Оғози дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ

Рӯзи 22 июн дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими кушодашавии дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли варзишгаронро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи варзиш ёдовар шуд.

Таъкид карда шуд, ки дар вилояти Суғд барои машқу тамрини варзишгарону ҷавонон навъҳои гуногуни муассисаҳои варзишӣ, толору майдонҳо, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ мавҷуд буда, ҷиҳати ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, чанде қабл барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи 15 намуд мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд, ки дар он илова бар варзишгарони мамлакат даҳҳо варзишгарони ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон низ иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бо ташаббуси Федератсияи милии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузаронида мешавад. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 90 нафар шиноварон аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh