ВАРЗИШ ОМИЛИ РАФОҚАТУ ДӮСТИСТ!

Ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон дар вилоят чорабиниҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят баргузор гардида истодааст. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш мебошад. Инчунин, дар чорабинӣ варзишгарони кишварҳои ҳамсояи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ сабқат менамоянд.

Заррина Алибердиева варзишгардухтари ӯзбекистонӣ дар суҳбат қайд намуд, ки мақсади асосии ӯ ва ҳамдастагонаш ғолибиятро ба даст оварда, сазовори Ҷом гардидан аст.

- Хурсанд аз он ҳастам, ки ба кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон омадам. Варзиш омили асосии дӯстии байни миллатҳо буда, қосиди сулҳ унвон доштанаш бесабаб нест. Дар ин чорабиниҳо ба ҷузъ аз иштирок, дӯстони зиёд пайдо намуда, шаҳри зебои Хуҷандро аз наздик тамошо хоҳем кард, - иброз намуд З. Алибердиева

Мурат Аллаев бошад, дар намуди варзиши бокс кишвари худ - Қазоқистонро муаррифӣ мекунад. Дар ин самт ӯ омодагии хуб дида, орзу дорад ғолиби мусобиқа шавад ва Ҷоми Раиси вилоятро ба кишвари худ барад.

- Ба ташкилкунандагони мусобиқот миннатдорӣ намуда, гуфтаниям, ки бояд чунин чорабиниҳо дар байни кишварҳои ҳамсоя ва дӯсту бародар гарданд. Зеро, маҳз варзиш аст, ки боиси афзудани дӯстиву рафоқат зиёд мешавад. Тайи чанд рӯзе, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳастем, ба ҷуз аз иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ боз аз мавзеъҳои таърихиву тамошобоби ин шаҳри воқеан афсонавӣ дидан хоҳем кард, - илова намуд номбурда.

- Мехостам ба тамошои шаҳри зебои Хуҷанд, ки васфашро шунида будам, биёям. Имрӯз маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои роҳбарияти вилоят, ки чорабиниро ташкил намуданд, ба ин шаҳри зебо омадам. Мақсади омадан агар иштирок дар мусобиқоти варзишӣ бошад, пас аз он зебогиҳои шаҳрро дидан орзуи асосии ман аст. Дар ин чорабинӣ банда аз рӯи намуди футбол бо ҳамроҳии ҳамдастагонамон Қирғизистонро муаррифӣ намуда, умед дорем натиҷаҳои хубро ба даст орем, - гуфт зимни сӯҳбат Далер Мусаев.

Барои иштирок дар ин мусобиқот, ки ҳамасола аз ҷониби Раиси вилоят, барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят ташкил мешавад, тайёрии хуб дидам. Умед дорам, аз рӯи варзиши тирпарронӣ ширкат намуда, сазовори Ҷом гардам, - мегӯяд варзишгари тоҷик Алишер Баҳромов.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят аз рӯи намудҳои гӯштини тарзи озод, камарбандӣ, гӯштини миллӣ, волейбол, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмот, бокс ва тирпарронӣ баргузор мегардад. Мусобиқаҳои мазкур то 21 – уми майи соли равон сурат гирифта, ғолибон бо мукофот ва Ҷоми Раиси вилоят қадрдони карда мешавад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh