Чароғи дурўғ фурўғ надорад
- Details
- Published on Tuesday, 29 July 2014 11:35
Дурўғ гуфтану фиреб додани мардум аз ҷумлаи хислатҳои бади инсон аст ва аз нигоҳи дини мубини ислом низ гуноҳ маҳсуб меёбад. Он ба инсон фасод меорад, обрўву мартабаашро коста мегардонад, минбаъд мардум ба суханаш гўш намедиҳад, эътиборашро, агар онро соҳиб бошад, гум мекунад. Пас чаро дидаву дониста дурўғ мегўянд? Ба хотири чӣ?
Чунин амалҳои хилофи талаботи дини ислом имрўз хоси сардори бахши ҲНИТ дар шаҳри Конибодом Абдуфаттоҳ Ваҳҳобов гаштааст. Гарчанде «ҳалолро ҳисоб ҳаромро азоб» гуфтаанд, ў дар нишон додани шумораи аъзояш рў ба фиребу сохтакорӣ овардааст. Бо чунин роҳ мавқеи онро пойдор сохтанист, вале офтобро бо доман пўшонида намешавад ва худи мардум ҳам имрўз ростро аз дурўғ хуб фарқ мекунад.
Конибодомиён чун мардуми бомаърифату бофарҳанг шинохта шуда, ҳадафҳои бахши шаҳрии ҲНИТ-ро, ки имрўз ягон амали савоб ва ё ободкориро ба анҷом нарасондааст, хуб дарк кардаанд. Алҳол баъзе аз нафароне, ки бо роҳи фиреб ба узвияти ҳизб кашида шудаанд, даст кашиданианд. Мутаассифона, бахши конибодомии ҲНИТ баррасии аризаи онҳоро ба таъхир меандозад, ки ин хилофи талаботи қонун «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» буда, сарфи назар кардани ҳуқуқи инсон аст. Шубҳае нест, ки 90 фисади аъзои бахши шаҳрӣ бидуни розигии бевоситаи онҳо пазируфта шудаанд ва онҳо, ки шояд аз «эҷодкориҳои» А.Ваҳҳобов бехабаранд.
Сардори ячейкаи ибтидоии бахши шаҳрии ҲНИТ Носир Абдуфаттоев ва ҳаммаслакаш Мирҷамол Қурбонов ба рағми хоҳишу иродаи намозгузорони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта онҳоро ба узвияти ҳизб шомил месозанд. Чунин амали носазо ғазаби фиребхўрдагонро, ки аз забони мардум ба узвияти ҳизб шомил гаштанашонро шуниданд, боло оварда, санаи 16-уми июни соли 2014, тақрибан соати 19-30 дақиқа 20 нафар ба бинои маъмурии бахши шаҳрии ҲНИТ ба сифати эътироз гирд омаданд. Талаби ягонаи эшон бекор кардани узвияти ғайриқонунии онҳо буд. Бо ин амал онҳо натанҳо ба номи ҳизб, балки ба худ иснод меоранд. Зеро ҲНИТ ҳизбест, ки аз қайди давлат гузаштаасту дар Оинномааш тартиби қабул ба узвият возеҳ зикр ёфтааст. Чунин амалу эҷодкориҳои пайравони ҳизб ба ягон талаботи қонун мувофиқат намекунад.
10 фоизи аъзои ҳизб низ бо майлу хоҳиши хеш шомил нагаштаанд. Онҳо асосан хешовандону наз-дикони сардори бахши шаҳрии ҲНИТ ҳастанд. Ҳадафи ҳама гуна ҳизб хизмат ба халқ ва таъмини ободии кишвар аст. Агар чунин бошад, бахши шаҳрии ҳизб ба мардуми шаҳри Конибодом чӣ нафъе расонида метавонад. Бо чунин сохтакорӣ то ба кай сафедро сиёҳ мегўянду ба имони хеш шубҳа меоранд. Замона дигар гаштаасту нигоҳи мардум низ ба ақидаҳои беасос тағйир ёфтааст. Яъне дигар мардумро наметавон фиреб дод.
Розиқҷон МУТАЛЛИБОВ, сокини шаҳри Конибодом