Рафъи камбудӣ – омили барқарорсозии шуҳрати қаблӣ

Агар ба таърихи қайиқронӣ назар афканем, маълум мегардад, ки он ҳамчун намуди варзиши олимпӣ аз соли 1936 маълуму машҳур аст. Сараввал дар он мардон барои қувваозмоӣ байни худ сабқат менамуданд. Дар байни бонувон ин бозӣ соли 1948 вақте бозиҳои олимпии Лондон баргузор гардид, оғоз шуд. Қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ яке аз навъҳои варзиши дӯстдоштаи аксарияти мардум ба ҳисоб меравад. 

Байдарка навъи варзише аст, ки варзишгар дар қайиқ нишаста, бо бели дутарафа ҳаракат мекунад. Дар ин намуд чанбар истифода мешавад, ки онро варзишгар бо пой идора мекунад. Дар намуди 2 ва 4 - нафара идора намудани чанбар бар дӯши варзишгаре, ки дар пеши қайиқ менишинад, вогузор аст. Ин қувваозмоиро дар мусобиқаҳо бо ҳарфи “К” ифода мекунанд.

Дар навъи Каноэ варзишгар дар қайиқ бо як зону меистад ва онро бо бели яктарафа ба ҳаракат медарорад. Ин намуд чанбар надорад, варзишгар онро бо ҳаракатҳои махсус идора мекунад. Каноэ дар мусобиқаҳо бо ҳарфи “С” ифода меёбад.

Имрӯз чун солҳои пеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навъи варзиш рӯ ба пешравӣ мениҳад. Ин ҷо зикри гирандагони медали тиллои замони Шӯравӣ Иброҳим Ҳасанов ва Юрий Лобанов бамаврид аст. Иброҳим Ҳасанов соли 1960 дар Бозиҳои олимпии Рим қатори чандин варзишгарони номии олам ширкат варзида, дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр ба гирифтани мақоми чаҳорум мушарраф гардид. Баъдан номбурда соли 1964 дар Бозиҳои олимпии Токио дар байдаркаи дунафара дар масофаи 1000 метр мақоми ҳафтумро сазовор шуда буд.

Юрий Лобанов медали тиллои худро соли 1972 дар Бозиҳои олимпӣ, ки дар шаҳри Мюнхени кишвари Олмон, дар каноэи дунафара ба масофаи 1000 метр ба даст овард. Медали биринҷии худро, дар Бозиҳои олимпии шаҳри Москва соли 1980 соҳиб шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки Юрий шогирди варзишгари маъруфи кишвар Иброҳим Ҳасанов аст.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз рӯи ин навъ варзишгарон кишвари худро муаррифӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, варзишгари умедбахши тоҷик Шаҳриёр Даминов соли 2018 дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар масофаҳои 1000 ва 500 метр сабқат намуда, сазовори ду медали тилло гардидааст.

Имрӯз дар вилояти Суғд бо вуҷуди баргузории тамринҳо шароити хуби тамрин мавҷуд нест. Ба андешаи сармураббии вилоятӣ оид ба қайиқронӣ Азиз Бобоҷонов бояд оби мавзеи тамрингоҳ ором бошад. Аснои суҳбат маълум гардид, ки аз набудани шароити мусоид варзишгарон маҷбуранд дар Сирдарё ба тамрин машғул гарданд.

Қаблан дар ин бора дар шумораи рӯзнома маводе нашр намуда будем. Хостем бобати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта аз масъулин пурсон шавем. Чун ба базаи қайиқронӣ ворид гардидем, аён гардид, ки вазъи соҳа хеле мураккаб аст. Ҷойи либосивазкунии варзишгарон моро ба ҳайрат гузошт. Наход дар маркази вилоят базаи қайиқронӣ дар чунин ҳолат бошад?

Инчунин, ҳоли қайиқҳое, ки болои онро хоктӯда ва тори анкабут ғасб намудаанд, нигаронкунанда аст. Чун аз масъулини соҳа бобати вазъи мавҷуда пурсон шудем, муҳри хомӯшӣ бар лаб ниҳода, танҳо қайд намуданд, ки маблағ нокифоя аст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки варзишгарон аз қайиқҳои як ва дунафарро истифода мебаранду халос. Ҳол он ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналхалқӣ варзишгарон аз рӯи байдаркаҳои се ва чаҳорнафара низ сабқат хоҳанд намуд. Аз ин рӯ, мо барои тамрин дар байдаркаҳои се ва чаҳорнафара мушкилиҳои зиёд дорем, ки монеаи варзишгарони мо дар мусобиқаҳо хоҳанд шуд, - иброз намуд Азиз Бобоҷонов.

Варзишгарон бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Масалан, соли 2018 қайиқронони вилоят дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе байни наврасон баргузор гардид, сазовори 20 медал, аз ҷумла, 7 тилло, 4 нуқра ва 9 биринҷӣ шуданд. Дар Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, миёни калонсолон 14 қайиқрони вилоят дар сабқатҳо ширкат варзида, бо гирифтани 7 медали тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ сарбаландона ба вилоят баргаштанд. Варзишгарон дар мусобиқаҳои осиёӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷоизадори мусобиқот гардидаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки варзишгарони вилоят, давоми 6 моҳи аввали соли равон ба гирифтани беш аз 50 медали тилло мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, моҳи июли соли равон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ се даста иштирок намуда, соҳиби 22 медали тилло гаштанд, - мегӯяд сармураббӣ Азиз Бобоҷонов.

Имрӯз дар вилоят баҳри омода намудани варзишгарон муассисаҳои давлатии мактаби маҳорати варзишии олии вилоят, мактаби варзишии вилоят, мактаби варзишии захираҳои олимпӣ, мактаби варзишии шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият намуда истодаанд. Дар ин муассисаҳо беш аз 10 нафар мураббӣ барои зиёда аз 250 нафар варзишгар нозукиҳои ин навъи варзишро меомӯзонанд.

Масъулини соҳа иброз медоранд, ки дар сурати ҳалли мушкилиҳои мавҷуда имконияти иштирок дар мусобиқаҳои дохиливу беруна зиёд мегардад. Имрӯз қайиқронони вилоят дорои либоси ягонае, ки муаррифгари миллат ва вилоят бошад, нестанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh