Духтарон хондан намехоҳанд ё онҳоро намемонанд?

Дар машварати августии соҳаи маориф Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар бораи ба зинаи сеюм фаро гирифтани хонандагон изҳори нигаронӣ намуд. Гурўҳи кории шўъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ноҳияи Мастчоҳ маҳз ҳамин масъаларо мавриди омўзиш қарор дод.

Гурўҳи корӣ корашро таҳти сарварии мудири шўъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раъно Бобоҷонова ва муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Мавлуда Маъруфова дар мактаби таҳсилоти умумии №2-юми ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакии Ҷамоати деҳоти Палдорак оғоз кард. Дар гурўҳи якум собиқадори соҳаи маориф Наимахон Мўъминова ва директори литсейи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Улфатнисо Аҳмадова ба занону духтарони деҳа оид ба сиёсати имрўзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба зинаи сеюм фаро гирифтани духтарон изҳори назар намуданд.

Гурўҳи дуюм бошад бо сарварии Раъно Бобоҷонова дар бозори Ҷамоати деҳоти Палдорак бо занону бонувони деҳа сўҳбат ороста, оид ба муаммои эшон пурсон гардид.

Далеле, ки гурўҳи кориро хеле ба ташвиш овард, натанҳо ба зинаи сеюм, балки ба зинаҳои якуму дуюм фаро гирифта нашудани толибилмон, махсусан духтарон буд.

Дар сўҳбати сарироҳӣ Рисолат Ҳоҷиева, сокини Ҷамоати деҳоти Палдорак, кўчаи ба номи Лоҳутӣ изҳор намуд, ки 2 гектар замини хоҷагии деҳқонии Муҳаммадро заҳ зер кардааст. Чандин маротиба муроҷиат кардам, ки ақаллан ҳосил, ки намегирам, санад тартиб дода, андозро сабуктар созанд. Аммо ҳама вақт бенатиҷа. Додам то гўши масъулон намерасад. Имрўз ба хулосае омадам, ки барои он ки дар ҷомеа туро гўш кунанду суханат асар дошта бошад, савод доштан лозим будааст. Зеро ман ба идораҳои дахлдор рафта, мақсадамро фаҳмонда наметавонам. Аз ин рў, фақат ба хоҳаронам, изҳор менамоям, ки хоҳ духтар бошаду хоҳ писар хононанд, соҳиби илму маърифат намоянд.

Мутаассифона, бо чанд нафар хонандагони дабистон вохўрдем, ки ҳамроҳи модарашон дар бозор ба хариди маҳсулоти хўрокворӣ машғуланд. Мутаассифона, ҳамаи онҳо дар синфҳои 3-юм, чорум, ҳафтум тарки мактаб карда, хонашиниро ихтиёр намудаанд. Ба беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Палдорак омадем. Ин ҷо занеро дучор шудем, ки дар даст кўдаки бемор роҳи духтурро интизор аст.

Аҳвол пурсида воқиф шудем, ки фарзандаш ба бемории дарунравӣ гирифтор шудаасту таби баланд дорад. Барои паст кардани таби фарзандаш модар аз доруи сефтраксон истифода бурдааст. Ҳол он ки ин дору антибиотик асту онро барои муолиҷа истифода мекунанд, на барои паст кардани таб.

Дар беморхона бо духтаре вохўрдем, ки Фирўза ном дошт. Фирўза дар ҳақиқат ҳозирҷавоб будааст. Ў имсол ҳабдаҳсола шудааст, аммо даргоҳи мактабро надидааст. Ў изҳор намуд, ки дар Федератсияи Русия, дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданду забони русиро кам –кам ёд гирифтааст.

Ин нуктаҳо хаёлан моро ба қаҳрамони романи «Духтари Оташ»-и Ҷалол Икромӣ Фирўза бурд, ки дар асри ХIХ зиндагӣ карда буд. Дар шикасти қолаби куҳан чӣ қадар ҷонбозиҳо карда буд. Фирўзаи асри бистуяк низ гумон мекунам, ки агар дар мактаб таҳсил менамуд, яке аз шахсони намоёни ҷомеа мегашт.

Дар палатаи ҳамшафат духтаре ҳамроҳи модараш бистарӣ буд. Аз ў пурсидем, ки ту дар синфи чандум мехонӣ?
-Агар ба мактаб мерафтам бояд синфи шаш мехондам, изҳор намуд ў.
-Чӣ ту дар мактаб намехонӣ? Чаро? -пурсон шудем аз ў .
-То синфи сеюм таҳсил намудам. Бо сабаби надоштани шароит дар оила ман мактабро тарк кардам... Маълум гардид, ки аҳли оилаи онҳо дар замин кор мекунанд. Замин аз мактаб фарсахҳо дур асту ў шароити ҳар рўз рафта омаданро надорад.

Даҳҳо нафарро дучор шудем, ки бо сабаби дар сари воти замин зистан, мактабро тарк кардаанд. Баъзан занҳо ба суоли он ки чаро фарзандонатон таҳсилро давом намедиҳанд, дар мо духтарҳо намехонанд, гўён посух гуфтанд.

Нафароне кам набуданд, ки мактабро нахонданду алҳол ба зиндагии оилавӣ азоб мекашанд, изҳори пушаймонӣ намуданд, ки таҳсилашонро дар вақташ чаро давом надодаанд.

Сардухтури беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Палдорак Холиқназар Валиев изҳор дошт, ки дар курси бозомўзии ҳамшираҳои шафқат 223 нафар духтарон соҳиби сертификат гардиданд. Яъне, ҳамин миқдор занону духтарон таълим гирифтанд. Онҳо туфайли ин ҳунари худ на танҳо оилаи худ, балки мардуми атрофро хизмати тиббӣ мерасонанд.

Баъди нисфирўзӣ гурўҳи кори мо, бо мактаби №17–уми Ҷамоати деҳоти Оббурдон омада, бо занону духтарон сўҳбат гузаронд. Собиқадори соҳаи маориф, узви Шўрои занҳои вилоят Наимахон Мўъминова, изҳор намуд, ки имрўз ҳар яки мо вазифадорем, барои пешбурди ҷомеа, оромию осоиштагии кишвар саҳми муносиб дошта бошем. Барои он мо, пеш аз ҳама, тарбияро дар хона, аз фарзанду наберагон сар кунем. Аз мактаб дур мондани кўдакон ин мусибат аст, мусибат ҳам ба оила, ҳам ба ҷомеа, изҳор намуд ў. Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Шўрои занони вилоят Дилбар Самадова ба занон ва модарон гуфт, ки кўшиш намоед, то духатаронатон хонанд, чун фарди ба ҷомеа лозимӣ, ба воя расанд.

Омўзгори МТУ №26–уми ноҳияи Мастчоҳ Шарофат Иброҳимова изҳор намуд, барои он ки духтарон дар мактаб таҳсил кунанд, бо волидони онҳо бештар корҳои тарғиботӣ бурдан лозим аст. Вақте, роҳбари синфиро ба зимма гирифтам, ба хонаи ҳар як толибилм, махсусан, духтарон, рафта, бо модарашон сўҳбат оростам. Аён гардид, ки бо ин масъала ҳал намешавад. Азбаски то омадани падари хонадон интизор шуда наметавонистам, бегоҳ ҳамроҳи шавҳарам боз омада, волидайнро розӣ кунондам, ки духтаронашон ба таҳсил фаро гирифта шавад. Ҳамон сол 11 нафарро ба мактаб ҷалб намудам ва пас аз хатми синфи 11 –ум 8 нафари онҳо таҳсилашонро дар мактабҳои олии кишвар ва омўзишгоҳҳо давом доданд. Чунин ҳолат дар аксар оилаҳо ба мушоҳида мерасад. Яъне, аксари падарон садди роҳи таҳсили духтаронашон мегарданд.

Ниёзбико Шокирова, ҳамшираи шафқат аз Ҷамоати деҳоти Оббурдон, узви хоҷагиии деҳқонии «Файзи Султон» изҳор намуд, мардуми деҳаи мо қариб, ки духтарони худро ба хондан намефиристонанд. Аммо шавҳари ман мехост, ки фарзандони мо хонанд, соҳиби илму маърифат гарданд. Аз ин рў, соли гузашта духтарамро ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд фиристодем. Соли гузашта як нафар, имсол духтари дигарам аз санҷиш нагузаштанд. Имрўз маркази саломатии «Файзи Султон» ба ҳамшираи шафқат ниёз дорад. Фарзандони мо ҳарчанд дониши хуб доранд ба Коллеҷи тиббӣ дохил шуда наметавонанд. Вай аз гурўҳи корӣ хоҳиш намуд, ки оид ба ҳалли ин қазия кўмак намояд.

Ҳамзамон, собиқадори меҳнат Сабоҳат Нурова, дар толор нишастагонро даъват намуд, ки нисбат ба тақдири фарзандони худ бефарқ набошанд, баҳри саводнок намудани онҳо кўшиш намоянд. Дар охир муовини Раиси ноҳияи Мастчоҳ Мавлуда Маъруфова занонро даъват намуд, ки барои бо савод кардани фарзандони худ хоҳ писар бошад, хоҳ духтар кўшиш намоянд, то онон низ барои пешбурди ҷомеа, баҳри шукуфоии Тоҷи-кистони азиз саҳми намоён гузоранд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА

Add comment


Security code
Refresh