Чаро раванди таҷдид кашол меёбад?

Бино ба маълумоти фаврии Кумитаи заминсозии вилояти Суғд оид ба иҷроиши қарори Раиси вилоят аз 9 декабри соли 2013, таҳти рақами 287 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд», дар шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ 2415 хоҷагии калонҳаҷм таҳти таҷдид ва азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуда, теъдоди хоҷагиҳои навташкил то санаи 2 майи соли равон ба 24580 адад расид, ки ин 73 фисади иҷроиши нақша мебошад. Дар раванди иҷроиши қарори мазкур ноҳияҳои Ашт (102 фоиз), Зафаробод (100 фоиз), Шаҳристон (97 фоиз), Исфара (91 фоиз), Панҷакент (90 фоиз), Мастчоҳ (80 фоиз), Конибодом (86 фоиз) пешсаф мебошанд.

Дар як қатор шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Кўҳистони Мастчоҳ (13 фоиз), Спитамен (28 фоиз), Айнӣ (30 фоиз), Fончӣ (42 фоиз) дар ин самт корҳо суст буда, бо сабабҳои гуногун таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм кашол меёбад.

Баробари ҷараёни корҳои саҳроӣ азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калонҳаҷми деҳқонӣ низ идома дорад ва ин раванд новобаста аз оғози мавсими нави киштукор мароми худро дошта, дар ин самт дар ноҳияи Спитамен ин амали хайр, ба қавле, бо ду пой мелангад. Ин ҳол, албатта, омилҳои объективию субъективӣ дорад.

Чуноне дар сўҳбат муовини аввали раиси Кумитаи заминсозии вилоят Ҷамшед Умаров изҳор дошт, ҷиҳати ҳарчи бештар вусъатбахшии раванди азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калонҳаҷми ноҳияи Спитамен бо дастуру супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо ҷалби роҳбарони ташкилоту идораҳои соҳа равзанаи ягона созмон ёфта, ҳуҷҷатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар миқёси вилоят дар раванди азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калонҳаҷми деҳқонӣ кормандони лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замини минтақаҳои Хуҷанд, Ҳисор, Рашт ва Кўлоб ширкат варзида, барои соҳибзамин кардани саҳмдорон, додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин фаъолият мебаранд.

Дар мавриди сабабу омилҳои кашолёбии таҷдиди хоҷагиҳо дар ноҳия аз масъулини Кумитаи заминсозии вилоят пурсон шудем. Дар посух Ҷамшед Умаров афзуд, ки сабаби асосӣ дер муроҷиат кардани мардум мебошад, яъне аз ҷониби масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ бояду шояд ба роҳ монда шуда бошад ҳам, кормандони кумитаи заминсозии вилоят шахсан назди саҳмдорон омада, бо мутахассисони кумитаи ноҳиявӣ якҷоя дар ҷамоатҳои деҳот байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ гузаронидем, аризаҳоро ҷамъ овардем, тариқи равзанаи ягона давоми се рўз корбарӣ намудем.

Сабаби дигари таъхири раванди иҷроиши қарори номбурдаро масъулин аз нокифоя будани мутахассисони минтақаи кадастри замин медонанд.

-Зикраш ба маврид аст, ки тибқи нақша дар ноҳияи Спитамен мебоист 240 адад хоҷагии калонҳаҷм мавриди таҷдид ва азнавташкилдиҳӣ қарор гиранд, аммо то имрўз 68 адади он таҷдид шуда, 127 адад хоҷагии деҳқонии нав таъсис ёфтаасту халос. Ҳамагӣ аз тарафи саҳмдорон 699 нафар бо ариза муроҷиат карда, аз он 572 ариза дар истеҳсолот қарор дорад,- гуфт муовини раиси ноҳия Анвар Турсунов.

Ҳамчунин, аз масъулин дар бобати муаммои асосии хоҷагии қишлоқ баробари вусъати корҳои хоҷагӣ - обрасонӣ ба зироати киштшуда ва боғоту токзор пурсон шудем. Бо назардошти азнавташкилдиҳӣ ва ба майдони фаъолият баромадани шумораи зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ, оилавӣ ва инфиродӣ ба миён меоянд. Аз ин нуқтаи назар, ҳанўз моҳҳои декабр-январ Раиси вилоят ба масъулини Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия оид ба ташкили Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) ва насби нуқтаҳои иловагии тақсимоту ченкунии об супориш дода буд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ноҳияи Спитамен низ то имрўз якчанд АИО-и нав таъсис ёфта, обченкунаки иловагӣ шинонида шудаанд ва дар ин самт кор идома дорад.

Бино ба гуфти масъулин, соли гузашта дар ноҳия ҳамагӣ як АИО мавҷуд буд, алҳол бошад, 8 адад АИО фаъолият дорад, то ки масъалаҳои мухталифи соҳаро пурра танзиму назорат барад. Сардори АИО ба номи Сатторови ноҳия Шўҳрат Турсунов изҳор дошт, ки ҳамагӣ 42 адад хоҷагии деҳқонӣ ба Ассотсиатсия аъзо буда, 36 ададаш истифодабарандагони кооперативӣ мебошанд. Об барои киштукор асосан аз ҷониби сои Оқсуи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷорист ва бинобар ин тобистон, аниқтараш, то 10-уми июн муаммои танқисии об бештар мешавад.

Чӣ тавре зикр гардид, дар соҳаи кишоварзӣ танқисии об мушкилот ва монеаҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Дар мисоли ноҳияи Спитамен солҳои пеш як лоиҳа тартиб дода шуда буд, ки дар асоси он дар сои Оқсу обанбор бояд сохта мешуд. Дар фасли баҳору зимистон оби сой ба дарёи Сир ҷорӣ мешавад, дар мавсими обёрӣ кишоварзон аз об танқисӣ мекашанд. Ин аз ҷониби дигар боиси пастшавии ҳосилнокии зироатҳо буда, аз сабаби маблағи калонро талаб карданаш ин лоиҳа амалӣ нагардид ва то имрўз ин муаммо ҳалли худро мунтазир аст.

Баъзе аз саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки барои киштукор аз бонкҳо қарз мегиранд. Ба 1 гектар 1000 доллари ИМА тақсим кунем, аз он мо бояд маблағи андоз, ки ниҳоят барои мо гарон аст, қарзи оби аз солҳои қаблӣ, музди меҳнати кормандон ва ғайраҳо пардохт карда, сипас пунбадона кишт мекунем. Дар мавсими ҳосилғундорӣ 3 тонна пахта мегирем, ки нархи он арзон шуда, дар бозори ҷаҳонӣ 1 тоннааш 830 доллар меистад. Худ қазоват кунед, ки аз пахта мо фақат зарар дида истодаем. Маъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ба онҳое, ки аз 5 гектар зиёд замин доранд, кишти пунбадонаро ҳатмӣ меҳисобанд.

Дар рафти сўҳбат яке аз масъулини соҳаи Раёсати идораи кишоварзӣ (бо хоҳиши худаш номашро ифшо намекунем) изҳор дошт, ки аз як ҷиҳат хуб шуд, ки таҷдид дар ноҳия дер поид. Агар он барвақт оғоз мешуду деҳқон соҳиби замин мешуд, аксари онҳо бинобар арзон будани арзиши нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз кишти он даст мекашиданд ва дар ин ҳолат ноҳия нақшаи пахтаро таъмин карда наметавонист.

Аз ин ҷо суоле ба миён меояд, ки шояд масъулин дидаву дониста иҷроиши қарори Раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд»-ро кашол дода бошанд?

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар қатори дигар табақаҳои аҳолӣ деҳқононро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва қабули ин қарор низ аз он шаҳодат медиҳад. Дар ҳар сурат бояд масъулини соҳа дар ноҳия манфиатҳои хоҷагидорону деҳқононро дар мадди аввал гузоранд, то онҳо бо дили гарму руҳбаландӣ саргарми кор шаванд. Алҳол дар қаламрави вилоят Спитамен ягона ноҳияест, ки дар ин ҷо то санаи 2 май ба ягон роҳбари хоҷагии инфиродӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дастрас нашудааст. Тавре қаблан зикр кардем, бо сабаби раванди сусти азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калонҳаҷм аксари саҳмдорони хоҷагиҳои ноҳияи Спитамен натавонистанд, то ба имрўз соҳиби замин гарданд ва тавассути ташкили “Равзанаи ягона” умедворанд, ки Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро ба даст мегиранд.

Дар раванди азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калонҳаҷм деҳқонони ҷамоатҳои деҳот нақши муҳим мебозанд ва маҳз аз муташаккилии онҳо ба натиҷаҳои мусбати кор ноил шудан мумкин аст.

Маъмурахон САМАДОВА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
хабарнигорони махсуси «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh