Аз тағйири хатсайри №250 кӣ манфиатдор аст?!
- Details
- Published on Monday, 10 February 2014 17:05
ё Чаро донишҷўёни ғўлакандозӣ аз хизмати микроавтобусҳо қаноатманданду роҳбарияти ноҳия онро нодида мегирад?
Ба унвони идораи рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» аз номи сокинони Ҷамоати деҳоти Fўлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ва донишҷўёне, ки аз ин деҳот ва гирду атрофи он дар донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, ариза ворид гардид.
Дар он аз ҷумла омадааст: «Бо дастгирии мақомотҳои дахлдори давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Fафуров ва шаҳри Хуҷанд хатсайри 250 «Fўлакандоз- ДДҲБСТ- ДДХ- беморхонаи вилоятӣ» соли 2012-ум ташкил ёфта, то имрўз микроавтобусҳои тамғаи «Спринтер» ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Аҳолии беш аз 40000 нафараи Ҷамоати деҳоти Fўлакандоз инро ҳамчун меваи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳисобида, аз сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони вилояту ноҳия пуштибонӣ карда, дар ҳаққашон дуои нек ва барои ободии диёр саъю талош меварзанд.
Имрўзҳо гўё бо супориши роҳбарияти ноҳия кормандони бозрасии давлатии автомобилии ноҳия иҷозат намедиҳанд, микроавтобусҳои хатсайри мазкур аз деҳоти Fўлакандоз ба роҳ бароянд. Ронандагонро маҷбур мекунанд, ки онҳо аз терминали «Ашроф» ба сўи Хуҷанд ҳаракат намоянд. Агар ин тавр шавад, ба аҳолии ҷамоати деҳот ва деҳаҳои атрофи он, махсусан ба донишҷўён душвориҳои зиёдро пеш меорад. Ҳар рўз аз ин деҳа ва гирду атрофи он зиёда аз 300 нафар донишҷўён, ҳамчунин шаҳрвандони дигар ба Хуҷанд равуо мекунанд.
Бинобар ин моён- сокинони Fўлакандоз аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои бетағйир монондани хатсайри №250 кўмак расонед. Умедворем, ки баҳри ҳалли мусбати масъала мусоидат менамоед.
Бо эҳтиром донишҷўён ва сокинони Ҷамоати деҳоти Fўлакандоз: оилаҳои Латифовҳо, Абдуазимовҳо, Маҳмудовҳо, Усмоновҳо, Зокировҳо, Пўлодовҳо, Саидовҳо, Раҳимбоевҳо, Одиловҳо ва дигарон».
Аз ин пештар ба идораи рўзнома аз номи як гурўҳ ронандагони хатсайри №250 бо чунин маъно мактуб, ҳуҷҷатҳо, ҷадвалу нақшаи ҳаракати тасдиқкунанда барои иҷозат бо имзоҳои роҳбарияти шаҳру ноҳия ва мақомотҳои дахлдори вилоятӣ пешниҳод шуда буданд.
Воқеан, дар ин хусус аз номи сокинони Ҷамоати деҳоти Fўлакандоз бо имзои Н.Ярматова ба унвонии роҳбарияти ноҳия санаи 16 декабри соли 2013, таҳти №Д-1779 ариза навишта шуд. Аммо роҳбарияти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мактуби ҷавобӣ аз 3 январи соли 2014-ум, таҳти №3-1/19 таъкид менамояд, ки мувофиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёт хатсайрҳои берун аз ноҳия фаъолиятдошта бояд аз терминал то терминал ҳаракат кунанд.
Хатсайри №250 «Fўлакандоз-беморхонаи вилоятӣ» низ аз ҷумлаи хатсайри байниноҳиявӣ ҳисобида мешавад. МИҲД-и ноҳия баҳри дастгирии донишҷўён ҳамаи ронандагони микроавтобусҳои хатсайрҳои Fўлакандоз - терминали «Ашроф»-ро вазифадор намуд, ки ба донишҷўён баъди нишон додани шаҳодатномаи донишҷўӣ ройгон хизмат расонанд. Ин дастур то кадом дараҷа иҷро мешавад, масъалаи дигари омўзишӣ аст.
Лекин аз ин супориши роҳбарияти ноҳия сокинон ва донишҷўён норизо ҳастанд. Зеро бо як микроавтобус аз деҳаи Fўлакандоз то шаҳр беинтизорӣ дар вақти муқаррарию бемамониат равуо доштанду аз хизмати ронандагони хатсайр қаноатманд буданд. Акнун онҳо бояд то терминали нав бо як микроавтобус омада, баъд ба нақ-лиёти дигар нишаста, ба самти Хуҷанд бояд равон шаванд. Бо чунин тарз онҳо вақти зиёди худро дар роҳ мегузаронанд ва табиист, ки аз машғулиятҳо дер мемонанд.
Акнун ба ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ронандагон рў меорем. Моҳи июли соли 2012 ба унвони раиси Ҷамоати деҳоти Fўлакандоз ва раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аризаи дастҷамъонаи шаҳрвандон М.Раҳимбердиева, Н.Розиқов ва дигарон, бо имзои 400 нафар сокинон ворид шуд. Дар он гуфта мешуд, ки барои барқарор намудани хатсайри нақлиётӣ, ки солҳои пеш аз назди бинои идораи КИ ба номи А.Самадов ба шаҳри Хуҷанд ҳаракат дошт ва рафтуомади сокинони деҳот ба шаҳр хеле қулаю арзон буд, кўмак расонанд.
Раиси ноҳия дархости сокинони деҳотро ба назар гирифта, ҳамоно ба роҳбарияти КДФ «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд» ва ин коргоҳ ба Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд мактуб ирсол кард. Ҳамчунин аризаи дастҷамъонаи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расуловро роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров, шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Газелтранскомпания», Раёсати ШБДА РКД вилояти Суғд баррасӣ намуда, ба мувофиқа омадаанд, ки ба кушодани хатсайри №250 «Fўлакандоз- беморхонаи вилоятӣ» монеае вуҷуд надорад. Иҷозатнома, ҷадвал ва нақшаи ҳаракати хатсайрро роҳбарияти шаш мақомот бо мўҳру имзояшон тасдиқ карданд.
Бо фармоиши сардори КДФ «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд» таҳти №18 аз 16.11.2012 хатсайри №250 «Fўлакандоз- беморхонаи вилоятӣ» муваққатан то гузарондани озмун (тендер) ба ҶДММ «Газелтранскомпания» вобаста шуда, роҳбарияти он вазифадор гардид, ки фаъолияти хатсайр аз рўи нақшаи ҳаракат ва ҷадвали тасдиқшуда, ҳамчунин тибқи талаботи «Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монад.
Дар ягон ҳуҷҷат, алалхусус, мактуби раиси пешинаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дигар мақомотҳо ишора нашудааст, ки хатсайри №250 байниноҳиявӣ ҳисобида шуда, аз терминал то терминал бояд ҳаракат кунад. Зиёда аз як сол ин хатсайр ба сокинони деҳаи Fўлакандоз ва гирду атрофи он хизмати софдилона мерасонаду мардум қаноатманданд. Вақте ки терминали «Ашроф» бунёд ёфт, масъалаи дар саристгоҳ таваққуф кардани микроавтобусҳои хатсайри №250 пайдо шуд.
Шояд чунин масъалагузории роҳбарият ба манфиати шахсони алоҳида ё гурўҳе бошад? Шояд. Лекин ҳаминро бояд зикр кард, ки ин хатсайр бо дархости садҳо нафар сокинони ҷамоати деҳот ва оилаҳое, ки фарзандонашон дар макотиби олӣ ва миёнаи махсуси шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунанд, ташкил ва дури мусофиронро наздик мекард.
Мусофирону донишҷўён изҳор медоранд, ки ҳаракати микроавтобусҳо дар ҳақиқат барояшон хеле қулай ва арзон аст. Асосан пагоҳӣ аз деҳа микроавтобус пури мусофир бидуни таваққуфи дилбазан ба самти маркази вилоят ҳаракат мекунад. Саволе ба миён меояд, ки ҳангоми баррасии масъалаи таъсиси хатсайри №250 мақомоти дахдори соҳаи нақлиёти вилоятӣ ва роҳбарияти МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо тарафдор ва аз рўи қоидаву қонун гуфта, ба ҷадвалу нақшаи хатсайр мўҳру имзо гузоштанд. Пас сабаб чист, ки имрўз дар ноҳия ба ҳаракати мошинҳои хатсайр худсарона тағйирот даровардаву мардумро сарсон мекунанд?
Умуман, саволе ба миён меояд, ки оё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳуқуқ дорад, ҳаракати микроавтобусҳои хатсайреро, ки аз ҷониби шаш мақомот иҷозат дорад, боздорад ё тағйир диҳад? Бошандагони деҳаи Fўлакандоз ба якчанд мақомот шикоят бурданд, аммо масъала ҳалли мусбаташро дарнамеёбад. Онҳо арзашонро тавассути рўзнома ба масъулин гўшрас карда, тақозо доранд, ки дар рўзҳои сарди зимистон равуояшон ба маркази вилоят тавассути микроавтобусҳои хатсайри №250 ба роҳ монда мешавад.
Ҳайати таҳририяи рўзнома умед бар он мебандад, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва роҳбарияту масъулини муассисаҳои нақлиётии вилоят манфиати сокинони деҳаи Fўлакандоз ва гирду атрофи онро аз ҳама боло мемонанд ва рўзҳои наздик мушкили мусофирон осон мегардад.
Абдуғафур АМИНЗОДА,
хабарнигори махсуси «Ҳақиқати Суғд»