Дастоварди варзишгарон

14 нафар варзишгарон ва 2 нафар мураббиёни мактаби варзишии ба номи Рустам Амакиеви ноҳияи Спитамен дар мусобиқа оид ба КАРАТЕ-до дар шаҳри Волгогради Федератсияи Руссия барои гирифтани Ҷоми ҷаҳон, ки чанде пеш баргузор гардида буд иштирок намуда, соҳиби ҷои намоён гардиданд.

Дар ин мусобиқа 14 нафар наврасону ҷавонон бо сарварии мураббиёни ин мактаби варзишӣ Турдимуродов Абдувосит ва Турабоев Зоҳидҷон қувваозмоӣ намуда, ба дастоварди баланд ноил гардида, Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Варзишгарон бо 9 медали тилло, 5 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун ширкат намуда, соҳиби  243 медал, аз ҷумла 59 медали тилло, 89 нуқра ва 95 медали биринҷӣ гардиданд.

Фирӯз Боқӣ,
ноҳияи  Спитамен

Add comment


Security code
Refresh