Маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

14 майи соли равон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилояти Суғд маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар маросими мутантани ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, ҷавонони фаъол, варзишгарон ва собиқадорони соҳаи варзиш ширкат варзиданд.

Нахуст дар оғози чорабинӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  садо дод.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими расмии чорабинӣ суханронӣ намуда, ба мусобиқаҳои варзишӣ ҳусни оғоз бахшид ва барои иштирокдорони он барору комёбӣ таманно намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла зикр дошт, ки чорабинии мазкур тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар чунин сатҳ бори аввал доир гардида, ба рушду таҳкими варзиш, дӯстиву рафоқат байни ҷавонон, оммавияти варзиш мусоидат менамояд.

- Мақсади асосӣ аз ин мусобиқаҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ байни варзишгарон ва фароҳам олвардани шароитимусоид барои сайқал додани маҳорати варзишгарони касбӣ, таъмини оммавияти варзиш маҳсуб меёбад, - зикр дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода.

Мавриди зикр аст, ки дар вилоят  ба рушди соҳаи варзиш  эътибори зарурӣ дода мешавад. Аз ҷумла, дар самти сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои варзишӣ, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ, рушди намудҳои олимпӣ дастовардҳо назаррас мебошанд.     Варзишгарони вилоят дар  мусобиқаҳои сатҳи мухталифи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиши кишвари соҳибистиқлоламонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. 

Давоми соли 2018 ва чор моҳи сипаришудаи соли равон дар шашаҳру ноҳияҳои вилоят 124 иншооти варзишӣ ба маблағи 12,5 миллион сомонӣаз ҳисоби буҷети маҳаллӣва 26,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар бунё два мавриди ситифода қарор гирифтанд. Танҳо дар чор моҳи соли равон дар вилоят беш аз 550 мусобиқаҳои варзишӣ ва солимгардонӣ бо иштироки зиёда аз 123,4 ҳазор нафар наврасону ҷавонон гузаронида шуданд

Мусобиқаи мазкур дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва як моҳи ҷавонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Fафуров, Истаравшан, Исфара, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Мастчоҳ  доир гардида, аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмот, бокс, гӯштини камарбандӣ, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, волейбол, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ ва тирпарронӣ доир хоҳанд шуд.

Тибқи иттилои масъулин барои ҳавасмандгардонии варзишгарон, гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ ва Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи 15 навъи мусобиқаҳо 500 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.

Дар мусобиқаҳои варзишӣ намояндагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат меварзанд. Чунончӣ, дар маросими ифтитоҳи  мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд 72 нафар варзишгар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 54 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 5 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамзамон варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ бозии дӯстона байни духтарон оид ба тенниси рӯи миз доир гашт, ки писанди иштирокдорон гардид.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh