ҚАДРНОШИНОСӢ ва ё чаро роҳи навбунёди Яғноб соҳиб надорад

Ба унвони идораи нашрияи вилоятӣ номаи пурсўзу гудози нафақахўр, собиқ корманди мақомоти давлатӣ Ренат Мирзоев ворид гардид, ки бо имзои наздик 150 нафар сокини яғнобитабори ноҳияи Зафаробод ва бархе бошандагони ин дараи дурдасти кўҳистон дастгирӣ меёфт.

 

Дар нома мардум гиламандии ҷиддӣ аз он менамуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба дастуру супоришоти Президенти кишвар ва сарвари вилояти Суғд беаҳамиятӣ ва хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Мушаххасан яғнобиёнро ҳамин нукта ба таҳлука овардааст, ки иншооти барои водии Яғноб тақдирсоз- роҳи мошингард, ки се сол муқаддам бо дастгирии молиявии ташкилотҳои байналмилалӣ ва мусоидати роҳбарияти кишвар ва вилоят оғоз гардида буд, айни ҳол нафақат нотамом мондааст, балки комилан бесоҳиб мебошад.

Яке аз муаллифони мақола соли 1991 аз аввал то охири дараи Яғнобро тавассути ҷодаи ягона- пайроҳаҳои мудҳиши кўҳӣ пиёда паймуда, хуб дар хотир дорад, ки бероҳагӣ дар шароити танги кўҳистон чӣ мушкилиҳо эҷод мекард ва бунёди ҳар километр роҳи мошингард кадом фазилату чӣ манфиатҳоро соҳиб аст. Бешакку шубҳа, роҳ дар кўҳистон баробари обу ҳаво қадр карда мешавад! Лекин… -Ду соли ахир даре намонд, ки накўфта бошем,- вале, аз афташ, дар ягон ҷо ба моҳияти масъала сарфаҳм рафтан намехоҳанд,- гуфт ҳангоми сўҳбат сардори хоҷагии деҳқонии «Пиларовут»-и ноҳияи Зафаробод Саидмурод Холов, ки байни яғнобиён бо тахаллуси Суғдмеҳр машҳур аст.- Новобаста аз шароити хеле танг ба тариқи ҳашар аз деҳаи Анзоб то Марғеб ва аз он ҷо то деҳаҳои Хишортоб, Бидев ва Каше дар масофаи 40 километр роҳи басомони мошингард сохта шудааст, вале афсўс, ки ба сони ятими даргоҳ ба касе лозим нест.

Сабаб чист? Магар аз роҳи навбунёди водии Яғноб дар ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои марбутаи вилоятӣ ва ҷумҳурӣ бехабар ҳастанд? Чаро дар мавриде, ки дар вилоятамон соли ҷорӣ бо ибтикори бевоситаи Сарвари вилоят мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли роҳҳои обод эълон карда шудааст, иншооти тайёр, ки барои ободии пуррааш ба ҷуз масъулият ва тадбирҳои расмӣ хароҷоти калоне лозим нест, аз мадди назар дур мемонад?!

Боиси хушнудист, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободкориву созандагӣ, беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард дар қаламрави вилояти Суғд қарори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз 10 январи соли 2014 дар бораи «Соли 2014 – Соли роҳҳои обод» ба тасвиб расид. Илова бар ин бо қарори дигари Раиси вилоят Барномаи вилоятии «Соли 2014 - Соли роҳҳои обод» тасдиқ гардид. Бояд зикр кард, ки ин барнома дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ ва қабул гардида, он идомаи корҳои бузургест, ки дар ҷумҳурӣ бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар пеш гирифта шудааст.

-Ба ростӣ, мо умедвор будем, ки идомаи сохтмони роҳи Яғноб дар нақшаҳои солонаи ҳеч набошад, ноҳияи Айнӣ фаро гирифта мешавад,- гуфт бо дарду алам Ренат Мирзоев.- Охир, он таҳти назорати шахсии Сардори давлатамон қарор гирифтааст! Мо пештар тариқи ҳашар, бо қувваи худӣ 40 километр роҳи мошингард ва як кўпрукро сохта будем. Агар бо дастгирии ҳукумати кишвар ва кўмаки ташкилоту соҳибкорон боз 25 километри боқимонда сохта мешуд, он гоҳ мардум бештар ба водӣ омада, хоҷагиҳои деҳқониву оилавӣ, корхонаҳои хурд ташкил намуда, соҳиби ҷои корӣ мегардиданд. Ба шарофати истифодаи самараноки замин имконияти баргардондани маблағи қарз дар 3-5 сол пайдо мешуд.

Раҳнамоёни мардуми Яғноб изҳор доштанд, ки барои пайдо намудани соҳиби роҳи сохташуда ва минбаъд давом додани бунёди ин иншоот ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, идораи вилоятии «Хуҷандроҳ» ва МИҲД-и ноҳияи Айнӣ борҳо тариқи хаттӣ муроҷиат кардаанд, лекин муродашон ҳосил намешавад.

Ҳатто, дар хусуси ба тавозуни идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ ё муассисаи давлатии «Идораи нақлиёти Хуҷанд» вогузор кардани 40 километр роҳи мошингард ва 2 кўпруки ба таври ҳашару бо кўмаки Сафоратхонаи Ҷопон дар роҳи Хишортоб-Бидев-Чукат солҳои 2008 - 2010 бунёдшуда такрор ба такрор масъала гузоштаанд, он ҳам то ҳол бе натиҷа мондааст.

Дар ҳақиқат 90-95 фоизи роҳи мошингарди Яғноб тариқи ҳашар бо маблағи мардуми худи водӣ, ки дар тамоми гўшаву канори мамлакат зиндагӣ доранд, сохта шудааст.

Аз ду булдозери солҳои навадуми асри гузашта ҷудокардаи Агропроми вилоят ҳоло яктоаш ҳар замон бо душвориҳои зиёд барои тоза кардани роҳ аз сангпораҳо истифода бурда мешавад. Дигараш солҳост, ки дар ҳолати корношоям қарор дорад. Боз як булдозери троссие, ки аз ҷониби Раиси вилоят ҳадя шуда буд, ҳоло дар деҳаи Думзойи водии Яғноб омодаи кор бошад ҳам, лекин аз набудани сўзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ бекор мехобад. Роҳ, ки бесоҳиб аст, ягон ғамхор ҳам надорад ва мардуми бечора аз кӣ мадад пурсиданашонро намедонанд. Ин дараи бечора, ки ғарибу бесоҳиб мондааст, роҳи навбунёд ва техникаи ягонааш ҳам ғариб гардидааст.

-Мактубҳои мо дар хусуси ба тавозуни ё вазорат ва ё ташкилотҳои марбутаи вилоятию ноҳиявӣ дароварда шудани роҳи тайёр монанди тўби футбол аз ин даргоҳ ба он даргоҳ ҳавола карда мешаваду бас. Чаро масъалаи ба баланси муассисаи аниқ гирифтани роҳ ҳал карда намешавад?!- бо ҳайрат мепурсад Саидмурод Холов.- Наход, барои ҳалли ин масъала бевосита ба Раиси вилоят ва ё Сардори давлат муроҷиат кардан зарур бошад?!

Албатта, зарур нест. Чунки ҳам дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҳам дар сатҳи вилоятӣ муассисаҳои масъули роҳ ҳастанд ва ҳалли ин кор, ки воқеан ҳам чандон мураккаб нест, заҳмати зиёд наметалабад. Лекин феълан далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки барои яғнобиён додрасе нест. Аз ҳамин ҷост, ки имрўзҳо мардуми водии Яғноб, ки дар ноҳияи Зафаробод истиқомат доранд, худашон ҳамон техникаи фарсударо бо ронандаи кирояву сўзишворӣ таъмин карда, роҳро тоза карда истодаанд.

-Агар бо дастгирии ҳукумати кишвар ва ташкилотҳои марбута як булдозери тамғаи ҷопонии роҳсозии дар минтақаҳои кўҳистон мутобиқ (алҳол онҳо дар роҳҳои таҷдидшавандаи Айнӣ-Панҷакент истифода мешаванд) харида мешуд, ба манфиати кор мебуд. Зеро онро ҳам барои сохтмони роҳи таҷдидшаванда кор фармуда, баъд барои нигоҳдории ин роҳ истифода бурдан имконият ҳаст,- мегўянд механизаторони роҳ. Танҳо онро бо сўзишворӣ таъмин намуда, аз ҳисоби самаранок истифода бурдан сифати корҳои роҳсозӣ беҳтар карда, даҳҳо ҳазор доллари амрикоиро сарфа кардан мумкин аст. Бояд зикр кард, ки бо роҳи 40- километраи Яғноб ҳар сол садҳо мошин ва техникаву механизмҳо рафтуомад мекунанд, аммо дар роҳ ягон аломати огоҳкунанда вуҷуд надорад.

Воқеан, ин роҳро Сарвари давлатамон медонанд ва аз он гузар карда, қаноатманд шуда буданд. Лекин пас аз ташрифи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон масъулин ваъдаҳои додаашонро ба дасти фаромўшӣ супурданд. Дар сафари Президенти кишвар моҳи августи соли 2011-ум садҳо мошини гуногунтамға, аз «Тико» то КАМАЗ, автобусҳо, сабукравҳои ватаниву хориҷӣ бо роҳбарону мутахассисони МИҲД-и ноҳияҳои Айниву Зафаробод, вилояти Суғд, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, ҷонишинҳои Сарвазири мамлакат, намояндагони Маҷлиси намояндагону Маҷлиси Олӣ, мутасаддиёни Вазорати нақлиёт ва бозрасии давлатии автомобилӣ, меҳмонону мизбонон зиёда аз 600 нафар аз ҳамин роҳ ва пулҳои ба таври ҳашар сохташуда гузашта, сиҳату саломат баргаштанд. Хурсандии роҳсозону мизбонон ҳадду канор надошт. Ҳатто, Сардори давлат аз кори роҳсозон қаноатманд гардида, се нафарро бо квотаи Президентӣ ба зиёрати Хонаи Худо фиристоданд.

Ташрифи Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Яғноби ноҳияи Айнӣ ва вохўрии он кас бо аҳолии ин куҳандиёр ва намояндагони ин сарзаминро мардум ҳеч гоҳ фаромўш нахоҳанд кард.

Сардори давлат баъд аз суханронии пурмўҳтаво аз мардуми Яғноб оид ба камбудиву норасоиҳо, мушкилоти онҳо пурсон шуданд. Аз ҷумла, дар вохўрӣ Ҷаноби Олӣ иброз намуданд, ки боқимонда 25 км роҳи мошингард ва 4 кўпруки водии Яғноб дар ояндаи наздик бунёд мегардад.

Аммо, аз рўзи ташрифи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ ба Яғноб беш аз 2,5 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол он супоришҳои Сарвари давлат иҷро нагардидаанд. «Аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ мактуберо бо мазмуни : «Оид ба таъмиру барқарор намудан ва ба итмом расонидани корҳои боқимонда ва ба истифода супурдани роҳи дар боло зикргардида мувофиқи ҳисобҳои пешакии мутахассисон 1,3 млн доллари амрикоӣ лозим аст» гирифтем»,- ба мо изҳор дошт Ренат Мирзоев. - Бо ҳамин мазмун солҳои 2012, 2013 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мактуб ирсол карда будем. Боз ҳамон таъкид: «Дар мавриди пайдо гардидани сарчашмаи маблағгузорӣ вазорат корҳои таъмиру барқарорсозиро ба роҳ мемонад».

Ёдовар мешавем, ки Қарори Ҳукумати ҶТ аз таърихи 1 апрели соли 2011, таҳти №165 «Дар бораи «Тасдиқи барномаи мақсадноки давлатии рушди нақлиёт дар ҶТ то соли 2025» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 10.01.2014 «Дар бораи тасдиқ намудани барномаи вилоятии соли 2014-«Соли роҳҳои обод» ба тасвиб расидааст. Афсўс, дар барнома дар хусуси супориши Сардори давлат оид ба таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди водии Яғноб чизе гуфта нашудааст. Дар асоси ин қарор барои таъмиру азнавсозии роҳҳои вилоят бо супориши Раиси вилоят соли равон 108 миллиону 151 ҳазор сомонӣ, аз он барои роҳҳои ноҳияи Айнӣ 4 миллиону 601 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Афсўс, ки супоришоти Президенти кишвар дар хусуси ободсозии роҳи боқимондаи Яғноб ба хотири касе намерасад. Баъди мулоқоти таърихӣ то ҳол ягон дастуру супориши Роҳбари давлат аз тарафи масъулин иҷро нашудааст. Ҳатто, аз тарафи сохтмончиён бар хилофи талаботи моддаи 23-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракати роҳ» ҳангоми азнавсозӣ ва сохтмони роҳ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар ҷойҳое, ки мошину механизмҳо, масолеҳи бинокорӣ нигоҳ дошта мешаванд, инчунин дар гардишгоҳҳо аломатҳои махсуси роҳ ва воситаҳои огоҳкунанда гузошта нашудаанд. Агар ин камбудиву нуқсонҳо сари вақт ислоҳ нашаванд, боиси рух додани ягон садамаи нақлиётӣ бо оқибатҳои нохуш дар минтақа шуданаш аз эҳтимол дур нест. Ҳамин кори оддитарин- гузоштани аломатҳои роҳро бидуни мансубият ба ягон ташкилоти аниқ ба ҷо овардан ғайриимкон аст.

Такроран мегўем, ки роҳи Анзоб- Бидев то ҳол ба ихтиёри муассисаи масъуле вогузор карда нашудааст. Ҳол он ки роҳҳои мошингард, кўпрукҳои водӣ мутобиқи дастуру супоришҳои Сарвари кишвар бояд ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгў сохта шуда, он садсолаҳо ба мардуми Яғноб хизмат кунад.

Имсол чор сол мешавад, ки сохтмони кўпруки деҳаи Чўкатро аз ин сол ба он сол вогузор мекунанд, ки ин нишони бемасъулиятӣ ва фориғболии роҳбарони ноҳияи Айнӣ мебошад. Аз муносибати онҳо мардуми Яғнобдара торафт бештар дилсард мешаванд ва аз итмоми сохтмони роҳ умедашон тадриҷан коста мегардад. Инчунин мардуми водӣ солҳост, ки аз бемактабӣ, бероҳӣ, бекўпрукӣ ва муҳайё набудани ягон шароити зиндагӣ ба дод омадаанд. Яғноб ҳамон вақт обод мешавад, ки мисли дигар минтақаву маҳалҳои ҷумҳурӣ роҳи рафтуои бемалол, шароиташ барои зисти одамон муҳайё бошад. Мо бояд мардуми ин диёрро ба зодгоҳашон дилгарм кунем.

Ёдовар мешавем, ки водии Яғноб, ки дорои 83 ҳазор гектар замини чарогоҳ, 837 гектар заминҳои киштшаванда, аз ҷумла заминҳои обии киштшаванда 180 гектар ва заминҳои лалмӣ 637 гектар мебошад. Бо таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ заминҳои обиро самаранок истифода бурда, кишти картошка ва дигар зироати полезиро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат намудан имконпазир мегардад. Яъне, ба шарофати бунёди роҳ ин водӣ низ дар иҷрои барномаи озуқавории мамлакат саҳмгузор шуда метавонад. Ҳамчунин дар чарогоҳҳои Яғноб дар фаслҳои баҳору тобистон ва аввали тирамоҳ бештар аз 200 ҳазор сар моли майда, 2 ҳазор сар моли калони шохдор ва ҳайвоноти дигари хонагӣ, 200 сар қўтос аз ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ парвариш карда мешаванд.

Имрўз дар водӣ 33 деҳа мавҷуд буда, дар 18-тои он беш аз 500 нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд. Табиист, ки шумораи хоҳишмандони давом додани сохтмони роҳ, мактаб, беморхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ бемайлон меафзояд. Ва ин танҳо як маънӣ дошта метавонад: мардум хостори обод кардани зодбуми аҷдодии хештан- Яғнобдара ҳастанд.

Пас, чаро ба ин хоҳиши дили ҳамдиёронамон мусоидат нанамоем?!

Солеҳи ЗАРИФЗОД,
Абдуғафур АМИНЗОДА,
хабарнигорони махсуси«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh