То чанд занем ба рўи «дарёҳо» хишт?..
- Details
- Published on Tuesday, 03 June 2014 10:08
Ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ зодаи даврони Истиқлолият аст. Ин воҳиди мустақили маъмурӣ соли 1996 бо ибтикори шахсии Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Муддао аз ин амал он замон аз тобеияти Мастчоҳи нав баровардани ин мавзеи баландкўҳи аз марказҳои фарҳангию тиҷоратии кишвар дур, барҳам додани «дастнигарии» сокинони он ба ихтиёрдоре, ки бинобар доманадории маҳал ва зиёдии аҳолиаш ҳатто ба ҳалли мушкилоти худаш расидагӣ карда наметавонист, озодона роҳандозӣ намудани эҳё ва ободонии ин маъвои куҳанбунёди аҷдодонамон буд.
Меҳрон, чӣ номи зебое. Офарин ба ёбандаи ин исм, ки онро барои ин диёри баланду бостонӣ ва офтобӣ фармуда. Рости гап, вақте шаҳраки Меҳрон мегўянд, ин ибора ба гўши шунавандае, ки ин маъворо ҳанўз надидааст, ниҳоят форам мерасад. Тасаввур мекунад, ки Меҳрон маъвоест обшор, сарсабз, боғоташ пур аз ҷавонаҳои боровар, гулгашту хиёбонҳояш аз гулу себаргаҳо муаттар ва кўчаҳояш серсояву роҳатфизо. Биҳишт… Вале… Мусофире бори аввал ба Кўҳистони Мастчоҳ меояд, шиносномаи дар бари роҳ, сари барози Порфез бо таманноҳои зиёде навишта шуда «Хуш омадед ба ш.Меҳрон»-ро хонда беихтиёр аз дил мегузаронад: «Шаҳри Меҳронаш чи қадар зебо бошад-е?».
Мутаассифона, баробари ба рўи Дашти Сиюдубароз баромадан «тарбуз аз бағалаш меафтад». Яъне, ба таъбири бобоӣ гўем «ношем (ноумед) мешавад». Рўи ин дашти шўрдили сўхтаандом ҷуз бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки деворҳояш нишаставу лахт-лахт шудаанд, хобгоҳи хизматчиёни давлатӣ, бинои суду прокуратура, мактаб-парваришгоҳ, «Амонатбонк»-е, ки моҳҳо рўи «пули серӣ»-ро намебинад. Қасри фарҳанг-сохтмони «гўшти шутурхўрда» (онро дувозаҳ сол боз месозанд), бинои комиссариати ҳарбӣ (ягона манзили назаргир), бинои чун харобаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бедару тирезаю нимкораи идораи андоз ва чанд бинояки дигар, боғаки бармоли бари бинои ҳукумат, ки аз ташнакомӣ (онро бо кафлес об медиҳанд, то ки мабодо заминаш начўчад) гўё сўхта «дуд мекунад», тасвири дилкаше нест охир.
Биёед, мо соате дар «ш. Меҳрон» гардиш кунем. Аз зинаи бари шоҳроҳ чанд пила боло, ҷониби бинои мақомоти иҷроия (собиқ, албатта, ҳоло он ҷо сагро бандӣ намеистад. Ба бинои боҳашамати дуқабата, ки чун қалъаҳои қадима сангдевор шудааст, нигаред, каси тунукситораро воҳима зер мекунад. Миёни бино аз байни ҳарду қабат ба дарун хам задааст. Гўё пири қоматхамидае асо дар даст (хўлаҳои тарновҳои бомгўшаи каҷшуда) ба поён, ба шоҳроҳ ва зинаҳои аз он оянда менигарад. Чанд сол пеш, аниқаш соли 2002 бо дабдабаю ҳамҳама ин қасрро ба истифода дода буданд. Дар «бурёкўбон»-аш Президенти мамлакат, ширкат доштанд. Он вақт кас фикр намекард, ки ин бино инқадар дарунпўк аст. Ин «пўкӣ» пас аз як сол худро нишон дод. Аввал қисмати пеши бино оҳиста-оҳиста ба замин ғўтидан гирифт. Вопас деворҳо ба кафидан сар карданд, андоваҳо рехтанд, симои воқеии бино рўнамо шуд.
Коргардону созандагони ин «қаср» чашмбандони қобилу қодире будаанд. Аввалан, арматура (симраг)-ро ягон-ягон, ҷо-ҷо барои фиреби назар истифода бурдаанд. Сониян ба деворҳои байни ҳуҷраҳо ба ҷои хишти пухта кунданаволаи аз хокреги шўри замини маҳал сохтаашонро задаанд. Арматуру хишти пухтае, ки дар лоиҳаи бино пешбинӣ карда буд, ба қавли ҳолдонҳо «ба хонаи Хайруллоҳ» (он замон муовини раиси ноҳия оид ба сохтмон) ва «хайру саховат»-и эҳёгари диёри бобоӣ (Сироҷиддин Ҳасанов) масраф шудаанд.
Ин ду «созанда», гўё масолеҳ моли меросии бобою бибиашон бошад, бурдаанду додаанд. Фикр накардаанд, ки фардои замона ҳасту фардои қиёмат низ. Имрўзҳо аксари онҳое, ки дар ин бино «шину хез» доранд, ба ҳоли зори он, ба тарақу варақҳои шамолдарою андоваи бурҷу бораи рехта бо алам нигариста, «Ҳаҳ, хунат сўзад Ҳасануф, илоҳӣ хайра набинӣ, Хайруллоҳ» мегўянду бас. Дастандаркорони соҳаи сохтмони ноҳия дар такя ба ҳуҷҷатҳои «меросмонда»-и он ду дастқалб, мегўянд, ки арзиши лоиҳавии ин бино зиёда аз 520 ҳазор сомонӣ будааст. Баъдан раиси нави ноҳия Нурулло Оқилов пайи пешгирӣ намудани чўкиши бино беш аз 100 ҳазор сомонии дигарро «бар бод дод». Ҷамъ 620 ҳазор. Ҳайфи пуле, ки дар ҳамин мав-зеи беоқибат ин роҳбарони нотавонбин, бо васвасаи ҳисси маҳалгароӣ ва манфиатҷўёнаи худ бар бод додаанд.
Ҳанўз соли 2003, ҳасрат мекунанд ошуфтаҳо аз ин «ҳусни расои» ш.Меҳрон, баъди рўнамо шудани «ғиромӣ»-ҳои сохтмончиён, ба кафидан сар кардани замин (ба ҳарҷое, ки об рафт) дар гирду атрофи бино, сармеъмори ноҳия Исоев, ки ҳангоми қабули бино ба санади он имзо нагузошта буд, бори дигар раиси ноҳия ва идораи сохтмонҳои асосии он (Бобобек Саидбеков)-ро ҳушдор дод: ин замин барои сохтмон ҳанўз мутобиқ нашудааст, аз ярчи селовард иборат буда, дар таркиб намак дорад, бинобар ин баробари расидани нам, намак шуста мешавад ва хок менишинад.
Ин кафиданҳоро боис ҳамин асту бас. Дигар манзил насозед, ки заҳмату маблағҳо беҳуда сарф мешаванд. Ҳайҳот, аввалҳо гўё аз ин кашфиёти сармеъмор ба ташвиш афтода, аз Душанбе мутахассис даъват карданд. Таркиби хок санҷида шуд. Вале, пас аз ду рўзи рафтани «хокшиносон» бохабарони мақомот миш-миш карданд, ки «ҳеҳ, зар бар сари санги хора гар ниҳӣ об шавад. Доноҳои даргоҳ пора дода гапи худро гузарониданд. Қишри замин бад нест, сохтмонро идома додан мумкин». Раис (Нурулло Оқилов) аз пайи сохтани «Нақшаи генералии сохтмони шаҳраки Меҳрон» афтод. Маблағҳо сарф шуданд, лоиҳа омода ва ҳимоя ҳам шуд, вале симою андоми Меҳрон тағйир наёфт. Амалиёти «густурдаи» Меҳронсозӣ яке «ях баст». Маблағҳои сарфшударо ҳам касе дигар ёдрасонӣ накард. Буданд ё набуданд? Раис медонаду Худо…
Аз сари зинаҳои гурмидаю бурмида, лабу лунҷашон чўкидаи бинои собиқи ҳукумат ба ин шаҳраки холӣ назар кардем. Буду шуд як хонаи истиқоматӣ. Ҳамон ҳам хонаи собиқ раиси суди ноҳия, ки пас аз ба нафақа баромадану «ш. Меҳрон»-ро бо хурсандӣ тарк карданаш Хоҷагии ҷангал ва шикор онро харидаву ба «офис»-и худ табдил додааст.
Дигар сокинони «ш.Меҳрон» куҷоянд? Асосгузори ноҳия дар китоби тарҷумаи ҳолиаш навиштааст, ки дар Меҳрон 240 хонавода зиндагӣ мекунанд. Ку он манзилҳо? Забони Сироҷиддин Ҳасанов ба гуфтани чунин дурўғ чӣ хел гашта бошад…
Ё тавба, ин мансабдор дар ҳамин дашти бефарёд чӣ хел аҳолӣ ёфтаву ба ҳисоб гирифта, шумора-ашонро муайян карда, ҷои истиқоматашонро санҷида бошад? О, дар ин бора чизе нест-ку? Ё ин доно соҳир асту сокинони «ш.Меҳрон»-ро фақат худаш мебинаду халос? Дигарон кўранд? Ҳой, мансабдори мўҳтарам, то кай ба чашми давлат хок мезанед? Дигаронро гўл ҳисобидан бас будагист. «Дурўғгў душмани Худо» гуфтаанд. О аз мардум ибо накунед, ақаллан аз Худо тарсед!…
Пас аз мушоҳидаи манзараҳое, ки тасвирашон рафт, каси ҳассос беихтиёр ба андеша меравад, саволҳои тазйиқовари зиёде дар зеҳнаш паи ҳам пайдо мешаванд. Тўли ин 11 соли мавҷудияти «ш. Меҳрон» ҳукумати ноҳия ба чӣ кор машғул буд? Чаро паи ободонӣ, хайр, ана, созмони муҳити созгор ва мусоиди корӣ барои кормандони худ заррае кўшиш накард? Маблағ намеёфт? Не, маблағ баҳонае шуда наметавонад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохўриҳои худ бо намояндагони мардуми ноҳия иброз дошт, ки тўли даҳ солаи охир барои ободонӣ ва таъминоти иҷтимоии Кўҳистони Мастчоҳ 45 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Гузашта аз ин, ҳар сол аз шаклҳои гуногуни пардохт наздики 1 800000 сомонӣ андоз ҷамъ карда мешавад.
Маблағҳои лойиҳавии ину он ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ бе ҳисоб. Магар аз нўги ҳамин маблағҳо як дастшў барои даромадгоҳи бинои ҳукумат, 10-12 қуттии коғазпарто харидан мумкин набуд? Барои пур нигоҳ доштани фазои иттилоотӣ ва истироҳати кормандон як телевизори ранга ва мавҷгири параболӣ, як плитаи газ, як дастгоҳи муҳаррики истеҳсоли барқ (зимистон маҳдудияти қувваи барқ мушкилоти зиёдеро пеш меоварад) харида медоданд, осмон омада ба замин намечаспид-ку. Садҳо ҳазор сомониро ба ину он баҳонаҳо (ағба гуфтанд, Худгифсой гуфтанд, обшикан гуфтанд…) барбод дода тавонистанд, лекин барои беҳтар кардани шароити кормандон «қудраташон» нарасид?
Ҳамаи ин нобасомониҳоро сабаб бесалиқагӣ, ноқобилии мутасаддиёни беҳдошти муҳити корӣ дар «ш.Меҳрон», холабеғамии роҳбарияти ноҳия аст. Онҳо дар сар ҷуз ҷой кардани хешу табор ва ҳамдеҳаи худ дар ин ё он идора, ташкилоту муассиса, фурўши амволи ҷамъиятӣ (саройҳо, трактору мошинҳо), фоизгирӣ аз лоиҳаҳои сохтмонӣ, тақсими манфиатҷўёнаи маблағҳои грантӣ фикри дигаре надоштанду надоранд.
Ҳисси маҳалгароӣ дар мақомоти идорӣ то ҳадде нумўъ кардааст, ки мансабу вазифаҳо барои шахсиятҳо ва деҳаҳои ҷудогонаи ба маркази ноҳия наздик, зодгоҳи роҳбарони аввал ва се чор «даҳандор» меросӣ шудаанд. Падар аз кор равад, ҳатман писараш, хеши наздикаш, новобаста аз он ки қобилияти касбиаш тақозо мекунад ё не, бояд ба курсии вай нишинад. Зумрае аз деҳаҳо муассисаҳо, идораю соҳаҳоро азони худ мешуморанд. Дар он коргоҳ «бегона» роҳ намеёбад… «Ана як сабаби ба идораҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия роҳ ёфтани ғайриихтисос, камсаводу бетаҷриба ва холабеғамҳо.
Тасарруф шудани шўъбаю бахшҳои алоҳида аз як оила, як авлод,- хулоса мекунад бохабар аз ҳангомаҳои «дарборӣ», ки нахост ному насаб ва вазифааш ифшо шавад, - Агар не, дар ноҳия мутахассисони варзида дар кулли соҳаҳо ёфт мешаванд. Сабаби дигар хизмат дар ҳукумати ноҳия мароқ зоҳир накардани соҳибкасбон дури марказ аз ҷои зисташон ва муҳити носозгори «ш.Меҳрон» аст… Картошкакорию чўпониро аз кор дар ин «чули бефарёд» авлотар медонанд калламағзҳои диёр.»…
Хуб, биёед хулоса кунем. Роҳи ҳалли ин мушкилот, бартараф намудани норасоиҳо дар «ш.Меҳрон» кадом аст? Ба ин савол аксарияти ҳамсўҳбатони мо як ҷавоб доштанд: «Кучонидани марказ ба мавзеи мувофиқ бехатар, миёнамасофа, ки ба ҳамаи сокинони ноҳия дастрасии баробар дошта бошад. Ҳанўз ҳам дер нашудааст. Роҳбарони мўҳтарами ноҳияро мебояд ҳисси маҳалгароиро дар ниҳоди худ кушта, фикри ояндаи ноҳияро кунанд.
Ободонию созандагӣ симои навоҳии дигари ҷумҳуриро ба куллӣ тағйир додааст. Мардуми Кўҳистони Мастчоҳ ҳусни пайваста афзояндаи онҳоро тариқи барномаҳои телевизион дида, ҳасрат мекунанд: «Кай бошад, ки мо ҳам соҳиби маркази маъмурии ободу зебо шавему аз пайовардҳои Истиқлолият армон шиканем». Хаёли хуш, вале амри маҳол. Рўи дарёи маҳалгароӣ хишт задан кўшиши беҳуда аст. Мазмун, ҳама эроду даъвоҳои асоснок ва одилона пеши ҷаҳли мураккаби соҳибкурсиёни нотавонбин як пули пучак арзиш надорад. «Олам сўзаду кабоби… маҳалгароӣ пазад». То он ҷое омўзиши инҷониб собит кард, «соҳибони диёр» барои нигоҳ доштани марказ дар ин харобот аз ҳеҷ номаъқулӣ рў намегардонидаанд. Иғво андохтан байни мардум ба воситаи «қадрдонҳо»-и кўтоҳназарӣ яроқи асосӣ ва санҷидашудаи онҳо будааст. Ин шабу рўз лоиҳаи қасри фарҳанги ноҳияро, ки 12 сол боз сохтан доранд, худсарона тағйир дода, ба бинои маъмурӣ мутобиқ карданианд, то сарпаноҳе дошта бошанду аз «ш.Меҳрон»-и азизашон дур нараванд… Агар ин аст муносибат ба ободонию созандагӣ дар Кўҳистони Мастчоҳ, вой бар ҳоли диёру диёрдорон!
Марди Роҳ