Ку адолат, ҳакамон?

 

 

 

Санаи 2-юми июни соли 2014 дар толори Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» баргузор гардид. Дар он ҷавонон бо муҳаббату шўри ҷавонона ҳунар намуда, ҳозиринро бар он эътимод доданд, ки ояндаи фарҳанги миллӣ дурахшон аст. Чунки имрўз насли сонӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангии ниёгон рўй оварда, кўшидаанд, ки онро бо тамоми шаҳомат ба ҳозирин манзур намоянд.

Бале, дар саҳна дунёи ҷавонӣ, дар бўстони андалебово ҷавлон дошт. Аммо қазовати ҳайати ҳакамон ба шўри ҳамагон оби сард рехт. Ҳангоми суханронии ҳакамони нотавонбин дар толор рўҳи ҳазрати Лоиқ падид омада, фиғон кашид:

Шумо, эй худбаҳоёни муғамбир,
Шумо, савдогарони шеъру оҳанг,
Шумо, эй нотавонбинони каҷдил,
Шумо, ҳаннотҳои илму фарҳанг.

Зеро ки аз номи ҳакамон яке аз аъзои ҳакамон дар рўи саҳна ҳазён мегуфт. - Чаро ҳазён мегуфт? – гўён мепурсед. Чунки дидаву дониста ҳунарнамоии иштирокчиёнро бо суханҳои ҳавоӣ танқид менамуд. Ва ҳар лаҳза бо низомнома дурўғгўии худро пардапўш мекард. Шояд пурсед, ки чӣ сон дурўғгўии ў аён шуд. Аз он аён гардид, ки пеш аз қазовати ҳунарнамоии иштирокчиён садҳо маротиба ба сифоти Хуҷанд кўшида, ба Раиси шаҳр миннатдорӣ изҳор мекард. Ҳар лаҳза барои ҳарзаи худ тамошобинонро ба кафолат даъват мекард. Боз изҳор намуд, ки танқид кардани иштирокчиёни фестивал - озмуни «Андалеб-2014» шаҳри Хуҷандро ба зиммаи ў вогузор кардаанд.

Бинобар ин барои пешрафти кор бояд вазифаи худро иҷро намояд (аммо кадом пешрафти кор номаълум). Сароғоз ў ба мазмуну мундариҷаи барнома рўй оварда, қайд кард, ки дар низомнома чунин шакли барнома пешбинӣ карда нашудааст. Мебахшед, низомнома ин «догма» ё амри қатъӣ нест, балки он дастурест, ки дар доираи он ҳаваскорон бояд фаъолият баранд. Бояд, ки навоварие пеш оранд. Ҳаваскорони шаҳри Хуҷанд тавонистанд, ки дар доираи низомнома намоиши дилчасперо таҳия созанд, ки он дар тўли вақти додашуда аҳли толорро маҳви тамошо намуд. Дар ин барнома ҳам ишқ буду ҳам дўстӣ, ҳам мазаммати норасоӣ буду ҳам шукўҳи санъати асили тоҷикона. Чун ҳакамон нотавонбин буданд ва падидаҳои навро таҳаммул карда наметавонистанд, кўшиш карданд, ки инқилоби тозаи саҳнавиро ба камбудии барнома мубаддал намоянд.

Узви ҳакамон Нийят Ҳаёт дар бобати шарти аввали озмун қайд кард, ки он аз либоси шеърӣ ва табрикотӣ хеле хароб аст. Ва байти зайлро чун намуна зикр кард:

Бар мо ҳаёт ё ки мамот,
Дар дасти ту, Нийят Ҳаёт.

Баҳона пеш овард, ки чунин муроҷиат нисбат ба ў носазост, зеро ки ў қудрати бахшидани ҳаёт ё мамотро надорад. Мо аз эшон ҳазорон бор узрхоҳон бо ақли кўчаки худ шарҳ доданӣ ҳастем, ки ин фақат лутфи шоирона буду бас. Лекин хўрдагирии он касро низ эҳсос мекунем. Чунки вай фаҳмид, ки аллакай ғарази бадбинияш ошкор гардидааст. Шарти табрикотиро «абра астар» карда, муаллифро ба беҳунарӣ машҳур намуда, дар анҷом ба табрикот даҳ хол додан барои чӣ буд? Ин ба ҳайати эҷодӣ як муаммост!

Баъдан шарҳи навозиши умумӣ сурат гирифт. Ҳакамон ва раиси ҳакамон бо як овоз қайд карданд, ки онҳо садои навозиши асбобҳои мусиқии тарафи чапро шуниданд, аммо тарафи рост чӣ менавохт, ношунида монданд. Агар асбоби тақвияти овоз ба баррасии барнома мувофиқат накунад, чаро сари вақт дар бораи ин норасоӣ ба масъулин хабар надоданд. Бо як ибора, ин ҳам як намунаи «ҷустани чирк аз зери нохун буд».

Мегузарем ба рақси якка. Нийят Ҳаёт бо сўзу гудоз ҳазён мекард, ки барои чӣ раққоса ҳангоми рақс домани куртаашро парафшон кард. Оё дар байни ҳакамон устоди рақс набуд, ки чунин ҳолатро ба тариқи эстетикӣ шарҳ дода тавонад. Буд! Шояд, ки бо ғаразе онро шарҳ додан нахост. Раққосаи ҷавоне, ки шояд дар оянда фарҳанги миллиро дар олам шўҳратёр мегардонд, дар оғози фаъолияти худ аз нохушгўии ҳакамони бефарҳанг дилшикаста шуд.

Оид ба суруди якка Нийят Ҳаёт бо эътимоди том изҳор кард, ки матни суруд хароб аст. Қайд гардид, ки матни сурудҳо бояд аз эҷодиёти бузургони замон Аҳмадҷони Раҳматзод ё Нурмуҳаммад Ниёзӣ интихоб карда шавад. Ин ду нафар шоирон ба муаррифӣ ниёз надоранд ва ашъори онҳо кайҳо вирди забони мардуми вилояту ҷумҳурӣ гардидааст. Муаллифи матни суруди «хароб» кайҳо дар байни санъатварони қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Самарқанд бо эҷодиёти назмиву драмавии худ шинос аст ва ба чунин ҳарфҳои пурғаразона дилшикаста намешавад. Зеро баҳои онро аллакай халқ додааст.

Оид ба суруд изҳор мекунем, ки гўянда аз вазъи санъати шаҳри Хуҷанд тамоман хабар надорад. Зеро, ки ин суруд дар бисёр маъракаҳои умумимиллӣ садо дода, дар рўзнома ва китоб чоп шудааст. Аммо барои матни суруд ҷазо додани ҳофизи ҷавон баҳри чӣ буд? Мо намефаҳмем! Баргузории фестивал-озмуни «Андалеб-2014» барои худнамоии баъзеҳо аст ё барои кашфи истеъдодҳои ҷавон? Агар барои худнамоии нотавонбинон бошад, шарт нест, ки чунин маҳфил ороста шавад. Ва агар барои кашфи истеъдодҳои ҷавон бошад, ҳакамон чӣ ваколате доранд, ки онро қазоват созанд.

Оид ба сарулибос қайд карданием, ки аъзои ҳакамон аз шаҳри Хуҷанд ҷомаю тоқию рўймолро интизор буданд. Гумон надоштанд, ки дар саҳна чунин зебоӣ зуҳур мекунад. Аз ин рў, бо хашми хоси омиёна ба паст кардани баҳо гузаштанд. Муғаннии навозиши яккаро ба он муттаҳам карданд, ки ба мо байни саҳна набаромада, дар иҳотаи мутрибон наворо иҷро кард. Пеш аз байтбарак узви ҳакамон Нийят Ҳаёт ба иштирокчиён рўй оварда, таъкид кард, ки чун мисрае аз эҷодиёти шоирони гузашта ё муосир садо диҳад, ҳамон лаҳза байтбарак боздошта шуда, аз сари нав идома меёбад. Байтбарак бо шўру қиёми ҷавонона ва ошиқона ҷараён гирифта, хатм ёфт.

Аз ҷониби ҳакамон эроде шунида нашуд, аммо зимни гуфтори ҷамъбастӣ Нийят Ҳаёт қайд кард, ки ҳангоми байтбарак байти шоир Олимхон Исматӣ садо додааст. Пурсида мешавад, ки чаро ҳангоми садо додани байти мазкур байтбарак аз ҷониби аъзои ҳакамот боздошта нашуд? Аммо дар ҷамъбаст ин баҳона барои паст кардани баҳои иштирокчиён сабаб гардид. Ҳангоми иҷрои суруди ҳаҷвӣ ва бадеҳахонӣ аз ҷониби иштирокчиён тамоми унсурҳои зарурӣ ифода карда шуд. Аммо ҳакамон бо сабаби он ки чунин суруд дар шаҳру ноҳияе садо дода бошад, ба паст кардани хол саҳм гузоштанд. Бадеҳа, ки «Рози ошиқ» ном дошт, чӣ аз ҷиҳати матн, чӣ аз ҷиҳати оҳанг ва чӣ аз ҷиҳати иҷроиш пурра ҷавобгўйи низомнома буд. Аммо бо баҳонаи матни «хароб» ҳакамон кўшиданд, ки ба паст кардани холи навбатӣ ҳиссагузор бошанд. Ҳол он ки бадеҳаи мазкур аз ҷониби шодравон Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Иброҳимова аз байни халқ навишта шуда, ният доштанд, ки онро дар ансамбли «Бибиҳо» истифода баранд.

Аммо ҳакамон, ки аз фарҳанги волои шаҳри Хуҷанд огаҳӣ надоранд, ба «харобӣ»-и матн фатво доданд. Ва шояд беҳуда рўҳи шоири шаҳир Лоиқ дар толори театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо сўзу гудоз намехонд:

Шумо, вомондагони роҳи эҷод,
Ҳама гандумнамои ҷавфурўшед.
Чунон дар ҳарфбофӣ гашта устод,
Ки ҳарфи кўҳнаро чун нав фурўшед.

Ба суханронии Нийят Ҳаёт ва Олим Юсуфов сомеъ шуда, идрок намекардем, ки онҳо аз кадом сайёраи дигар ба шаҳри Хуҷанд омада бошанд. Нотавонбинии онҳо ба ҳадде буд, ки чизҳои чун оина равшанро нодида мепиндоштанд. Вақте ки ба ободии муассисаҳои фарҳангӣ ва таваҷҷўҳи раиси шаҳр нисбат ба санъату адабиёт баҳои пасттаринро гузоштанд, маълум гардид, ки онҳо қаблан барои паст задани фарҳанг ба шаҳри Хуҷанд омадаанд. Агар чунин намебуд, ҳам Олим Юсуфов ва ҳам узви ҳакамон Нийят Ҳаёт - корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Шаҳло Ҷалилова – роҳбари бадеии ансамбли «Зебо», Давлатманд Қутбиддинов – роҳбари ансамбли «Фалак», А.Абдураҳмонов – бастакор, А.Ҷабборов – рассом ва Ш.Самиев, ки ҳама дар соҳаи фарҳанги шаҳру вилоят фаъолият доранд, ба чунин носипосӣ роҳ намедоданд.

Ҳой нотавонбинон, ҳалқа ба гўш намоед, ки дар давоми 3 сол фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо сарварии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода роҳи 20-соларо тай кардааст. Дар тўли 20 сол на ягон муассисаи фарҳангӣ таъмир шуда буду на ба муассисаи таҷҳизоти замонавӣ дастрас. Аммо аз соли 2011 сар карда, дар шаҳри Хуҷанд инқилоби фарҳангӣ ба вуҷуд омад ва бо дастгирии Раиси шаҳр «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ» қабул ва иҷро шуда истодааст.

Дар давоми 3 сол Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар заминаи факултаи санъати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд шуд. Мактаби рассоми бачагона ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ таъмиру таҷдид гардида, барои омўзиши наврасон 5 синфи нав бо ҳунарҳои кулолгарӣ, кордсозӣ, йўрмадўзӣ, чўбкорӣ ва сангтарошӣ кушода шуд. Мактаби санъати бачагонаи №1 ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ таъмиру таҷдид гардида, барои таҳсил шароити мусоид фароҳам оварданд. Хонаи маданияти №1 ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ таъмир ёфт.

Ҳамчунин, бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳр ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ асбоби тақвияти овоз, 50 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти сабту танзим дастрас карда шуд. Ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ аз коргоҳи «Созтарош»-и шаҳри Душанбе 32 адад асбобҳои мусиқӣ дастрас ва ба муассисаҳои таълимӣ-фарҳангӣ тақсим карда шуданд.

Бояд гуфт, ки бо таваҷҷўҳи раиси шаҳр ва дастгирии бевоситаи эшон барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ-фарҳангӣ пурра ва сари вақт иҷро шуда, тамоми мактабҳо дорои синфҳои компютерӣ шуданд. Дар мактаби рассомии бачагона, мактабҳои санъати бачагонаи №1 ва №3 «Барномаи давлатии рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ» ҷараён дошта, баҳри рушди он аз ҷониби раиси шаҳр 2 адад мошини йўрмадўзӣ, 1 адад мошини кашидадўзии компутерӣ тақдим карда шудаанд.

Хона – осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов, ки тўли солҳои пеш ба харобӣ расида буд, ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ таҷдид гардида, бо 6 адад воҳиди корӣ таъмин шуд. Бинои ансамбли фолклорӣ – этнографии «Бибиҳо» ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ таъмир шуда истодааст. Шояд ҳакамони бадбин надонанд, ки моҳи январи соли 2012 ансамбли «Парниён» бо 36 адад воҳиди корӣ бо дастгирии Раиси шаҳр таъсис ёфт, ки имрўз дастпарварони он дар чорабиниҳои умумимиллӣ ва тақвимӣ бо барномаҳои рангин ҳамагонро ба ҳайрат меандозад. Барои дўхтани сарулибоси нав ба нав ҳамасола аз ҷониби раиси шаҳр маблағи зарурӣ ҷудо карда мешавад. Ва ҳар он касе, ки нобино нест, бояд бубинад, ки бо ташаббуси Раиси вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ симои Боғи фарҳангии ба номи К.Хуҷандӣ пурра тағйир дода шуда, дар оянда он зиёратгоҳи муштоқони ашъори шоир ва афроди барўманди ватаниву хориҷӣ хоҳад шуд.

Вале ҳакамони нотавонбин ҳамаи ин фаъолияти доманадорро нодида меангоранд ва шояд чун хаффош пиндоранд, ки бо чашм пўшидани онҳо офтоб дар рўи осмон нопайдо мегардад. Вале офтобро бо доман пўшида намешавад.

Сайрам ИСОЕВА, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ўлмаси ХОЛ, сармутахассиси бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд

Гулсун КАРИМОВА, роҳбари бадеии ансамбли рақсии бачагонаи «Парниён»,

Сафрон ЁДГОРОВА, сарвари Театри тамошобини наврас ба номи О.Назаров,

Азимҷон АҲРОРОВ, сарвари Хонаи маданияти №1-уми шаҳри Хуҷанд

Сайдулло УБАЙДУЛЛОЕВ, устоди факултаи санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh