Варзиш - василаи муаррифии давлату миллат

Дирўз дар Кохи фарҳанги ба номи Рўдакии маркази вилоят муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ бо варзишгарони вилоят мулоқот орост.

Назира Ғаффорӣ нахуст кулли варзишгарон ва мураббиёнро аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо фарорасии Соли нави мелодии 2017 табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки боиси ифтихор аст, ки соли 2016 соли таърихӣ – таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд ва он бо дастовардҳои хеле назаррас ҷамъбаст шуд. Дар ин айём Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид ва таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, Барнома оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардида буд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин радиф дар ҷаласаи фаъолони вилоят Барномаи давлатии вилоятии Соли 2017 - “Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ” қабул шуд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми хеш бори дигар таъкид сохтанд, ки ҷавонон ояндаи давлат мебошанд. Зикр доштанд, ки «ман аз ҷавонони даврони Истиқлол ифтихор мекунам». Дар ин замина соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда, таъкид доштанд, ки ҷавонони имрўза аз ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта ба куллӣ фарқ мекунанд. ҷавонони вилоят ҷавобан ба ин ғамхорӣ дар аксар шаҳру навоҳии вилоят роҳпаймоӣ, аксия ва дигар чорабиниҳоро доир намуданд.

Боиси сарбаландист, ки Президенти кишвар ба варзишгарон ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд. Мулоқоти Пешвои миллат санаи 20-уми декабри соли 2010 бо варзишгарон ва 27 майи соли 2016 бо Шўрои илмии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боис шуданд, ки қасрҳо ва толорҳои варзишӣ бунёд, варзиши миллӣ аз нав эҳё гарданд ва барои қадршиносии варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Н. Ғаффорӣ доир ба дастовардҳои варзишгарони вилоят дар соли равон қайд кард, ки тибқи нақшаи тақвими ягона варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ба монанди баскетбол, дастхобонӣ, тэквандо, қаиқронӣ, бокс, вазнбардорӣ, намудҳои гўштини миллӣ, самбо, камонварӣ, варзиши сабук, шоҳмот ва ғайра 2929 нафар, аз ҷумла 390 нафар духтарон дар 75 мусобиқаи вилоятӣ ва 44 мусобиқаи байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дастгирии сарпарастон иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд.

Дар соли равон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ 1536 нафар варзишгарон иштирок карда, аз онҳо 470 нафар ғолиб, 505 нафар барандаи мақоми дуюм ва 561 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як силсила қарорҳо ва барномаҳоро барои мунтазам рушд ёфтани соҳаи варзиш қабул кард. Ҳанўз 18 ноябри соли 2011 нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани барномаҳои маҷмааи рушди тарбияи ҷисмонӣ барои солҳои 2011-2015 қабул шуда, бо ин мақсад беш аз 1 миллиону 370 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Таъсиси стипендияи Раиси вилоят барои 49 нафар варзишгарон, иштироки ду дастаи футболи вилоят дар лигаи олӣ, гузарондани беш аз 500 мусобиқаи вилоятӣ ва маҳаллӣ, иштироки онон дар чемпионатҳои байналмилалӣ шаҳодати он аст.

Дар ду соли охир беш аз 350 иншооти варзишӣ дар сатҳи вилоят қомат афрохта, бо ин мақсад 23 миллиону 425 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети вилоят ва сарпарастон масраф гардид. Дар натиҷа дар ин муддат 4 нафар устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 30 нафар устоди варзиши Тоҷикистон, 187 устоди варзиши дараҷаи якум ва 279 нафар номзад ба устоди варзиш шуданд.

Назира Ғаффорӣ дар баробари рушди соҳаи варзиш оид ба камбудиҳо низ нуқтаи назари хешро баён кард. Устодони соҳаи варзиш Усто Устопиров ва Акмал Қодиров таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.

Дар ҷамъбаст устоди варзиш Мирзомуҳиддин Қутбиддинов ба муносибати 70 - солагии мавлудаш ва гурўҳи калони варзишгарон, мураббиён ва сарварони мактабҳои варзишӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ бо мукофот қадрдонӣ шуданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh