Картошкаи тухмӣ: худӣ беҳ ё бегона?

Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кории худ ба Кўҳистони Мастчоҳ, дар ҳамоиши кишоварзони ин ноҳияи баландкўҳ ва аз марказҳои иқтисодию тиҷоратӣ нисбатан дурафтода - дар деҳаи Роғ, мушоҳида ва бардоштҳои худро хулоса карда чунин гуфт: «Сифати маҳсулот ва ҳосили фаровони картошка дар ин мавзеъ аввалан натиҷаи заҳмати бедареғи мардуми мушкилнописанди кўҳистон, сониян мувофиқати обу ҳавои он ба рушди ин зироат аст.

 Месазад, ки кишти картошка минбаъд, бо васеъ кардани мазраъҳо аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, тариқи обёрӣ афзун карда шавад. Гузашта аз ин, таҷрибаи деҳқонони мастчоҳӣ дар парвариши он дар водиҳо, аз ҷумла навоҳии Панҷакент ва Шаҳристон, ки захираҳои бештари замини корӣ доранд, ба кор ҷалб карда шавад. Хуб мешуд, агар тухмиро ҳам ноҳияҳои зикршуда аз ҳамин маҳал дарёфт кунанд, зеро он бенуқсон аст ва дар водӣ беталаф инкишоф хоҳад ёфт…

Воқеан, дар Кўҳистони Мастчоҳ, ки аз сатҳи баҳр дар баландии мутаносибан аз 1700 то 3000 метр ҷойгир шудааст, ин зироат хеле хуб нашъунамо меёбад. Чунки бардошташ аз гармӣ 19 - 26 дараҷа асту бас. Афзалияти дигари ин муҳит сардии оби рудхонаҳост. Дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорати ҳаво об онро барои картошка танзим мекунад.

Ҳидояти Сарвари давлат, пас аз ҳамон ҳамоиши созанда, кишоварзони ноҳияро водор кард, ки ҳадди имкон майдони кишти картошкаро васеътар кунанд. Тўли ду соли охир мазраҳои ин зироат ба ду ҳазору сенздаҳ гектар расонида шуд ва дар назар аст, ки соли ҷорӣ боз 25- 30 гектар афзоиш дода шавад.

Мутаассифона, картошкапарваронро имсол аз оғози киштукор мушкилии ғайричашмдоште домангир шуд. Бинобар коҳиш ёфтани воридшавии ин маҳсулот аз Покистон нархи картошка дар бозорҳои кишвар якбора боло рафт. Деҳқонон саргарми даромад шуда, фикри тухмиро накарданд. Аксарият қисмати аъзами маҳсулоти посиракардаи худро ба фурўш монданд. «Чун ҳарсола ба умеди тухмии воридотӣ шудем,- мегўянд бетухмимондаҳо аз алам «пушти сар хорида»,- кӣ медонист, ки вазъият ин хел тағйир меёбад. Акнун, ки тухмӣ аз Покистон ками андар кам ворид мешавад, ҳайронему сарамонро ба куҷо занем». Ин бечоранолӣ ҳам то ҳадде омили фориғболии худи картошкапарварон аст. Онҳо то фирефтаи тухмии воридотӣ шуда, аз тухмии худӣ рў гардониданд. Ҳарчанд дар баъзе мавзеъҳо деҳқонон шикоят мекунанд, ки тухмии нав, навъи покистонӣ, соли гузашта пурра насабзид, мазраҳо тунукбех буданд.

«Ин падида,- гуфт мутахассиси Ассотсиатсияи картошкапарварони ноҳия Мирзо Олимов, - дарси нав нест. Мо дар киштзорҳо ба он тўли се соли охир бисёр рў ба рў мешавем. Мутаассифона, паи ислоҳи кўтоҳназариҳо дар интихоби тухмӣ камтар касон кўшиш доранд. Тухмие, ки аз Покистон тариқи тоҷирон дастрас мешавад, ба иқлими Кўҳистони Мастчоҳ ба зудӣ мутобиқ намешавад. Ҳавои хушки маҳалли мо имконият намедиҳад, ки тухмии ба намнокии водиҳо мутобиқ сабзаду аз хок сар берун кунад. Сониян, бинобар аз ҳаҷми муқаррарӣ калон будан, онро дар аксари маврид мебуранд. Яъне як лўндаро ду ва ё се тақсим карда мешинонанд.

Амали мазкур ба он боис мешавад, ки тухмӣ барои сабзиш дар бадани худ нами кофӣ наёфта мехушкад ё сари вақт аз хок берун шавад. Мо борҳо тавсия кардем, ки беҳтараш аз баҳри он гузареду тухмии дар маҳали худамон парвариш ёфтаву санҷидашударо истифода баред. Афсўс, ки воқеиятро на ҳама дарк мекунанд. Тухмии бегона, бахусус оне, ки аз бозор харида шудааст, ками андар кам бенуқсон мебарояд… Тухмии тахминан интихобшуда ба кишоварзони мо солҳои охир зарари зиёд мерасонад.

