Наход умедамон барбод равад?
- Details
- Published on Monday, 09 June 2014 10:44
Шароити хуби зист ва низоми муназзами сиёсие, ки имрўз дар Тоҷикистон ҳукмфармост, моро водор менамояд бо саъю кўшиши дучандон аз паи ободиву рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими Ватани азизамон бошем. Соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дигаргуниҳои куллиро дар ҳаёти имрўзаи мо, кўҳистониён ба амал овард. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, шароити кўҳистони дурдастро ба инобат гирифта, як ноҳияи алоҳида, Кўҳистони Мастчоҳ таъсис дода шуд. Аз ин иқдоми Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ин гўшаи баланди Ватани азизамон мамнун шуда, дафъатан изҳори миннатдорӣ намуда буданд.
Мардуми деҳаи Палдорак низ ба он умед доштанд, ки дурии роҳ паси сар мешаваду аз мушкилиҳои пешовардаи он раҳоӣ меёбанд. Афсўс, бо мурури вақт ин орзўи аҳли деҳа ба як хаёли хом табдил ёфт. Ҳукуматдорони вақтии ноҳия аз назари манфиатҳои маҳаллии худ амал карда маркази ноҳияро дар ҷое муқаррар намуданд, ки на об дораду на гиёҳ, як дашти қашшоқи шўрхоки ноҳамвору бефарёд. Ҳисси маҳалгароӣ ақлашонро то ҷое хира кард, ки ба чашми ҳукумат хок пошида, дар мавзеъи Сиюдубароза, дар ёлаю бармолаҳои хокаш селовардаи ноустувор бино пўшиданд ва он ба зудӣ валангор шуд, маблағҳо барбод рафтанд.
Имрўз соҳибмансабони кўрдил аз он бинои садамавӣ саргурез шуда, дар бинои мактаб-интернат сарпаноҳ ёфтаанд. Маркази ноҳия, яъне Меҳрон аз нахустин деҳаи Кўҳистони Мастчоҳ - Оббурдан 20 км дур асту халос. Аз шарқрўяи ноҳия бошад, аз охирин деҳа, аз Деҳҳисор то ин дашти бенаво 140 км тўли роҳ аст. Мардуми болооб ин масофаро бо машаққат ва харҷи зиёде тай карда паи корҳои бечорагии худ ба маркази ноҳия мефуроянд, се-чор рўз гуруснаю ташна, мўҳтоҷи сарпаноҳ дар даргоҳи ҳукумати ноҳия саргардон мешаванд. Ҳол он ки сокинони он қисми зиёди андозро пардохт мекунанд, вале аз имтиёзи дастрасӣ ба рафъи ниёзмандиҳои иҷтимоии худ маҳруманд. Масалан, мо палдоракиҳо 80 км роҳро паси сар карда меравему аксари вақт корамон буд намешавад, чунки мансабдорон на ҳама вақт дар ҷои корашон ҳозиранд. Меҳрон шароити будубоши дуруст надорад.
Чанд сол боз паи рафъи ин мушкилӣ хаттию шифоҳӣ ба ҳукумати ноҳия шикоят мебарем, аммо бо ҳар баҳона талаби сокинони Ҷамоати деҳоти Лангар рад карда мешавад. То кай мо вақти қимат ва умри азизамонро дар ин роҳи ноҳамвору ваҳмангез, ки баъзан сари 3-4 рўзро мехўранд, зоеъ мекарда бошем?
Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, ҳангоми ташрифашон ба ноҳия иброз доштанд, ки маркази ноҳия дар ҷои нодуруст афтодааст, ба талаботи сохтмонӣ мувофиқат намекунад, ба эҳтиёҷоти мардум ҷавобгў нест. Таъкид карданд, ки масъалаи бунёд намудани марказро дар ҷои мувофиқ ҳарчи зудтар бинанд ва аз пайи ободонии он шаванд. Мутаассифона, роҳбарони ноҳия, ба қавле «аз асп фуромаданду по аз узангу нагирифтанд». Яъне боз ба манфиати ҳадафҳои маҳалгароёнаашон қадам бардошта, буду шуд 300 метр болотар ҷой интихоб карданд, ки аз ҷои пешина фарқи қазоӣ надорад.
Моро як чиз сахт дар шигифт гузоштааст: чаро роҳбарони феълии ноҳия маркази ободу зебо, барои ҳама фарёдрасу гувороро намехоҳанд? О, аз онҳо, касе мансабашонро кашида гирифтанӣ нест-ку. Ҳадафи даъводорон ҷуз ҳимояти адолати иҷтимоӣ, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванди он кафолат додааст, мақсади «пуштипардагӣ»-е надорад. Мо фикри ободии ноҳияеро дар назар дорем, ки Сарвари давлат бо як ҷаҳон умеду орзуи нек мустақилияти маъмурӣ ато карда буд…
Қисса кўтоҳ соҳибдавлатони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ иродаи Раиси вилоятро бояду шояд ба инобат нагирифтанд. Дар ҷои бо дили нохоҳам интихобкардаи Сўҳробшоҳи Охунзода (ў бо вакилони Маҷлиси намояндагони халқи ноҳия маслиҳат карданро шояд ба худ ор дониста бошад?), рўи шахпораи бодхўрда, ҷазирачаи сангине дар Дашти Рогиф, ҷуз бинои ҳукумат манзили дигаре сохтан имкон надорад. «Мири Мастчоҳ» чаро ин қадар мардумгурез бошад? Хайр, гузаштем аз ин муддао, Меҳрон, ҳайфи номи зебо ва пурмаънӣ ба ин мавзеъи «бенаво», то кай чун устухон дар гулўи рушди Кўҳистони Мастчоҳ мемонда бошад?
Дурии роҳ ва валангории онҳо то ҳадде расонидаанд, ки ҳукуматдорон ба зиндагии мардум аҳамият намедодагӣ шудаанд. Масалан, дар деҳаи Палдорак мардум мўҳтоҷи бунгоҳи тиббианд. Бо баҳонаи набудани ҷой ин масъала ҳеҷ не, ки ҳалли худро ёбад. Мактаби деҳа соли 1996 бо ҳашари мардум сохта шуда, имрўз талаботи пайваста афзояндаи аҳолиро конеъ карда наметавонад.
Ҷаноби Олӣ ҳангоми сафарашон ба вилояти Суғд иброз доштанд, 20 ҳазор нафар замини наздиҳавлигӣ гирифт. Афсўс, ки аксари сокинои Палдорак бинобар дур будан аз марказ аз ин имтиёз маҳрум мондаанд. Оилаҳое мавҷуданд, ки 3-4 хонавода дар як манзил зиндагӣ мекунанд. Аз ин хунукназариҳо, бинобар дур будан аз маркази ноҳия мушкилоти зиндагӣ дар Палдорак рўз то рўз меафзоянд ва мардумро водор мекунанд, ки нисбат ба кирдорҳои ношоистаи роҳбарони ноҳия ба Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шикоят баранд… Вале то кай? Наход, ин дафъа ҳам умедамон барбод мерафта бошад?
П.САФАРОВ, Д.МУРОДОВ, Н.МИРЗОЕВ, Б.РЎЗИЕВ, М.МУРОДОВ, Р.ЁРОВ, Ш.СОҚИЕВ, С.МИРЗОЕВ, Ҷ.ҲУСЕЙНОВ, С.ШОГУЛОВ, М.ҚАЛАНДАРОВ, И.НУРУЛЛОЕВ…Ҷамъ 39 имзо, ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