Дастгоҳ вайрону мардум сарсон…

Оид ба корношоям будани дастгоҳи рентгенӣ дар калонтарин ҷамоати деҳоти ноҳияи Айнӣ-Урметан борҳо гуфта шуда, дар матбуоти давр шикояти мардум чоп шуда буд. Аз байн солҳои зиёд сипарӣ гаштанд. Аммо вазъи дастгоҳ чун солҳои пешин буда, сарсонӣ ва саргардониҳо, аниқтараш, равуои мардум ба маркази ноҳия ва шаҳри Панҷакент, ки аз деҳа дар масофаи 32 ва 60 километр дур ҷойгиранд, ба авҷи аъло расидааст.

Ҳолдонҳо сабаби кор накардани дастгоҳи рентгениро дар набудани маблағ барои таъмири он медонанд. Ин аст, ки аксар мубталоёни бемориҳои эхинококи ҷигар ва сил сари вақт аз ташхис намегузаранд. Дар сурати муайян шудани беморӣ маризонро дар беморхонаи маркази ноҳия ва шаҳрҳои Панҷакенту Хуҷанд муолиҷаю ҷарроҳӣ менамоянд. Ба гуфти раиси Ҷамоати деҳоти Урметан Тўрақул Шодмонқулов, барои таъмири дастгоҳи флюрографӣ маблағи зиёд лозим аст. Бисёр мехостем, ба ин суол масъулини раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят посух гўянд.

Ҳайратовар он аст, ки ба талабот ҷавобгў набудани бинои ташхиси флюрографиро роҳбарони шўъбаю нигаҳдории тан- дурустии вилояту ноҳия ва мутахассисон-доземетристҳо донанд ҳам, баҳри ислоҳи камбудӣ ва азнавсозии бинои рентгенгузаронӣ тадбир намеандешанд. Аниқтараш, онҳо ба беҳдошти вазъи соҳаи тандурустӣ дар деҳот аз паси панҷа менигаранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои таъмири дастгоҳи флюрографӣ ба корхонаи «Облтехмедсервис» ҳанўз даҳаи якуми моҳи майи соли 2008-ум 4000 сомонӣ пардохт кард, аммо пас аз таъмир низ дастгоҳ бояду шояд кор накард. Аҷиб он аст, ки сарфи маблағҳои буҷавӣ дар ноҳияи Айнӣ борҳо санҷида шуд, вале сарфи маблағ бо мақсади равоншуда номаълум монд. Рендгенологи Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Урметан чунин иброз дошт: - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маротибаи дуюм барои таъмири дастгоҳи флюрографӣ 1500 сомонӣ пардохт карда бошад ҳам, дастгоҳ боз фаъолият надорад.

Аниқтараш, дастгоҳҳои рентгенӣ 12.ф. 7, соли бароришаш 1985 ва дастгоҳи ҳуҷрагардаки 12.П.5, соли барорираш 1984 буда, корношоям мебошанд.

Дувоздаҳуми майи соли 2011 барои санҷиши аризаи дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Урметан оид ба кор накардани дастгоҳҳои рентгенӣ бо супориши роҳбарияти МИҲД-и вилоят ва роҳбарии саррентгенологи вилоят Н.Мирсаидов комиссия созмон дода шуд. Ваҷҳҳои шикоят пурра тасдиқ шуда, комиссия ба чунин хулоса омад:

- Раёсати нигаҳдории тандурустии вилояти Суғд ба маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Урметан дастгоҳи рентгении нав ҷудо мекунад.

Инак, ду сол сипарӣ гардиду мардум то ҳол таҷҳизоти навро интизоранд. Аз дастгоҳ бошад, ба қавли мардум, на пай ҳасту на ҳайдар.

Масъулини санҷишҳои комиссияи Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят ин камбудиро донанд ҳам, барои ислоҳи он тадбир намеандешанд. Яке аз муборизаҳои бар зидди касалиҳои эхиникоки шушу ҷигар гузаронидани аҳолӣ аз дастгоҳи рентгении флюрографӣ мебошад.

Албатта, барои пизишкони бунгоҳҳои тиббӣ, маркази саломатӣ ва беморхонаи маркази Ҷамоати деҳоти Урметан дар мавриди муоинаи маризон душвор аст, вале замин сахту осмон баланд. Ба номаи имдодталабонаи сокинони Ҷамоати деҳоти Урметан сари вақт чораҷўӣ накардани масъулин хизмати хирсонаи онҳо ба роҳбарияти вилоят мебошад.

Мо хуб медонем, ки маҳз бо дастуру супориш ва кўшишҳои Раиси вилоят симои шаҳру деҳоти вилоят торафт ободу зебо шуда истодааст. Баробари ин боварии комил дорем, ҷудо шудани дастгоҳи рентгенӣ ба маркази саломатии Урметан баъди чопи мақола дар рўзномаи вилоятӣ аз тарафи раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят зери назорат гирифта, кўмаки худро дареғ намедоранд.

Мирзо ҚУЛОВ,
сокини ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh