Нўшдоруе пас аз марги Сўҳроб
- Details
- Published on Thursday, 28 August 2014 15:35
Кишоварзони меҳнатдўсти ноҳияи Зафаробод сиёсати одилонаву оқилонаи Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи таҳкиму пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар роҳи ба ҳаёт татбиқ намудани ин сиёсати ҳирадмандона фидокорона меҳнат мекунанд. Аз ҷумла яке аз ғамхориҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки дар соли 2013 ба ноҳияи Зафаробод 10,3 миллион сомонӣ маблағ барои таъмиру тармим ва азнавбарқароркунии пойгоҳҳои обкашии Мирзочўли тоҷик ҷудо намуданд.
Вале афсўс, ки дар соли 2014 таъминоти оби полезӣ беҳтар нашуда, мардумро аз пешина зиёдтар ба ташвиш оварда истодааст. Соли равон аз аввали мавсим кори номураттаби пойгаҳҳои обкашӣ ва тез - тез партофтану гум шудани оби полезӣ дар каналҳои ТМ-4 ва ТМ-2 ба ҷониби мо бараъло мушоҳида карда мешавад. Яке хабар мерасад, ки садамаи агрегатҳо рўй додааст, бори дувум хабар меояд, ки садамаи қубурҳои обкаш садди кор шудааст, савум хабари қатъи барқ дар пойгаҳҳои обкашӣ дуд аз димоғи марди деҳқон мебарорад...
Хулоса, барои нарасонидани об, ба қавле, ҳазору як баҳона меёбанд масъулон. Мо маҷбур шуда, ин масъаларо то ба Раиси вилояти Суғд бурдем. Шукр, ки оқибат бо дахолати мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ гоҳ-гоҳе об ҷониби мо меомадагӣ гардид. Лекин, чунонки дар унвони мақола овардаем, ин нўшдоруи баъди марги Сўҳробро мемонад, чунки зироатҳоямон дар гектарҳои зиёд аз беобӣ сахт коҳидаанд.
Ду сол мешавад, ки роҳбарони ноҳия ҳама гуна кўшишу ғайраташонро ба он равона кардаанд, ки ба киштзорҳои дурдасти ноҳия- ҳоҷагиҳои собиқ совхози «Дўстӣ» оби полезиро дастрас бисозанд. Ин, албатта, ибтикори хуб аст. Аммо, обрасониро ба деҳқонони як хоҷагӣ аз ҳисоби ранҷу машаққати дигарон ба ҷо овардан, аз рўи адолат аст магар?!
Гап бар сари он аст, ки бо супориши роҳбарони ноҳия мутасаддиён навбати «Дўстӣ»-гўён бо посбонҳо тамоми хатҳои обгузари моро маҳкаму пўшида нигоҳ медоранд.Тасаввур кунед, ки об аз ҳудуди заминҳои мо гузашта истодааст, вале пахтаҳои мо аз ташнагӣ ҷон медиҳанд. Ин ҳолатро ҳама мебинанд, ҳама шоҳид мешаванд, ки ниҳолҳои мо ба ҳосилрезӣ дучор гардидаанд, лекин касе парво намекунад.
Мо асло бар зидди оббариву обрасонӣ ба хоҷагиҳои дурдасти «Дўстӣ» нестем, вале бароямон сахт алам мекунад, ки бераҳмона хатҳои обгузари моро маҳкам карда, касе ба доди мо расидан намехоҳад. Мақоли машҳури халқӣ имрўз муносиби ҳоли мо шудааст: «Об дар кўзаву мо ташлабон мегардем». Магар киштзорҳои мо аз заминҳои ноҳия нестанд ва ё мо барои роҳбарон дар қатори ҳочагиҳои дуюмдараҷа қарор дорем?
Имрўзҳо аз нарасидани об зироатҳои коштаамон сўхта истодаанд. Мо ҳар як тадбири агротехникиро дар сари вақт гузаронида, обро сари вақт монда натавониста истодаем. Киштзорҳо сахт обталаб шуда, ташнаком ҳосилашон мерезад ва дар ин ҳангом аз наздамон об мегузарад.
Мутахассисони ноҳия бояд аз аввали мавсим таъминоти оби полезиро барои кишоварзони ноҳия дақиқу пухта тарҳрезӣ намуда, нагузоранд, ки ягон гектар аз беобӣ сўхта равад ва деҳқони бо умед аз бонкҳо хонаву дарашро ба замонат монда, бо нияти манфиат ёфтан маблағҳо гирифтаанд, зарари моддӣ бинанд. Лекин, афсўс, ки феълан дар ноҳияи мо аз аввали мавсим чунин расмият ҷорӣ шудааст, ки оби полезӣ ба деҳқон ба мисоли нўшдоруи пас аз марги Сўҳроб дастрасшуда ҳатман гузаштани фурсати мувофиқи агротехникӣ дода мешавад. Дар натиҷа, зироатҳоямон борҳо аз об монда, ҳосилҳои зиёди интизорӣ аз даст мераванд.
Ин дарду аламро ба кӣ гўем?! Дар пеши назарамон ҳосили бо арақи ҷабин рўёнидаамон, умеду ормонҳоямон тут барин ба замин рехта, зоеъ мегардад. Ба ин чӣ хел тоқат мумкин?! Умру меҳнати зоеърафтаи моро кӣ ҷуброн мекунад?! Мо ба ҳар як гектари киштзорамон дар нозироти андоз ҳамчун замини обӣ ҳисоббаробарӣ менамоем, на аз рўи замини лалмӣ.
Ҳаёту бақои ноҳияи Зафаробод аз ҳастии об вобаста аст. Тақдири ҳосили имсолаи заминҳоямон нигаронкунанда аст. Лекин ба ҷуз дандон ба дандон гузошта тоқат кардан илоҷи дигар надорем. Имдод талабидани мо ба оянда нигаронида шудааст. Мо аз ҳозир дар таҳлука ҳастем, ки обрасонӣ соли оянда боз чӣ тавр мешуда бошад. Дар барномаи таҷдид ба навъи зироатҳое рў бояд овард, ки ҳам талоботи обашон кам асту ҳам давраи пухтанашон кўтоҳмуддат, ба мисли зироатҳои чиллагӣ.
Ба фикри мо, фақат ба ҳамин роҳ метавонем, аз муаммои оби полезӣ халос шавем. Вагарна яке серобу дигаре камоб ва хоҷагиҳои ба мисли мо миёнаоб тамоман ба аҳволи хароб гирифтор гардида, ҳосилҳои зиёди интизориро аз норасидани об аз даст медиҳанд. Мо бори дигар аз рўи адолат ва қонуни иҷтимоӣ гуфтанием: киштзорҳое, ки андозбандиашон мувофиқи заминҳои обӣ ба нақша гирифта мешавад, набояд аз оби полезӣ танқисӣ кашанд ва ё аз беобӣ сўхта, ҳосилрез гарданд.
Дар охир мехоҳем, миннатдориамонро ба Раиси вилояти Суғд мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ расонем, ки баъд аз қабули рўзи шанбе- 2.08.2014 бо дастгириашон оқибат ба ниҳолҳои ҷигарсўхтаи пахтаамон об доданд. Лекин афсўс, ки умури кишоварзии ноҳия супориши Сарвари вилоятро сарфи назар карда, гулу шона ва кўракҳои аз беобӣ талафдидаро мавриди муоина ва баҳисобгирии ҷиддӣ қарор надод.
Қурбоналӣ ҶУМЪАЕВ, Саидмурод ХОЛОВ,
Мулломаҳмад БОБОҶОНОВ, Умурқул РАҶАБОВ,
Шамсиддин САФАРОВ, Раҷабалӣ ИСМАТОВ,
сардорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Зафаробод