Ин маҳсулоти аз санҷишҳои лабараторӣ нагузашта бо худ офат мебиёрад. Мисолаш: дар Кўҳистони Мастчоҳ гамбусаки колорадоӣ (жук) набуд. Ин ҳашароти ғализ бо тухмӣ аз хориҷи кишвар омад ва дар кўҳистон «муқимӣ» монд, соли гузашта тухмифурўшони ғайриҳирфавӣ як навъ кирмро ба кишвари мо ворид карданд, ки амсолашро деҳқони рустоии тоҷик дар хотир надошт. Картошкаи расидаро сўрох карда ба орухона табдил медод. Як навъи дигари «тухми хориҷӣ» бо худ чӣ офатеро таҳмил карда, ки хокро «бемор» мекунад, Қитъа-қитъа мазраҳо чун шукуфа сафед шуда аз ҳосил монданд. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро мардум ин қадар ба бори хориҷӣ ҳавас дорад. Охир дар худамон ҳаст-ку…Муассисаи мо зери сарпарастии Агроаксияи Олмон парвариши ҳамагуна навъҳои картошкаро ба роҳ мондааст. Дар аксари хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия қитъаҳои таҷрибавӣ дорем. Бисёр деҳқонон бо мутахассисони Ассотсиатсия ҳамкорӣ доранд ва аз ин амали худ зарар надидаанд…Ана бинед, «оби дари хона тира» гуфтанду имсол ҳам аз ин монданду ҳам аз он, яъне аз Покистон кофӣ ворид нашуд, тухмии худӣ ба савдо рафт…»

Воқеан, тухмии босифат яке аз омилҳои асосии ҳосилнокии зироат аст. Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ моҳи декабри соли гузашта, дар вохўрӣ бо фаъолони ноҳия дурбинона тавсия карданд, ки аз паи нав кардани тухмии зироатҳо, аз ҷумла картошка шавем. Гузашта аз ин, парвариши тухмии маҳаллӣ, эҳёи навъҳои дар гузашта маъмули зироатҳоро ба роҳ монем. Кўҳистони Мастчоҳро ба манбаи тухмии аълосифат табдил додан лозим, таъкид карда буданд раис. Дареғо, ки масъулони соҳаи кишоварзӣ ҳанўз ҳам пинаки худро вайрон накардаанд. Ин шабу рўз деҳқони бечора аз паи дарёфти тухмӣ саргардону онҳо тамошобин…

Дуруст, Асотсиатсияи картошкапарварон амал мекунад, лекин нархи пешниҳодкардашон «дандоншикан» буда, аз арзиши тухмии бозорҳои Душанбе фарқи казоӣ надорад. Аз 3,5 то 5 сомонӣ. Хуб мешуд агар мутахассисони ин муассиса ба нархи тухмии картошка таҷдиди назар мекарданд. Деҳқони бечора миллионер не-ку. Омили дигаре, ки ба баландшавии арзиши картошка боис шуда метавонад, дурии бозорҳо аз манбаи маҳсулот аст. Ин мушкили «кисадаррон», яъне касодкунандаи буҷаи оилавӣ солҳост, ки картошкапарваронро азият медиҳад. Ба бозор расондани дастранҷ барои мастчоҳиён кори саҳл нест.

Масофа аз ин мавзеи баланд ба ҳарду самт, шимолу ҷануби кишвар, ба маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ва пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе баробар, аз 300 то 350 км. Тасаввур кунед, барои то бозор бурдани маҳсулоти бо хуни ҷигар парвардаи худ деҳқон чӣ қадар вақту маблағ сарф мекунад. Роҳкирои нақлиёт, ба ҳисоби миёна, барои 1 тонна 500 сомонӣ, афзун ба 10 тонна, баробар аст ба 5000 сомонӣ, сарсонию саргардонӣ дар бозорҳои ҳамеша сермаҳсулоти шаҳрҳо, сафархарҷии шабонарўзӣ…ранҷу озори роҳҳои ноободи хатсайри Мастчоҳ - Айнӣ… Хулоса, ба қавли корафтодаҳо, то як мошин картошкаро пул карда овардан деҳқон «хуни бинӣ» намешаваду халос.

Раиси вилоят, ана ҳамин азоби кишоварзи кўҳистониро ҳам хуб дарк кардаанд магар, дар вохўрии зикшуда, ба роҳбарони ноҳия тавсия намуданд, ки аз паи таъсиси бозор шаванд. Мавҷудияти бозори фурўши яклухти маҳсулот ташвишу тараддуди азиятовари кишоварзонро кам карданаш мумкин…

Бо вуҷуди ин бояд иқрор кард, ки картошка «нони дуюм» (ифодаи Президенти кишвар), воситаи асосии ризқу рўзии мардуми Кўҳистони Мастчоҳ аст. Ривоҷ додани парвариши он, дар заминаи васеъ кардани майдони кишт ва дарёфти тухмии хушсифату арзон, ҳам барои истеҳсолкунанда ва ҳам барои истеъмолкунанда он муфид асту бас.

Барои ноил шудан ба ин мақсад ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, ҳадди ақал Садаи Болои онро, ки мусоидатии бештаре дорад, расман, бо қарори дахлдори Ҳукумати вилоят ё Вазорати кишоварзии кишвар тахассуси тухмипарварӣ додан лозим аст. Аз ин шакли истеҳсол дигар навоҳии картошкапарвар низ бурд хоҳад кард… Агар не «сукут»-и роҳбарони ноҳия ва мутасаддиёни соҳаи кишоварзии он дар баробари он тавсияҳои некбинонаи Раиси вилоят чун ғаве дар роҳи рушди ноҳия идома хоҳад ёфт.

Абдуллои ФОЗИЛ,
махсус барои “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh