Деҳқони асил бе замин монд
- Details
- Published on Thursday, 03 July 2014 12:29
Мо, як гурўҳ, собиқадорони меҳнат ва колхозчиёни пешинаи колхози ба номи К.Маркс, баъдан Ширкати кишоварзии ба номи Ҳ.Хўҷамуродови ноҳияи Панҷакент ба идораи рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» бо чунин мазмун арз мекунем:
- Мо деҳқонони оддӣ буда, умрамон дар заминҳои колхозӣ гузашта, аъзои пешинаи колхоз ҳастему аз соли 2001 инҷониб сарсону саргардонем.
Беадолатӣ, бемасъулиятии шахсони масъули шаҳру ноҳияи Панҷакент моро маҷбур кард, бо арзу дод ба Шумо муроҷиат намоем. Сарсониҳои 13-сола ягон натиҷаи дилхоҳ надод ва нисбат ба арзу доди мо касе масъулият ҳис накард. Бетарафӣ зоҳир намудани шахсони мансабдор ва ба ҳоламон хандида, ҳеч кор карда наметавонед, гуфтанашон моро водор кард, ки ба Шумо -кормандони рўзномаи вилоятӣ муроҷиат кунем, зеро ин масъаларо ҳал карда метавонед.
Мо то соли 2001 дар ин ширкат кору фаъолият намуда, пас аз ба хоҷагиҳои алоҳида ҷудо шудани он бе саҳми замин мондем. Моро бе ягон сабаб аз рўйхати саҳмдорони хоҷагӣ бароварда, аз як порча замин маҳрум сохтанд.
Аз ҳамон сол инҷониб ба тамоми мақомоти марбута, аз ҷумла ба идораи кишоварзӣ, кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакенту вилоят, ҷумҳурӣ, МИҲД-и шаҳри Панҷакент, прокуратура, Раёсати зидди коррупсия пайваста муроҷиат кардем, лекин ягон натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳол он ки ҳама раисони кунунии хоҷагӣ аъзои ширкати кишоварзӣ, сардорони бригада буданд ва мо бо онҳо ҳамроҳ кор кардаем, заҳмати зиёд кашидаем. Дидаю дониста, худро ба нодонӣ мезананд ва намехоҳанд, ки моро ба хоҷагиашон қабул карда, саҳми замин диҳанд. Аниқтараш, мехоҳанд, ки худашон бештар соҳиби замин бошанд.
Ҳамаи хоҷагиҳои навтаъсис ба аъзогии хоҷагиашон пайвандонашонро ҷамъ кардаанд, ки баъзеи онҳо дар колхоз, ҳатто, як рўз, баъзеашон дар 2-3 хоҷагӣ саҳмдор шуда, қитъаи замини зиёдеро кор накардаанд, ҳамчун саҳм гирифта, заминро ба иҷора дода, худ аз ҳисоби он ва фоидаи замин манфиат мебардоранд. Заминҳои захиравии хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳама дар дасти шахсони бегонае, ки умуман ба хоҷагиҳо алоқамандӣ надоранду аъзои хоҷагӣ нестанд, расидааст. Онон бо пулҳои калон заминро харида истифода бурда истодаанд.
Деҳқони бечора ба мисли мо ба як порча замин зор аст. Ба ғайр аз ин дар ҳамаи хоҷагии навтаъсис андозаи заминҳои бекорхобида хеле зиёд буда, ин касеро ба ташвиш намеорад. Аризаҳои шикоятии мо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад ва боз гапи ин ашхоси мансабдор мегузарад, онҳо аз ҷавобгарӣ дур монда, аз ин ҳам зиёдтар шерак шудаанд.
Аз он ҷумла, яке аз раисони хоҷагиҳои деҳқонии навташкили «Шаҳзод» Фарҳод Муҳиддинов – собиқ муовини раиси кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакент буда, ҳоло ҳам корманди кумитаи заминсозӣ аст, бо ҳар роҳу восита моро сарсон менамояд. Хоҷагии деҳқонии мазкур бо 37 аъзои хоҷагӣ ташкил шуда, 16 нафарашон умуман дар колхоз собиқаи корӣ надоранд, 16 нафари дигар танҳо соли 2001 ҳангоми таҷдиди ширкат ба аъзогӣ гўё қабул шуда бошанд, иборатанд. Аксари онҳо дар намуд саҳмдори хоҷагӣ ҳастанду дар асл дар дигар ҷой кор мекунанд ва умуман замини саҳмиашон дар куҷост, намедонанд.
Пас аз муроҷиати мо аз ҳисоби заминҳои Хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод», ба номи Ҳ.Хўҷамурод, «Ёсуман» ва «Раъд» соли 2014 боз 22 хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардид. Яъне, имконият будааст, ки хоҷагиҳои нав таъсис диҳанд. Дар ин хоҷагиҳо низ шахсони дилхоҳ ва онҳое, ки дар колхоз собиқаи корӣ надоштаанд, қабул кардаанд ва мо – 33 нафар боз аз рўйхат берун мондем.
Барои чӣ ба мо қитъаи замин ҷудо намекунанд? Мо ҳам хоҷагии деҳқонии нав ташкил намоем ё ин ки барои чӣ ақаллан 1-2 нафари моро ба аъзогии хоҷагиҳои навтаъсис қабул намекунанд? Агар ба мо, 33 нафар аз саҳм маҳрумшудагон аз ин 22 хоҷагии навтаъсис саҳм ҷудо мекарданд, ин масъала бе ягон мамониат ва мушкилӣ ҳал мегардид. Вале сад афсўс, мо ба онҳо бар ивази саҳми замин чизе (пул) дода наметавонем.
Магар ҳамаи ин аз амали ғайриқонунии онҳо дарак намедиҳад? Дар дигар хоҷагиҳои навтаъсис низ чунин аҳвол буда, бо роҳи шиносбозӣ шахсони мехостагиашон ва умуман шахсони бо замин алоқаманд набударо ба аъзогии хоҷагӣ қабул намудаанд. Вале мо, шахсони солиёни тўлонӣ мўи сарамонро дар сари замин сафед намуда, аз ташкилшавии колхоз дар он меҳнат карда, саломатиамонро бо меҳнатҳои азими тамокукорӣ бой додаем, дар рўйхати аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ нестем.
Фарҳод Муҳиддинов аз вазифааш сўиистифода карда, бо мо ҷангу ҷидол мекунад ва ҳақорату дашном медиҳад ва мегўяд: «Ман ба шумоён қитъаи замин намедиҳам».
Дар ҳақиқат ҳам, муроҷиати чандинкаратаи мо бенатиҷа мемонад ва дар ҳама ҷо Ф.Муҳиддинов ҳозир буда, бо шахсони барои санҷиши аризаамон омада, забон як карда, дар охир он амал қонеъ намегардад. То ба кай ин беадолатӣ давом мекарда бошад? Сарсонии мо боз чанд соли дигар идома меёбад, намедонем. Дар ин давра аз байни мо 6 нафар шахсон интизори як порча қитъаи замини саҳмӣ фавтиданд. Наход, беинсофӣ то ҳамин дараҷа омада расад, қадри инсонро ин қадар паст зананд?
Мо ҳам агар мисли дигарон пулдор мешудем, эҳтимол, кайҳо соҳиби замин мешудем, пулдор, кӣ нестем, ду даст дар бинӣ мондаем! Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба аз навташкилдиҳии хоҷагии деҳқонӣ», № 1775 аз 30.06.2006 «бояд пеш аз ҳама шахсони дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибадошта соҳиби саҳми замин гарданд ва сипас ба дигар гурўҳи аҳолӣ саҳм ҷудо карда шавад». Дар шаҳру ноҳияи Панҷакент ин ба инобат гирифта намешавад, ҳарчанд аз ба тасвиб расидани фармон 8 сол сипарӣ гашт. Ба деҳқони бечора кӣ замин медиҳад?
Мо ҳама деҳқонем, ҳаёти хешро пурра ба замин бахшидаем, манбаи асосии рўзгузарониамон замин аст, бе он ҳаётамонро тасаввур карда наметавонем, ҳастии мо, чизи аз ҳама ҳаётан бароямон муҳим замин аст.
Пас қазоват кунед, ки чӣ хел мо, деҳқононро аз замин маҳрум кардаанд. Ин магар беадолатӣ нест? Магар ин моро ба вартаи ноумедӣ ва ҳалокӣ овардан нест?
-Ман, Маҳкамой Нозирова - нафақахўр, қаҳ-рамонмодар, соҳиби 10 нафар фарзанд буда, аз кўдакиам умрам дар замин, дар воти колхоз гузаштааст. Ҳамроҳи шавҳарам будам, 10 нафар фарзандонам бо нони деҳқонӣ устухонашон сахт шудаву дар сари замин ба воя расидаанд. Пас аз хатми мактаб низ фарзандонамро ба кори колхоз барои гирифтани ҳосили хуб, самаранок истифода бурдани замин сафарбар намудаам. Бо чӣ азобу машаққатҳо шабу рўз дар сари замин моҳҳо ба хона наомада, меҳнат мекардем. Имрўз бошад, ману фарзандонам аз саҳми замин маҳрумем. Бароям ба ном шаҳодатномаи замин додаанд, лекин замин дар куҷост, касе намедонад ва нишон ҳам намедиҳад.
Санҷишгарон омада аз 1.02.2014 санад тартиб дода рафтанд, ки бояд ман саҳми заминамро аз Хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳ.Муродов гирам, вале аз сабаби розӣ нашуданам бо мувофиқаи Хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Ҳ.Муродов ва «Шаҳзод» бароям аз Хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод» саҳми замин ҷудо карда бошанд, гўё ман намегирам гуфта, рад карда бошам.
Ин ҳама баҳонаҷўиҳои беасос буда, барои намоиш чунин санадро тартиб додаанд ва мағзи гап он аст, ки ба мо замин додан намехоҳанд. Ба ману фарзандонам бояд аз Хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод» замини саҳмӣ ҷудо карда медоданд, зеро мо дар қитъаи замине, ки ҳоло ба хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод» аз рўи расамат ва тақсимот расидааст, пештар кор мекардаем ва аъзои бригада будем.
Ф.Муҳиддинов ҳурмати мўи сафедам ҳам накарда, дар бинои Ҳукумати шаҳри Панҷакент ва шўъбаи Агентии коррупсия, ки барои ҳалли масъалаи зикршуда ҳозир шуда будам, маро дашном дод ва гуфт, ки «куҷое хоҳӣ рав, арз кун, ба ту замин намедиҳам». Ман як худам колхозро нахўрдаам, ки тарсам гуфта дар назди кормандони ташкилот арз намуд, ки як порча замин ҳам намедиҳад. Дар он ҷо фарзандам Зафар Қудратов ва Тўйчибой Раҳимов низ буданд ва инро тасдиқ карда метавонанд.
Магар Ф.Муҳиддинов соҳиби замин аст, магар замин моликияти истисноии давлат нест, ки ин қадар ў забонаш дароз аст? Магар ў ҳокими мутлақи заминҳои шаҳру ноҳияи Панҷакент аст? На касеро писанд мекунад, на ба гапи касе гўш меандозад, боз корди ў болои равған асту мо - бечорагон аз дасти чунин шахсон сарсону саргардон ҳастем.
Дар асоси аризаҳоям ва фарзандонам маҷлиси аъзои собиқ Ширкати кишоварзии ба номи Ҳ.Хўҷамуродов даъват карда, тибқи протоколи маҷлис аз 5.04.2010 қарор қабул карданд. Дар он аз ҷумла омадааст:
1. Комиссия оид ба тақсими замин аз ҳисоби заминҳои хоҷагӣ ва заминҳои захиравӣ ба аъзое, ки бе саҳми замин мондаанд, дар ҳайати раис Н.Норов, С.Шарифов, И.Шафиев, А.Бобоев, Н.Шарофов ташкил карда шавад.
2. Раиси комиссия ва аъзои он вазифадор карда шаванд, ки боқимонда аъзое, ки бе замин мондаанд, ба хоҷагиҳо тақсим карда, бо замин таъмин намояд.
3. Раисони хоҷагиҳои деҳқонии навташкил вазифадор карда шаванд, ки мувофиқи рўйхати пешниҳодшуда аъзое, ки аз рўйхати саҳмдорони хоҷагӣ мондаанд, аз рўи расамат аз ҳисоби заминҳои хоҷагӣ ва захиравӣ замин ҷудо карда шавад.
4. Назорати қарори мазкур ва иҷрои он ба комиссияи таҷдиди сохтордигаркунии раёсати кишоварзӣ вобаста карда шуда, зери назорати доимӣ қарор дода шавад. Вале ин қарор низ танҳо барои фиреби чашм буда, онро касе иҷро намекунад ва он дар рўи коғаз мондааст.
Бинед, ин бемасъулиятии раиси комиссия ва аъзои онро, ки мо қарор дар даст сарсонем, пас чӣ лозим чунин қарорро қабул кардан? Чандин маротиба ба назди раиси комиссия Иброҳим Норов даромада, иҷрои ин қарорро талаб ва хоҳиш намудем, ки ба мо саҳми заминамон ҷудо карда шавад, вале ў низ худаш шоҳу табъаш вазир ва моро гўш кардан нахост.
Ҳатто, писханд зада гуфт, ки ду маротиба ба Президент навишта чӣ шудӣ, ки маротибаи дигар нависӣ, бароятон замин нест, замин намегиред.
Худаш сардори хоҷагии деҳқонӣ, ки андозаи қитъаи замини хоҷагиаш аз ҳамаи дигар хоҷагиҳо зиёдтар, танҳо хешу таборашро ҷамъ карда, давру даврон меронад.
Додараш Шавкат Норов буда, ў низ сардори хоҷагии деҳқонӣ аст. Ман ва фарзандонам дар бригадае, ки сардораш Шавкат Норов буд, меҳнату заҳмати алим доштем, ў низ ба ин чашм мепўшад. Агар раиси комиссия ва тақдири мо ба ў ҳавола шуда бошад, ў чунин рафтор кунад, пас мо ба кӣ умед бандем, ба кӣ бовар намоем ва аз кӣ мадад ҷўем? Моро ба мисли тўби футбол аз ин сў ба он сў партофта, бозӣ доронда истодаанд.
Танҳо ба шавҳарам Зубайдулло Қудратов аз Хоҷагии деҳқонии «Сироҷдеҳқон» 0,14 га саҳми замин додаанд, ки он замин ҳам дар пастхамӣ ҷойгир буда, тамоми оби заминҳои Хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод» ба он ҷо ҷорӣ шуда, ҳамеша обкўл аст ва дар он имконияти кор карда, ҳосили хуб гирифтан нест.
Пас, канӣ ҳақиқат, канӣ адолат?
-Ман, Норбибӣ Fиёсова, модари 100-сола ҳастам, тамоми умрамро ба кори колхоз бахшидаам, писари яккаву ягонаам Мавлон Ўрунов умри худро ба соҳаи кишоварзӣ бахшида, ҳамроҳам дар Ширкати ба номи Ҳ.Хўҷамуродов деҳқонӣ кардааст. Вай аз соли 2001 то соли 2004 барои гирифтани саҳми замин хеле кўшиш кард, вале ҳамаи кўшишаш бенатиҷа монд ва дар натиҷаи хунукназарии шахсони масъул ва роҳбарони ширкат ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мо аз саҳми замин маҳрум мондем. Писарам бошад, соли 2004 дар айни камолоташ вафот кард ва 4 нафар фарзанди ятиммондааш имрўз бо айби он ашхос бе саҳми заминанд.
Магар ин барои мани 100-солаи фарзанди яккаву ягона гумкарда аламовар нест?!
Дар мақомотҳо танҳо ба мо имрўзу пагоҳ ин масъаларо ҳал мекунем, гўён ҷавоби хушку холӣ дода, гусел мекунанд. Мо ба ин мақомотҳо бовар карда, то ин вақт интизор шудем, вале дар охир фаҳмидем, ки ин ҳама вақтгузаронӣ ва сарсон кардани мо будааст.
Тақсимоти ҳиссаи амвол ва замини Хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод» хеле аламовар аст, «собиқаи кори 1-сола ва 2-сола» гўён заминро ба хешу таборон ва рафиқони худ додаанд.
Вале дар Ҳукумати шаҳри Панҷакент ба аризаҳои аз мақомоти болоӣ воридгардида беэътиноӣ зоҳир намуда, шикоятҳои мо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор намегирад ва он бенатиҷа мемонад. Наход нисбат ба аризаю шикоятҳои мардум чунин бемасъулиятӣ, чунин бепарвоиро раво бинанд? Магар паси ҳар як аризаю шикоят тақдири инсон, ҳуқуқу манфиатҳои ў ниҳон нест. Агар мардум маҷбур нашавад, ҳеч гоҳ шикоят намекунад, охир?
Мо низ аз рўи ночорӣ аз беадолатиҳо ба танг омада, маҷбур шуда, қалам ба даст гирифтем. Агар арзу шикояти моро дар худи шаҳру ноҳия напурсанд, ҳал накунанд, пас ба куҷо бояд муроҷиат кунем?
Ба ҷои шикоятамонро ҳал намудан моро аз ин бештар таҳқир менамоянд, таъна ва шаъну шарафамонро паст мезананд. Наход тақдири инсон, ҳурмату эҳтироми инсон то ба ҳамин дараҷа омада расида бошад.
Барои нафс, барои фоидаи худ шуда ин қадар мансабдорон ҷон мекоҳонанд. Мо аз онҳо ба ғайр аз як порча замин тибқи қонун ба саҳмдорон мерасида дигар чизеро талаб надорем-ку? Мо, 29 нафар саҳмдор ҳоло аз замин маҳрум ҳастем, аз ҷумла 6 нафар нафақахўрон, 4 нафар қаҳрамонони меҳнат ва соҳибони ордену медалҳо, 1 нафар қаҳрамонмодар имрўз бо айби баъзе ашхоси мансабдор сарсон ҳастем.
Аз худамонро, ки мешиносем, дар сари замин ба воя расидаем, падару модаронамон, аҳли оилаамон, фарзандонамон ҳама дар колхози ба номи К.Маркс (алҳол Ширкати кишоварзии ба номи Ҳ.Хўҷамуродов) то соли 2002 кор мекардем. Ширкати кишоварзии ба номи Ҳ.Хўҷамуродов дар асоси қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 20 марти соли 2001 таҳти таҷдиди сохтор қарор дода шуда, шумораи саҳмдоронаш 935 нафар буда, дар заминаи он 40 хоҷагии деҳқонӣ аз нав таъсис ёфтааст.
Вале бо сабабҳои номаълум мо ба рўйхати саҳмдорони хоҷагиҳои навтаъсис ворид нашудаем. Мо аз соли 2002 инҷониб ба раисони хоҷагӣ муроҷиат намудем, вале сад афсўс, ба доди мо касе намерасад. Наход ин меҳнату заҳматҳои мо имрўз қадру қиммати худро гум кардаанд?
Муроҷиату шикоятҳои бенатиҷа мондаамон умеду бовариамонро ба мақомотҳои шаҳру ноҳияи Панҷакент гум кардааст. Дар охир мо аз рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» мадад мепурсем, мадад меҷўем. Шояд чопи мақолаи мо дар саҳифаҳои рўзнома мўйро аз хамир ҷудо намояд.
Аризадиҳандагон: