Даст ба гиребони орзу мерасида бошад?
- Details
- Published on Tuesday, 01 July 2014 10:37
Баъди тасвиби қарори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз 9.12.2013, № 287 дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз 30 июни соли 2006, № 1775 ва тарӣиби он тавассути расонаҳои хабарӣ, варақаҳо ба дили саҳмдорони Хоҷагии ҷамоавии ба номи Энаҷон Бойматова оташаки умеде шарора зад, вале он, мутаассифона, зуд хомўш гардид. Зеро тибқи баъзе маълумотҳо, мутахассисон, мутасаддиёни хоҷагӣ аз тақсим нашудани заминҳои хоҷагӣ ҳадс мезаданд.
Гўё Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова хоҷагии тухмипарвар будаасту заминҳои ин хоҷагии замоне овозадор барои кишти таҷрибавии тухми пахта хизмат мерасонида бошад! Кош, дар асл чунин мебуд! Оё бо кору фаъолияти як олим хоҷагӣ ба нишондиҳандаҳои баланди тухмипарварӣ ноил мегардад? Чаро хоҷагиҳои вилоятро бо тухмии хушсифати пунбадона таъмин намекунад? Ё аз ҳисоби фоида кўчаеро обод карданд, мактабе сохтанд ё китобхонае бунёд намуданд?
То ҷое медонем, роҳбарони вақти хоҷагӣ ва дигар зимомбадастон хостанд, ки заводи нави пахта махсус барои коркарди пахтаҳои нави тухмӣ бунёд намоянд. Барои он лозим, ки аз вазорати кишоварзӣ иҷозат бигиранд. Завод сохта шуд, ҳоло дар як шаҳри мо чор заводи пахта фаъолият дорад. Аз он заводи бунёдёфта ҷамъияти саҳҳомӣ чӣ манфиат дид? Саҳмдорон низ аз ин амал чӣ фоидае диданд?
Биёед, андеша кунем, ҳанўз аз нимаи дуюми солҳои 90-уми асри ХХ хоҷагиҳо таҷдид шуданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ба вуҷуд омаданд.
Чаро сарварони вақти хоҷагӣ баҳри таҷдид қадаме пеш нагузоштанд? Шояд онҳо ба ибораи фалсафӣ «консерватор» буданд?
Ба таҷдид ва фаъолияти хоҷагиҳои инфиродӣ боварӣ надоштанд? Онҳо хуб дарк карда буданд. Оянда чӣ мешавад, медонистанд. Оҷилан ба номи ҳамсару фарзандон ва пайвандони худ хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ташкил намуданд ва муфтакак аз техникаву қувваи кори ҷамъиятӣ истифода ҳам бурданд.
Бояд зикр намоям, ки он солҳо техникаи хоҷагии қишлоқи ҷамъияти саҳҳомӣ муқтадир буд, агар он айём замин соҳибашро меёфт, имрўз деҳқон ба муҳоҷират намерафт…
Солҳои ҳокимияти шўравӣ бештар заминҳои бекорхобида ё ба ибораи дигар «заминҳои захиравии давлатӣ» аз худ нашуд? Баъдан он «заминҳои захиравӣ» манбаи ашёи сохтмон – шаӣал буд, ки он аҳамияти бузурги стратегии сохтмонӣ дошта, боигарии зеризаминии халқамон аст. Аз ин лиҳоз, он мавзеъҳо обёрӣ ва корам нашуда монданд. Сониян, масъалаи он хеле ҷиддӣ буду ҳаст. Аввалин шуда дастандаркорҳо ба азхудкунӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ даст заданд. Онҳо хоҳу нохоҳ аз оби ҷамъияти саҳҳомӣ истифода мебаранд.
Агар аз само тавассути чархбол ба поён, ба замини ҷамъияти саҳҳомӣ нигаред, мебинед, ки заминҳои як вақтҳо ободу корами ҷамъияти саҳҳомӣ дар кадом ҳолатанд?
Бархе аз заминҳо корношоям шудаанд, зеро сатҳи обҳои зеризаминӣ баланд шуда, аз беобӣ боӣҳо хушкидаанд…
Магар вақти он нарасидааст, ки «МТС»-ҳо барпо намоем? Чаро дар деҳаи Равот бо кўмаки Ташкилотиғайридавлатӣ таъминоти об ба низом даромаду дар дигар хоҷагиҳо ин иқдом дастгирӣ намеёбад?
Ба андешаи банда, гурўҳи мардуме, ки имрўз садди роҳи тақсим кардани заминҳои ҷамъияти саҳҳомӣ ба саҳмдорон мешаванд, аз ҳисоби боӣоти ҷамъияти саҳҳомӣ соҳиби боӣи хубе буда, ба номи ин ё он наздиконашон хоҷагиҳои инфиродӣ доранд. Онҳо дар ҳаросанд, ки қисме аз боғашон аз даст меравад.
Моҳҳои декабр ва январи соли 2014 чанд биною иншооти Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова ба музояда мондаву ба маблағи ҳангуфт фурўхтанд. Он маблағе, ки аз фурўш ба хазинаи хоҷагӣ ворид шуд, ба саҳмдорон дирамаке мерасида бошад? Ҷавоб маълум: «не»? Пас ба саҳмдорон тақсим нашавад, он куҷо рафт?
Ҷавоб тайёр: «ба қарз»! Агар хоҷагӣ қарздор бошад, пас чунин хоҷагии зараровар чаро фаъолият мекунад? Бечора деҳқон тамоми сол кор мекунад, ба умеди чанд бех зардолуи боғи ҷамъияти саҳҳомӣ вай маош намегирад.
Танҳо вақти мавсими пахтачинӣ ба пахтаи чидааш пули нақд мегирад, ҳамон ҳам барои моҳҳои сентябр ва октябр, боқимондаашро пас аз ариза навиштан. Роҳбарон гўё аз ҳисоби маблағи бобокалонашон медода бошанд, пас аз чанд рўз хазинаи хоҷагиро охурча кардан соҳиби маблағи ночизе мешаванд.
Сиёсати пешгирифтаи нимаи дуюми солҳои 90-ум имрўз самар овард. Қисми зиёди мардуми қобили корӣ худро ба муҳоҷират заданд. Дар ғарибӣ бо хорию залилӣ маблағе ҷамъ оварда, ба хона мефиристанд. Ин ҳолат ба фарҳангу маънавиёт, хусусан таълиму тарбияи фарзанд, оқибат ба генофонди миллат, мустаҳкамии оила, махсусан ахлоқи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
Зеро алҳол 70 фисади саҳмдорон кор намекунанд. Ба мардикорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, майдатоҷирӣ машғуланд. Ҳоло ҳам, дар сурати ба саҳмдор тақсим кардани замин мушкилиҳо пеш меоянд. Аллакай заминҳои ба ҷои зист, ба оби полезӣ наздик соҳиб доранд, онҳо гўё ба «иҷора» гирифтаанду вақти тақсимот сару садо баланд хоҳанд кард.
Ҳамзамон деҳқон баъди ду-се соли азоб кашидан роҳи ободонии заминашро, албатта, меёбад. Ба ин итминон дорам. Вале ҳамоно масъалаи об боқӣ хоҳад монд, ки аксарият ба боғдорӣ рў хоҳанд овард. Чунки барои боғдорӣ оби бисёр лозим нест. Хоҳу нохоҳ ҳамин тамоюлот - боғдорӣ ривоҷ ёфта истодааст. Аммо чаро мо ба коркарди он мисли бародарони ҳамсояшаҳри Исфара технологияи нав ворид намекунем? Онҳо танҳо соли 2013 зиёда аз даҳ заводи коркарди меваи хушк ва тар бунёд кардаанд-ку?
Соҳибкорони мо ё танҳо барои сохтани мағозаҳо муқтадиранду халос?
Ба андешаи ман, вазъияти ҷамъияти саҳҳомӣ модагови як вақтҳо серширу фарбеҳ ва айни замон фартуту лоғар ва мариз гаштаро мемонад, ки аз шир монда дар рамақ ҷон дораду «рўиширхўрҳои мазахўракшуда» ҳоло ҳам кўшиш ба он мекунанд, ки шири ночизи гови қисирро дўшанд». Гарчанде дер ҳам бошад, шояд роҳбарону масъулони он хоҷагии номдор ба инсоф биёянд.
Мутмаинам, ки саҳмдорон соҳиби замин мешаванд ва ба мутахассисони лоиҳаи «Кадастри замин» аризаи худро пешниҳод менамоем. Дунё ба умед, интизор шавем-чӣ!
Д.КАРИМЗОДА,
сокини Ҷамоати деҳоти Пўлодони шаҳри Конибодом