Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими баистифодадиҳии майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод иштирок намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи падару модарон тариқи ҳашар ва бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва ҷомеа» дар вилояти Суғд, ҳамзамон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд шуда, дар он барои тамрини ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дарозии майдончаи варзишӣ 40 метр, бараш 20 метр буда, сохтмони он бо назардошти талаботи муосир анҷом ёфтааст.

Ҳамчунин, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳия барои боз ҳам ҷалб намудани наврасон ба варзиш майдончаҳои варзишии волейбол ва баскетбол низ сохта ба истифода дода шуд.

Раиси вилоят чунин иқдомҳои бунёдкоронаро намунаи ибрат хонда, ба ҷавонону наврасон маслиҳат дод, ки имконотро самаранок истифода баранд ва вақтҳои холигии худро бештар бо машқу тамрин сипарӣ намоянд.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо сохтмони фабрикаи чӯҷабарорӣ, муассисаи таълимии хусусӣ, бинои ҲХДТ дар ноҳия шинос гардида, барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh