Чемпиони Россия аз кӯҳистони Тоҷикистон

Вақте ки соли 1999 фарзандам Камол бо ҳамсараш Мадина азми сафар ба Россия карданд, баъди додани дуои роҳ дар дилам оташ афтода буд. Оилаи ҷавон, камтаҷриба, дар шаҳри мусофирӣ чӣ хел ҳисоби зиндагиро меёбанд?» - андешае омад ба сарам. Аммо иродаи қавӣ ва орзуҳои навҷавонон, ки аз шаҳри Петропавловск-Камчатский аввалин хабарҳои хушро расониданд, умедамро зиёд намуд. Навҷавонон мувофиқи касби худ ба кор машғул шуданд.

 Соли 2000-ум онҳо соҳиби духтаре бо номи Лайлӣ гардида, пас аз се сол ба писари навзоди худ номи яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома» Фаридунро гузоштанд. Шодии ин оилаи ҷавонро ҳадду каноре набуд. Бо гузашти солҳо фарзандони онҳо ба воя расида, дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 3 ба номи А.С.Пушкин таҳсили илм карданд. Фаридун ҳанӯз ҳангоми дар синфи як хонданаш дар мактаби варзишии рақами 5 дар машқҳои ҷангӣ дастӣ иштирок менамуд. Гирумон ва машғулияти ҷиддии ӯ диққати мураббӣ Браславский Сергей Михайловичро ба худ ҷалб намуд. Мураббӣ ӯро ба чемпионати шаҳри Петропавловск - Камчатский тайёр намуд. Ӯ соли 2012 орзуҳои мураббии худро ҷомаи амал пӯшонида, чемпиони шаҳр гардид. Соли 2017 дар чемпионати Шарқи Дур, ки дар шаҳри Благовеғенск барпо гардида буд, Фаридун чемпиони Шарқи Дур гардид. Минбаъд машқҳои худро такмил дода, соли 2017 дар чемпионати Россия, ки дар шаҳри Орёл барпо гардид, ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф шуд.

Соли 2019 дар шаҳри Волгоград чемпионати Россия барпо гардид, ки Фаридун дар вазни 70 кг 6 нафар рақиби худро мағлуб сохт. Ҳоло Фаридун ба чемпионати ҷаҳон, ки моҳи августи соли 2019, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон барпо мегардад, омодагӣ мебинад.

Хоҳараш Лайлӣ бошад, соли 2018 ба Тоҷикистон баргашта, донишҷӯи бахши якуми Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Ӯ низ шогирди мураббӣ Муҳаммадҷон Ҷӯраев буда, нозукиҳои санъати Каратэ-До-ро аз ӯ меомӯзад. Лайлӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуд. 2 майи соли 2019 Лайлӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардид.

Раҳим РАҲМОНОВ,
Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh