанд, ки онҳо ба ҷойҳои корӣ тақсим шуданд. Аз онҳо 504 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуда, 28 нафар ба магистратураи донишгоҳ дохил шуданд. 37 нафар дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият мебаранд. Тақсимоти хатмкардагони гурўҳҳои буҷавии ихтисосҳои омўзгории донишгоҳ дар соли таҳсили 2013-2014-ум 527 нафар буда, ба ҷойҳои корӣ тақсим ва ҳамаи онҳо бо роҳхат таъмин шуданд.

Тибқи «Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахасассисони ҷавон, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро хатм намудаанд», ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, сардорони раёсату шўъбаҳои маорифи тамоми ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, то ин низомнома ва моддаи 119-уми Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян риоя ва барои онҳо шароити мусоиди манзилию маишӣ фароҳам оварда шаванд. Аз рўи дастурамали тасдиқнамудаи вазорат «Дар бораи маориф» танҳо баъди 3 соли кори бетанаффуси омўзгорӣ дар муасисаҳои таълимӣ ба донишҷўе, ки дар гурўҳи буҷавӣ таҳсил кардааст, диплом дода мешавад.

Дар бобати иҷроиши дастуру супоришоти Сарвари давлат ва ҳам роҳбарияти вилоят оид ба таъмин кардани мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор ва то имрўз чанд нафар омўзгорони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир шудааанд, ба сардори Раёсати маорифи вилоят Муҳаббат Маҷидзода муроҷиат намудем. Вале ў изҳор дошт, ки то имрўз шумораи онон мушаххас набуда, тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, то санаи 15 октябр маълумот пешниҳод хоҳем кард.

Бо чунин масъала ба сармутахассиси шўъбаи маорифи ноҳияи Б.Fафуров Додоҷон Сангинов муроҷиат намудем. Мавсуф изҳор дошт, ки то санаи 24 сентябр 97 нафар мутахассисони ҷавон, аз он 74 нафар хатмкардагони донишгоҳи мазкур бо ихтисоси омўзгорӣ барои ишғоли ҷойи корӣ муроҷиат намуданд ва ҳамаашон пурра дар макотиби ноҳия аз рўи ихтисос фаъолият бурда истодаанд ва ин нишондиҳандаро нисбат ба солҳои қаблӣ ў хуб арзёбӣ намуд. Дар хусуси он ки бо кадом сабаб баъзеҳо пас аз хатми донишгоҳ ба ҷойи кор ҳозир намешаванд ва умуман дар ин бобат донишҷўён чӣ андеша доранд, фикри чандеро пурсон шудем.

Рухшона Баҳромова:- (ба хотири чандандешӣ номаш иваз шудааст). -Чанд сол пеш ДДХ ба номи академик Б.Fафуровро бо ихтисоси муаллими фанни биология, ғоибона хатм намудам. Хостам, ба яке аз мактабҳои ноҳия рафта, аз рўи ихтисос кор кунам, вале сарвари мактаб изҳор дошт, ҷойи холии корӣ надорем, шуморо ба қайд мегирем, ҳар вақт зарурат пайдо шавад, ба кор даъват менамоем. Ҳамин тавр, азбаски оиладор ва соҳиби фарзанд шудам, натавонистам ба кор бароям.

Ориф Муродов: – Бо ихтисоси омўзгори фанни забон ва адабиёти рус донишгоҳро ба итмом расондам. Бо сабаби он ки маоши муаллимӣ он замон хеле кам ва барои таъмини оилаам нокифоя буд, маҷбур шудам, ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам.

Муқаддас Мирзоева: Соли гузашта бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ донишгоҳи мазкурро хатм намудам. Сипас ба яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Б.Fафуров муроҷиат намудам ва алҳол аз рўи ихтисос дар мактаб ба хонандагон таълим медиҳам.

Сўҳроб Ҳалимов: - 7 сол пеш донишгоҳро бо ихтисоси муаллими фанни информатика ва физика хатм карда будам. Бинобар он ки яккаписар мебошаму таъминоти оила пурра ба ўҳдаам аст, ба Федератсияи Русия ҳамроҳи пайвандонам рафта, дар он ҷо кор карда истодаам. Чунки он маоше, ки дар муассисаҳои таълимӣ омўзгор мегирад, барои эҳтиёҷи оила маро қаноатманд кунонида наметавонад.

Дар маҷмўъ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров имрўз барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши мутахассисон ҳамаи шароитро дорад ва барои сайқал додани маҳорати касбии донишҷўён аз ҷониби роҳбарият дар доираи низомнома ва қонунҳои ҷорӣ чораҳо меандешанд. Аз ин лиҳоз, мебояд, ки масъулини дигар, аз ҷумла роҳбарони раёсату шўъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ барои бевосита бо мутахасисон таъмин намудани макотиб мусоидат намуда, омўзгорони ҷавонро ҳамаҷониба ҳавасманд ва дастгирӣ намоянд. Чунки омўзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омўзгор вобастагии зич дорад.

Маъмурахон САМАДОВА

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh