Ҳашт корхона аз кор монд. Чаро?
- Details
- Published on Monday, 21 July 2014 14:20
Дар Қасри фарҳанги маркази вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар шаш моҳи соли равон маҷлиси фаъолон доир гардид. Дар он муовинони раиси шаҳр, мудирони шўъбаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, соҳаҳои маориф ва нигаҳдории тандурустӣ, сарварони корхонаю ташкилот ва раисони кумитаҳои маҳалла ва собиқадорон ширкат варзиданд.
Ҷаласаро Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшид. Доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии маркази вилоят дарозои шаш моҳи соли равон муовини раиси шаҳр Маҳмадӣ Давлатов маълумот дод. Мавсуф оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли мол, сабаби мувофиқи матлаб фаъолият надоштани баъзе корхонаҳо изҳори андеша намуда, аз ҷумла қайд кард, ки аз оғози сол то моҳи июни соли 2014-ум корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 231751,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум зиёд аст. Аз 93 корхонаи саноатӣ 75 коргоҳ, аз ҷумла ҶДММ «Фирўз», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Сатн» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар маҳсулот истеҳсол намуданд. Аммо корхонаҳои ҶДММ «Хайём ва К», ҶДММ «Неку Хуҷанд», ҶДММ «Стар-пласт», КВД «Матбааи вилояти Суғд», ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ва ғайра нисбат ба шаш моҳи соли гузашта кам маҳсулот бароварданд. Ҳашт корхонаи дигар, ба монанди ҶСК «Лаъл», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Некон», ҶДММ «Таҷ Пат» аз фаъолият бозмондаанд. Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-июни соли 2014-ум ба 213580,8 ҳазор сомонӣ расид. М.Давлатов ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, хизматрасонии коммуналӣ, ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мубрам таваққуф кард.
Раиси шаҳр Р. Аҳмадзода дар бораи бо вуҷуди ўҳдадорӣ гирифтан аз фаъолият бозмондани 13 корхонаи саноатӣ ва маҳз бо ин сабаб коста шудани шумораи ҷойи корӣ, мувофиқи матлаб набудани коркарди пахта дар корхонаҳои истеҳсолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон, коркарди маҳсулоти шириву гўштӣ дар корхонаҳои дохилӣ ва ба ин васила кам шудани воридот аз хориҷи мамлакат ва бештар гардидани содирот, рушди ҳунармандӣ дар маҳаллаҳо, амалишавии лоиҳаи «Шаҳри бехатар», баррасии марҳилаи сеюми таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, дастгирии бонкҳо дар масъалаи бунёди хонаҳои истиқоматии баланд-ошёна барои оилаҳои эҳтиёҷманд, ҳолати санитарии бозорҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ дастуру супоришҳо дод.
Мудири шўъбаи мутобиқгардонии фаъолияти кумитаи маҳаллаҳо Сайфулло Ҳабибуллоев, раиси Кумитаи заминсозии шаҳр Абдухалил Ёрматов, мудири шўъбаи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов дар бораи таъсис додани 22 кумитаи маҳалла дар биноҳои баландошёна, пешгирии қонунвайронкуниҳо оид ба тақсимоти замин, дар баъзе ҳолатҳо худсарона ишғол кардани замин аз ҷониби аҳолӣ ва андешидани чораҳо дар ин бобат, рушди соҳаи маориф, бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ, омодагӣ ба мавсими сармо дар мактабу кўдакистонҳо ва ғайра фикру ақидаашонро баён намуданд. Ҷаласаро муовини Раиси вилоят Хайрулло Амонулло бо масъалагузорӣ ҳусни анҷом бахшид.
Тавҳида ҶЎРАЕВА