Шароити хуби баргузории мусобиқаҳо

Муассисаи давлатии Варзишгоҳи ба номи 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дорои комплексҳои «Қасри варзиш», «Корти теннис» ва «Варзишгоҳ» мебошад. Майдони футболи ин муассиса соли 2009 бунёд гардида, дорои 25 ҳазор ҷои нишаст аст. Аз замони ифтитоҳ то имрӯз дар ин ҷо чандин мусобиқаи байналмилалии футбол баргузор гардидааст. Ёдовар шудан лозим аст, ки мусобиқаи футбол оид ба роҳхати Ҷоми ҷаҳон миёни дастаҳои яккачини Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ маҳз дар ин варзишгоҳ баргузор шуда буд.

Ҳамчунин, бозиҳо байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия, Ливия, Баҳрайн ва Ҷоми Осиё оид ба футбол байни дастаҳои яккачини қитъаи Осиё баргузор гардидааст, ки дар он «Истиқлол» - и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд» - и Хуҷанд, «Равшан» - и Кӯлоб ва «Регар - ТадАЗ»- и шаҳри Турзунзода хуб қувваозмоӣ намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд.

«Қасри варзиш» - и ин муассиса моҳи сентябри соли 2013 бо намуди замонавӣ бунёд гардид. Он дорои 2700 ҷои нишаст буда, мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, баскетбол, волейбол, намудҳои гӯштини самбо, дзюдо, камарбандӣ ва муҳорибаҳои омехтаю якҳарба, инчунин бокс гузаронида мешаванд.

Бино ба иттилои директори муассиса Наим Сулаймонзода, дар «Қасри варзиш» мусобиқаҳои сатҳи Осиёӣ низ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, чемпионати Осиё оид ба футболи хурд, муҳорибаҳои омехта, ҷанги дастӣ ва самбо писанди дӯстдорони варзиш аст. - Дар ин толор барои таҳким бахшидани дӯстиву рафоқати байни кишварҳо намоишҳои фарҳангиву иқтисодӣ низ баргузор гардидааст.

Намоишҳои сирки давлатҳои Миср, Россия, Ӯзбекистон, молу маҳсулоти Ҳиндустон тасдиқи гуфтаҳои болост, - иброз дошт номбурда. Тибқи маълумоти масъулон муассиса барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ омода аст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh