ПИРӮЗИИ “ХУҶАНД” БАР “ДОРДОЙ”

 

 

 

Виталий Левченко мураббии нави бошгоҳи «Хуҷанд» - и шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро бо пирӯзӣ оғоз намуд. Ин дар ҳолест, ки Нӯъмон Юсуфов мурабби пешинаи ин даста, бинобар нокомиҳои охири даста, ки дар бозии аввали гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё(КФО) – 2019 бар дастаи «Истиқлол» - и Душанбе ва дар Лигаи олии кишвар аз дастаи «Истаравшан» - Истаравшан ба амал омада буд, аз вазифаи мураббигиаш озод гардида, ба ҷояш Виталий Левченко собиқ - бозингари дастаи “Хуҷанд” ва тими миллии кишвар таъин гардид.

Дар вохӯрии даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) - 2019  дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд  дар майдони худ дастаи “Дордой” - и Ҷумҳурии Қирғизистонро қабул намуд. Вохӯрии байни дастаҳо дар варзишгоҳи “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир гардид. Дар ин вохӯри ҳарду ҷониб бозии хуб нишон дода, нахуст Бекжан Сагинбаев футболбози дастаи меҳмонон ҳисоби бозиро дар дақиқаҳои  17 – ум кушод. Пас аз бозигузориҳои зиёд дар қисми аввали бозӣ ҳамлагари шинохтаи дастаи  “Хуҷанд” Дилшод Восиев ҳисоби бозиро тағйир дода, қисми аввалро бо мусовӣ хотима намуданд. Бахт ба рӯи дастаи «Хуҷанд» хандид.

Дар дақиқаи 63 - юми бозӣ Дилшод Восиев голи дуюми дастаро ба нишон расонида, дар номи худ «дубл» - ро сабт намуд . Футболбозони дастаи «Хуҷанд» бо бозии зебои худ ҳар лаҳза ба ҷаримагоҳи ҳариф ворид гардида, хатарҳои зиёдро эҷод мекарданд. Ниҳоят, дар охирҳои қисми дуюми бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 89 – ум аз ҷониби дастаи меҳмонон қоидаи бозӣ вайрон гардида, довари ҳиндустонӣ зарбаи ҷаримавии 11- метраро пешниҳод намуд. Ҳамлагари дигари дастаи мизбон Ҷаҳонгир Эргашев аз ин зарба голи сеюми дастаашро ба самар расонида, пирӯзии “Хуҷанд” - ро таъмин намуд.

Пас аз ин бошгоҳи “Хуҷанд” бо се имтиёзи ба даст овардаи худ дар гурӯҳи «D» ба зинаи дуюм роҳ ёфт.  Зинаи аввали ҷадвалро дастаи дигари кишвар дастаи “Истиқлол” – и Душанбе бо касби 4 имтиёз соҳиб гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки шогирдони Виталий Левченко дар майдони худ санаи 30 – юми апрели соли равон дар даври сеюми бозӣ бо дастаи “Алтин – Асир” - и Туркманистон майдондорӣ мекунанд. 

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh