«Наход, барқ набошад?»

-- ҳайратовар посух медиҳанд масъулини идораи барқи шаҳри Хуҷанд
Шоми 9-уми феврали соли равон пас аз интизории тўлонии рўзона соати 16 ба истиқоматкунандагони хонаҳои баланд-ошёнаи маҳаллаи 32-юм қувваи барқро интиқол доданд. Овози гўшхароши бачаҳои аз сардии ҳаво дар қабати кўрпабудаҳоро аз бисёр ҳуҷраҳои хонаҳои баландошёна низ шунидан мумкин буд.

Мутаассифона, хурсандии онон тўл накашид, зеро чунин хомўш кардану боз равшанӣ додан ду - се соат идома ёфту пасон бошандагони баъзе хонаҳои баландошёнаи ҳамин маҳалла (дар мисоли хонаи рақами 2 умуман ва 3, 3-а ба таври шоҳмотӣ) то ҳол бебарқанд. Дар бобати сабаби набудани қувваи барқ ба намояндагони ин соҳа занг заданӣ шудем, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки баробари хомўш гардидани қувваи барқ телефонҳои мобилии онон низ хомўширо авло медонанду баробари чидани рақами телефонҳои шаҳрӣ аз он ҷониб, албатта, садои «муштарӣ банд аст» шунида мешавад ва ё умуман ҷавоб намедиҳанд. Аҳён - аҳён агар мутасаддиён гўшаки телефонро бардоранд, ҷавобашон чунин аст: «Наход, барқ набошад?!»

Мавод пас аз соати 16-и 10-уми феврал омодаи чоп шуда истодааст, вале то ҳол қувваи барқи хонаҳои баландошёнаи маҳаллаи 32-юм аз шоми санаи 9-уми феврал инҷониб хомўш аст. Сабабашро дар вайрон будани трансформатор шарҳ медиҳанд. Масъулин ҳамчунин қайд карданд, ки нерўи барқро ба ин маҳалла интиқол додаанд. Аммо аз чунин ҷавоб мо, аҳли бино қаноатманд нестем.

Шаҳло ШЕРОВА, cокини шаҳри Хуҷанд

АЗ ИДОРА: Кормандони васоити ахбори оммаи давлативу хусусӣ, дигар сохторҳо, ки дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Кохи матбуот» фаъолият доранд, аз бидуни огоҳӣ хомўш гардидани нерўи барқ дар ҳайратанд. Масъулини идораи барқи шаҳри Хуҷанд (сардораш Тўра Муродович Атамов) ба зангҳои телефонии роҳбарияти «Кохи матбуот» ва масъулини идораи нашрияҳо ё посух намедиҳад ё сабаби хомўш шудани нерўи барқро ба масъулони ҶСК «Барқи тоҷик» вомегузорад. Ҳол он ки хатти барқи КВД «Кохи матбуот» дуҷониба буда, дар ҳолатҳои садамавӣ бояд аз хатти захиравӣ истифода бурда шавад. Мутаассифона, рўзи 6-уми феврал қариб 4 соат, 10 феврал бештар аз 3 соат рўзноманигорон бе барқ монданд.

Сари вақт омода кардани шумораҳои навбатии рўзнома ба интиқоли бефосилаи барқ вобастагӣ дорад ва ин масъала ягон нафар масъулини идораи барқи шаҳри Хуҷандро ба ташвиш намегузорад. Аҳли қалами нашрияҳо шароити интиқоли барқро дар фасли зимистон хуб медонад, аммо бе огоҳӣ хомўш кардану соатҳо интиқол надодани нерўи барқ мушкилоти зиёдеро барои рўзноманигорон ба миён оварданаш мумкин аст. Инро бояд роҳбарияти идораи барқи шаҳр эҳсос бикунад.

Add comment


Security code
Refresh