Таҷдид кашол меёбад. Чаро?

 

 

 

Маълум, ки тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ алҳол хоҷагиҳои калонҳаҷми қаламрави вилоят таҷдид ва ба хоҷагиҳои инфиродӣ, оилавӣ табдил дода шуда истодаанд. Рафти ин маърака феълан дар ноҳияи Fончӣ дар кадом вазъ аст? Барои ба ин масъала рўшанӣ андохтан мухбирамон ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони муассисаи «Замини Fончӣ» ва идораи кишоварзии ноҳия муроҷиат кард.

-Мўҳтарам Рустам Ҷўраев, Шумо ҳамчун муовини аввали раиси ноҳия масъул ва мутасаддӣ дар ҷараёни гузаронидани таҷдид ва азнавсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошед. Дар ноҳия бояд чӣ миқдор хоҷагиҳо таҷдид шаванд ва ин амал имрўз дар кадом сатҳ аст? Кадом муаммоҳо дар рафти гузарондани ин маъракаи муҳим ба миён омадаанд?

- Тибқи қарори раиси ноҳия, аз теъдоди хоҷагиҳое, ки зиёда аз даҳ гектар замин доранд, 160 хоҷагӣ бояд таҳти таҷдид қарор гирад. То имрўз 111 хоҷагӣ таҷдиду азнавсозӣ шуданд ва 69,4 фоизи нақша мебошад. Шумораи аризаҳое, ки то имрўз аз саҳмдорон ворид шудаанд,1773 адад буда, аз ин ба 323 ададаш қарор омода шудааст. Аз ин миқдор 242 нафар сертификати истифодабарии заминро соҳиб шуданд.

Теъдоди умумии саҳмдороне, ки бояд заминашон таҷдид шаванд, 12.851 нафар аст. Зиёда аз 700 хоҷагии қаламрави ноҳия, ки аллакай инфиродӣ шудаанд, таҷдид намешаванд. Бояд зикр кунам, ки баъди таҷдиди хоҷагиҳо ва соҳиби замин шудани деҳқонони асил 712 нафар аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд, аъзои хоҷагиҳои нав гаштанд ва бо кишти зироатҳо дар замин машғуланд.

-Чӣ тавре қайд намудед, бояд 1773 нафар саҳмдор соҳиби замин гардад. Вале чаро то кунун ин амал суст ҷараён дорад?

-Сабаби асосии ин кашолкорӣ ба ноҳия аз кадастри замин сари вақт мутахассисон наомаданд. Онҳо асосан дар навоҳии пахтакори вилоят фаъолият бурданд. Имрўз онҳо ба ноҳия омада ва кор дар ин самт рафта истодааст. -Ба андешаи Шумо, маъракаи таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳия кай анҷом мепазирад?

-Мувофиқи мўҳлати муқарраргардида, таҷдиду азнавсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳия то моҳи апрели соли 2015-ум бояд ба итмом расонда шавад. Мо ният дорем, ин корро то моҳи октябри соли равон бомуваффақият анҷом диҳем.

-Мўҳтарам Абдумалик Ҳодиев, ба зиммаи мутахассисони идораи кишоварзии ноҳия дар раванди таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ кадом вазифаҳо вогузор аст?

-Пас аз ба тасвиб расидани қарори Раиси вилоят ва дар ин замина ба имзо расидани қарори раиси ноҳия ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфтааст, ки ба ҳайати он мутахассисони идораи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигарон шомиланд. Аз ҷониби ситод дар хоҷагиҳои калонҳаҷми мавриди таҷдид қарор додашуда ҷамъомад гузаронда, мақсаду ҳадафҳои таҷдиду азнавсозӣ фаҳмонда шуданд.

Дар он хоҷагиҳое, ки таҷдид амалӣ гардид, муҳосибот даъват ва дастур дода шуд. Дар рафти таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ асосан масоили тақсимоти амволи хоҷагӣ ба зиммаи мутахассисони идораи кишоварзии ноҳия вогузор шудааст. То имрўз дар се хоҷагӣ аз ин ҳисоб бобати тақсимоти амвол баҳсҳо ба миён омаданд. Дар деҳаҳои Истиқлол ва Анбарин муаммоҳои бамиёномада баррасӣ ва ҳал гардид. Ин масъала дар деҳаи Қалъаи Дўст ба қарибӣ ҳалли худро меёбад.

Муаммо ва баҳсҳо асосан дар бобати тақсимоти техникаи кишоварзӣ, чорво, дигар инвентари арзишноки хоҷагиҳо ба миён меоянд.

Тавре дар замимаи Фармони Президенти мамлакат аз 3-юми июни соли 2006-ум, таҳти рақами 1775 омадааст, мувофиқи қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ дар хоҷагиҳое, ки таҳти таҷдид қарор дода мешаванд, комиссияи дохилихоҷагӣ таъсис дода мешавад, ки онро маҷлиси умумии саҳмдорон иборат аз 5-7-9-13 нафар интихоб менамояд. Тибқи ин қоида, тақсимоти амвол ва мурофиаи таҷдид ба зиммаи ин комиссия вогузошта мешавад. Вақте ки мувозинаи хоҷагиҳо тақсим ва санади амвол тартиб дода мешавад, сипас ислоҳот баохиррасида ҳисобида мешавад. Агар тақсимоти мувозинавӣ тартиб дода нашуда бошад, пас дар он хоҷагӣ ҳоло таҷдид идома дорад.

-Феълан, ба андешаи Шумо, рафти таҷдид дар ноҳия дар кадом вазъ аст?

- Рафти таҷдид, азнавташкилдиҳии хоҷагиҳо дар ноҳия мўътадил аст. Асосаш ҳамин, ки мардум ба ин дигаргунӣ ҳавасманд аст. Чунки дар шароити ноҳияи Fончӣ аъолияти оилавӣ, инфиродӣ самараовар мебошад. Сокинон оилавӣ боғ бунёд мекунанд, чорво мепарваранд, ба кишти зироатҳояшон аҳлона нигоҳубин менамоянд.

Дар ин маврид бояд махсус зикр намоям, ки баъзе хоҷагиҳое, ки солҳои қаблӣ хоҷагиҳои оилавӣ ва инфиродӣ ташкил дода буданд, аллакай боғоти нави дарахтони мева бунёд карда, соҳиби фермаҳои чорводорӣ шуда, аз самараи корашон баҳра бурда истодаанд. Дар ин бобат фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Бобур», «Шодибой», «Шорақиб», кооперативҳои истеҳсолии «Абдулло Рухсат», «Алла Худойназар», «Шоҳнур» мисол шуда метавонанд.

Сарвар Кенҷаев, директори КДФ «Замини Fончӣ» изҳор дошт, ки аз ҳисоби умумии хоҷагиҳои таҷдидшаванда то ин вақт ҳамагӣ 30 фисад мавриди азнавсозӣ қарор гирифтаанд. Дар ҷараёни татбиқи қарор оид ба таҷдид ва азнавташкилдиҳӣ кормандони муассисаи мазкур харитаи замин, парвандаҳои хоҷагиҳои калонҳаҷмро, ки ба таҷдид ниёз доранд, ба кадастр пешниҳод кардаанд. Вале ба ноҳия то ҳол намояндагони кадастр наомадаанд. Ана барои ҳамин раванди таҷдид кашол меёбад…

Сўҳбатнигор Рафоат МЎЪМИНОВА

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh