Роҳ бесоҳиб монду партов пур шуд

Бо ташаббуси и.в. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар қаламрави вилоят соли 2014-ум соли роҳҳои обод эълом шуд ва дар партави ин иқдоми нек аллакай нақшаву тадбирҳо андешида мешаванд. Савори мошин раҳ то раҳ кас мебинад, ки ба фасли сармо ҳам нигоҳ накарда, кормандони раёсати ободонии шаҳри Хуҷанд заминро барои шинондани гулу ниҳол омода мекунанд, кормандони раёсати санитарӣ партовҳоро ба мошинҳо бор карда, шаҳрро басо зебову дилкашу тоза менамоянд.

Ман, сокини шаҳраки Палос ҳастам, аммо дар шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дораму ба хуҷандиён барои тозагии муҳити атрофашон ҳавас мекунам. Шояд хонандаи ин сатрҳо дида бошад, ки аз шафати чапи заводи консерв ва машруботи «Сомғор», ки дар ҳудуди деҳаи Заркорони Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Fафуров ҷойгир асту дар замони шўравӣ муассисаи вилоятӣ маҳсуб мешуд, канали начандон калон, ба ибораи мардум «селраҳа» мегузарад.

Канали номбурда Ҷамоати деҳоти Заркоронро бо маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиев мепайвандад ва дар маҷмўъ ин мавзеъ ба ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов тааллуқ дорад. Сокинони канори деҳаи Заркорон партовҳои маишии худро ба даруни ин селраҳа ва атрофи он мерезанд. Ҳама воқиф ҳастем, ки калонсолони маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиев на як бору ду бор бо сокинони деҳа дар ин хусус гуфтугузор кардаанд, аммо фосилае нагузашта сўҳбат фаромўш ва канори канал боз аз партовҳои маишӣ пур мешавад. Боре ба назди раиси ҷамоат ҳам даромада, дар ин хусус гап задем, аммо раис изҳор дошт, ки канал ва роҳи завод ба ҷамоат вобаста нест.

Ман фикр мекунам, бигузор ҳамин тавр бошад, аммо ҳар рўз аз ин роҳ чанд нафар сокинони деҳа мегузаранд, нақлиёти шахсиву мусофиркаш ҳам равуо дорад ва ҳатман чашми мардум ба ифлосиву партовҳо мерасад.

Мушоҳида мекунам, ки баъзе сокинони маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиев низ партовҳои чорворо берун аз ҳавлӣ мепартоянд. Дар фасли сармо он, ба қавле, дарди бахайр аст, аммо дар гармо ҳам бўи ғализ ва ҳам магасҳои зиёд ҳар роҳгузарро нороҳат мекунад ва барангезандаи бемориҳои зиёд мешавад. Ба ин монанд муаммоҳо бо партовҳои маишӣ хеле зиёданд.

Ин баҳси тўлонӣ, фикр мекунам, натиҷае нахоҳад дод, то он даме ки дар канори кўчаҳои деҳа қуттиҳои партоврезӣ гузошта шавад. Бигузор масъулони мақомоти дахлдори ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва кормандони хизмати санитарии ноҳия ба ин маҳалли зист низ эътибори ҷиддӣ диҳанд, то муҳити зист руҳияи мардуми меҳнаткаш ва рўзирасони шаҳриёнро вайрон насозад.

Тозаву обод кардани муҳити атроф сарҳад намепазирад. Роҳи замоне обод кардаи маъмурони заводи консерв ва машруботи «Сомғор» барои ҳамаи онҳое, ки аз он ҷо мегузаранд, тааллуқ дорад ва роҳу канали шафаташро тозаву озода нигоҳ доштан, кори ҳар сокини ватандўсту озодапараст маҳсуб меёбад.

Абдураззоқ ПОЧЧОЕВ,
сокини шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов

Add comment


Security code
Refresh