Чемпион- марҳамат! Имтиёз аз қоқи нав!

Ва ё чаро ба ҳаққи ҳалоли мураббии заҳматкаш зомин мешаванд?
Баростӣ, гумон мекардам, ки дар рўзгори имрўзини мо кӣ- кӣ Геннадий Набиев барин шахс дар дил ягон дарду доғ надорад ва муқаррар мақому манзалат ва обрўю эътибораш сабабгори бевоситаи ҳаёти шоиста ва чунонки дар урфият мегўянд, зиндагии пуру паймон хоҳанд буд. Дигар хел буданаш ҳам мумкин нест, охир! Аз рўи адолат гўем, ба мисли Набиев ҳам варзишгар ва ҳам мураббӣ нафақат дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ ангуштшумор ҳастанд ва воқеан, дар кишварҳои ҳамсоя монанди ў ашхоси камназирро тоҷи сару рўйи даст карда, эҳтироми эшонро дар ҳама сатҳҳо бо дилу ҷон ба ҷо меоваранд.

Марҳамат, хонандагони гиромиқадр, худ қазоват намоед: якум, Геннадий Набиев дар кишварамон ягона варзишгари то кунун фаъоле аст, ки ба дарёфти камарбанди сиёҳи дараҷаи панҷум(!) ноил шудааст ва то ҳанўз бар замми тарбият додани шогирдон худаш ҳам аз арсаи паҳлавонӣ дур нашудааст ва ҳалолаш бод, ки дар мусобиқаҳои гуногун шарафи Тоҷикистонро ба шарофати комёбиҳои бевоситаи худ хеле арзанда ҳимоя менамояд; дуюм, Геннадий Воҳидович асосгузори каратэ дар мамлакати мо аст ва зиёда аз 30 сол инҷониб президенти доимии Федератсияи санъати ҷангӣ кишвар мебошад, ки таҳти раҳнамоии ў каратэчиёни тоҷик ба мақоми баланд ноил шудаанд.

Хотиррасон кардан кофист, ки солҳои ҳаштодуми асри гузашта шогирди мураббии мазкур Игор Ким дар Тоҷикистон ягона Устоди спорти СССР, чемпиони СССР ва дорандаи медали биринҷии чемпионати Аврупо буд; сеюм, устоди муаззам Набиев Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мураббии дараҷаи олӣ буда, дар мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 3-юми шаҳри Хуҷанд ба тарбияи муттасили варзишгарони бомаҳорат машғул мебошад…

Бешубҳа, чунин рақамҳои тартибиро аз муваффақиятҳои камназири ин раҳнамои бомаҳорат беохир давом додан мумкин аст. Вале муроди мо назди хонандагон рў кардани дастоварди варзишгар ва мураббии баландноми тоҷик нест. Воқеан, дар ин хусус хеле бисёр навишта ва, ҳатто, филми олиҷанобе таҳия карда шудааст ва онҳо гувоҳӣ бар он медиҳанд, ки Геннадий Воҳидовичро, мутаассифона, на дар диёри худаш, балки берун аз он, дар кишварҳои дуродур бештар ҳурмату қадршиносӣ мекардаанд! Чӣ, магар, чун одат, боз ҳам оби дари хона қадр надорад?!

-Аз афташ, ҳамин хел барин,- аз дарду алам дар чашмони Геннадий Воҳидович осори баръалои ғаму ранҷиш пайдо мешавад.

- Ҳар карат аз забони Сарвари давлат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Қоҳир Расулзода- парасторони ҳақиқию дилсўзи варзишу варзишгарони тоҷик суханони самимӣ ва вазифагузориҳои барҳақ асоснокро шунида, дар дилам оташаки умед пайдо мешавад. «Акнун муносибат бар варзишу мураббиён дигар мешавад» - мегўям худ ба худ. Аз машварату суханронии Президент ва Раиси вилоят боз рўзу ҳафтаҳо сипарӣ мешаванду соҳаи варзиш бо муаммоҳои дандоншиканаш мисли пештара мондан мегирад. Бовар кунед, ба роҳбарони дараҷаи аввали мамлакату вилоят аксарияти кулли мансабдорон ҳисоботу маълумотҳои бардурўғ ва муболиғаомез медиҳанд. Дар натиҷа, гап дар маълумоту ҳисобот дигар асту дар ҳаёти феълии бисёр муассисаҳои варзишӣ дигар.

Гиламандии мураббии шоистаю хизматкарда ҷон дорад ва инро, пеш аз ҳама, рўзгори шахсии Геннадий Воҳидович сад дар сад собит месозад. Дур нарафта номаи расмии ба унвони Прокурори шаҳр иншокардаи мураббӣ Набиевро мисол меоварем. Дар он Геннадий Воҳидович шикоят менамояд, ки дар бадали соли 2012-ум шаш нафар чемпиони ҷумҳурӣ, ҳашт нафар чемпиони вилоят, ҳафт нафар номзад ба устодии варзишро тарбият кардааст. Шогирдаш Ҷаҳонгир Олимов моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷанги дастӣ барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон мақоми дуюмро соҳиб шуда, парчами Тоҷикистонро дар қуллаи баланд парафшон намуд.

-Боиси сарбаландии миллат ва кишвар аст, ки дирўз Ҷаҳонгир бо пирўзии навбатӣ баргашт,- ашки шодӣ дар дидагони мураббӣ чарх мегардад. –Вай дар чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Волгодонски Русия аз 2 то 5-уми май баргузор гардид, унвони баланди чемпиониро дар байни наврасон ноил гардид. Шояд кам касон медонанд, ки дар паси ин дастоварди бузурги паҳлавони хуҷандӣ чӣ қадар маҳрумиятҳои худи ў ва мураббиёнаш ниҳонанд.

Оддиякак гўям, барои ба ин мусобиқаи бонуфуз роҳӣ намудани варзишгари ояндадор ман назди киҳо сари гадоӣ хам накардам… Ва оқибат баъди кўшишҳои зиёди бебарор, ки аз онҳо ҳамаи мақомоти дахлдору масъул бохабар ҳастанд, ману падараш Ҷаҳонгирро бо маблағи худамон ба сабқати ҷаҳонӣ фиристодем.

Хонандагони арҷманд, тасаввур мекунед, барои чемпиони ҷаҳон раҳкиро пайдо нашуд! Муқаррар мақомоти дахлдор, аз ҷумла созмони ҷавонони сатҳҳои мухталиф ва ҳукумати маҳаллӣ ҳангоми таҳияи ҳисоботҳояшон, албатта, комёбии чемпиони навраси ҷаҳонро самараи фаъолияти худ медонанд. Дар ин маврид онҳо фаромўш мекунанд, ки мураббӣ ва шогирди умедбахш кўмаку дастгириашонро чашмдор буданд ва сўйи эшон ҳам дасти «гадоӣ» дароз кардаанд. Лекин ба гўши масъулин нидои имдодҷўёнаи варзишгарон намедаромад. Касе пайдо намешуд, ки сафарпулии ақаллан чемпиони ояндаро омода карда диҳад. Гўё ба дастоварди варзишгар на ташкилотҳои дахлдор ҳавасманд буданду на саховатмандон. Ана, кору мана кор!

«Қадри зар заргар бидонад» гуфтагӣ барин устод Набиев пасандозҳои худро аз шогирди арзандааш дареғ надошт. Охир, вай тоқат карда наметавонист, ки чунин паҳлавони худодод бар касофати гавҳарношинос будани шахсони масъул, аз шинохти арзишҳои асили миллӣ бенасиб будани сарватмандон хору зор шавад! Устоди заршинос ба маҳорату малакаи шогирди беҳамтояш боварии калон дошт, бинобар ин, бо вуҷуди ранҷиши сахт боз ба умеди фардои нек роҳи ситезаро пеш нагирифт. Ҳол он ки Геннадий Воҳидович ба ситеза ҳақ дошт!

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» мураттаб гардидааст, барои танзими фаъолият Низомномаи намунавии муассисаҳои варзишии Тоҷикистон бо имзои Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон тасдиқ карда шудааст. Дар ҳуҷҷати мазкур аз ҷумла омадааст, ки «барои тарбияи чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди маоши мураббиён- омўзгорон… муддати як сол 50 фоиз иловапулӣ дода мешавад». Ин таъкид дар банди 13-уми санади мазкур аниқу дақиқ навишта шудааст. Чунонки аз номаи ба Прокурори шаҳр ирсолкардаи Геннадий Воҳидович иқтибос кардем, вай дар давоми соли 2012-ум 6 нафар (!) чемпиони ҷумҳурӣ ва инчунин дорандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонро тайёр кардааст. Яъне, қонунӣ барои гирифтани иловапулии солона ҳақ дорад.

-Гумон мекунед, ки ин супориши ҳукуматӣ иҷро гардид?!- бо ҳайрат мепурсад Геннадий Набиев.- Моҳи октябри соли 2012-ум ба шўъбаи молияи шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷатҳоро маъмурияти мактаби мо манзур карда буд. Аммо дар ин даргоҳ ба ман ошкоро гуфтанд, ки иловапулиеро умед накунам. Бинобар ин, барои моҳҳои октябр, ноябр ва декабр маро аз ҳаққи ҳалолам маҳрум намуданд. Гумон доштам, ки вазъият аз соли нав беҳтар мешудагист. Инро бинед, ки ба ҷои 50 фоизи қонунӣ аз моҳи январ инҷониб ба маошам 30-фоизӣ илова карданд.

Ташаккур, ки номаи маро барои чораҷўӣ Прокуратураи шаҳр ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фиристода будааст (ин тахмини худам аст, чунки ман ба ҳукумати шаҳр расман муроҷиат накарда будам). Бо имзои муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаммадӣ Давлатов мактуби ҷавобӣ гирифтам, ки ин шахси масъул ба ҷои рўй овардан ба ҳуҷҷатҳои расмӣ далели беасоси шўъбаи молияро такрор кардааст. Ман ба кормандони шўъбаи молия низомномаро пешниҳод карда, талаб намудам, ки дар кадом асос кам кардани ҳаққи ҳалоли маро исбот кунанд.

Ман ба онҳо мисол овардам, ки дар шаҳру навоҳии дигар мураббиён барои омода намудани чемпиони ҷумҳурӣ (новобаста аз синну сол!) 50 фоиз иловапулӣ мегиранду чаро мани ин қадар қаҳрамонҳоро тайёркарда се моҳи соли гузашта пурра ва дар давоми соли ҷорӣ аз 20 фоиз маблағи бо арақи ҷабин кор кардаам маҳрум ҳастам?! Аслан ин имтиёз барои тайёр намудани як нафар чемпиони ҷумҳурӣ муқаррар гардидааст, чаро ман бар ивази шаш чемпион ҳам ба гирифтани иловапулӣ лоиқ набудаам?! Баҳонаи шўъбаи молия ба ягон қолиб рост намеояд, лекин аз ин на дар МИҲД-и Хуҷанд ва на дар Прокуратураи шаҳр парво карданӣ нестанд.

Геннадий Набиев комилан ҳақ аст. Дар банди 13-уми низомномаи номбурда мушаххасан «чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикис-тон» оварда, ба ягон синну сол ишора нашудааст.

Воқеан, истиноди шўъбаи молияи ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба он банде дахл дорад, ки тибқи талаботи он бояд ба мураббӣ барои ба воя расонидани чемпиони ҷаҳон аз моҳи майи соли равон сар карда ду соли расо180 фоиз (!) иловапулӣ дода шавад. На дар банди 13-ум, балки дар банди 3-юми Низомномаи намунавии муассисаҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳбандӣ аз рўи синну сол ҳақиқатан ҳам ҷой дорад. Аз ин хотир, Геннадий Набиев гиламанд аст, ки дар шўъбаи молияи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд норасоии буҷетро аз ҳисоби ба қавле «уштурча» кардани ҳаққи ҳалоли вай барин ашхоси хизматкардаи «маошхўр» пур карданӣ шудаанд.

-Агар барои додани 50 фоиз иловапулӣ чунин муносибатро бо мо барин мураббиён раво медида бошанд, маро ғами он гирифтааст, ки барои ба даст гирифтани 180 фоизи иловапулии нав- барои ба воя расондани шогирдам Ҷаҳонгир Олимов-чемпиони ҷаҳон байни наврасон боз чӣ қадар ҳақталошию сарсонӣ дар пеш бошад,- афсўс хўрд Геннадий Воҳидович.- Наход, ин карат маро водор бисозад, ки то ба Сарвари вилоят муроҷиат карда бошам?! Инро барои худ иснод мешуморам, зеро аз ғамхориҳои ҳаққонии мўҳтарам Қоҳир Расулзода нисбат ба варзиш ва мураббиёни соҳа нағз хабардор ва миннатдор ҳам ҳастам, лекин тарс аз он дорам, ки муҳит дар ташкилотҳои зикршуда заррае дигар нашудаасту боз барои имтиёз талош карданам зарур меояд, вагарна онро аз қоқи нав ваъда хоҳанд кард. Аз афташ, ба остонаҳои баланд шикоят бурданам ногузир мешавад. Чӣ кунам, ки аз ҳаққи ҳалоли худ гузашт ҳам карда наметавонам…

Мо бар он ҳастем, ки дар шўъбаи молияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба омўзиши ин масъала ҳатман бо камоли масъулият муносибат менамоянд ва барои фаъолияти пурсамари мураббии варзишгарон тадбирҳои муносиб меандешанд. Чӣ бадӣ дорад, ки минбаъд шиори одилонаи «Чемпион-аз Шумо, имтиёз- аз мо!» амал бинамояд. Ана, он вақт, албатта, олам гулистон мешавад!

Солеҳи ЗАРИФЗОД,
хабарнигори рўзномаи «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh