Ифтитоҳи толори замонавии варзишӣ дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол

10 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен дар маросими баистифодадиҳии толори замонавии варзишӣ дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол иштирок намуд.

Дар маросими ифтитоҳи толори варзишӣ таъкид кара шуд, ки соҳибкорони ватандӯст баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, бо иҷрои корҳои созандагӣ дар ободонии маҳалли худ саҳми назаррас мегузоранд.

Раиси вилоят дар аснои суҳбат  бо наврасону ҷавонон қайд намуд, ки пайваста машғул шудан ба варзиш, на танҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои гуногун роҳ мекушояд, балки инсонро ҷисману руҳан солим мегардонад.

Толори варзишии мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каримҷон Исмоилов бо харҷи наздик 300 000 сомонӣ бунёд гардидааст. Тибқи иттилои масъулин айни замон дар ноҳияи Спитамен бунёди 8 майдончаи варзишӣ идома дошта, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh