“Хуҷанд” ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми КФО-2018 омодагӣ мебинад

Алҳол дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ба мавсими нав ва бозиҳои плей-оффи Ҷоми КФО – 2018 дар Маркази таълимии шуъбаи Бонкии миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон омодагӣ мебинад.

Қаблан бозингарони тим дар варзишгоҳи “Спартак”-и маркази вилояти Суғд машқу тамрин мекарданд. Чуноне масъулини тими футболи “Хуҷанд” иттилоъ доданд, даста бо якчанд бозингаре, ки муҳлати қарордодашон хотима ёфтааст, хайру хуш намуд. Дарвозабон Рустам Ризоев, нимҳимоятгар Шоҳрух Раҷаматов ва ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов аз ҷумлаи онҳоянд.

Ба даста бозингарони нав, аз қабили ҳимоятгар Фирдавс Чақалов аз бошгоҳи КВМА «Помир»-и Душанбе, нимҳимоятгар Фирўз Қараев аз тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, нимҳимоятгар Кароматулло Саидов аз дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор ва ҳамлагар Амирҷон Раҳимов аз тими “Эсхата”-и Хуҷанд даъват шудаанд, ки дар ҳамин ҳол дар машқҳои таълимиву тамрин ширкат доранд.

Бозии аввали “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018 бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон 13-уми феврал ё дар Бишкек ва ё дар Балканобод барпо ва бозии ҷавобӣ 20-уми феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи “Хуҷанд” изҳор доштааст, ки мақсад доранд дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё маҳорати хуб нишон дода, мухлисонашонро шод гардонанд.

– Тамоми кўшишу ғайратамонро барои роҳ ёфтан ба марҳалаи гурўҳии Ҷоми КФО-2018 сафарбар мекунем, - зикр доштааст сармураббӣ.

Дар мавриди ба марҳалаи гурўҳии Ҷоми КФО-2018 роҳ ёфтан, «Хуҷанд» дар гурўҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон қувва меозмояд.

Боиси тазаккур аст, ки тими “Хуҷанд” соли гузашта бо гирифтани ҷойи дуввум миёни дастаҳои лигаи олии мамлакат бо медали нуқра сарфароз шудааст. Инчунин “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, сазовори Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh