Ҷалби ҷавонон ба соҳаи варзиш

Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш мебошад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд: «Шумо ҷавонон умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед”.

Дар ин самт ҷомеаи меҳнатии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят таҳти сардории Бахтиёр Исматҷонов ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нерӯи худро сафарбар намуда истодаанд.

- Вазифаи аввалиндараҷаи  ҷавонон таҳкими сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои Истиқлолият мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон, ки худро соҳибватан меҳисобад, бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои Ватан-Модар, Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз мадди назар дур насозад,-гуфт Бахтиёр Исматҷонов ва илова намуд, ки дар ин самт тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб рафта, давоми соли 2023 миёни ҷавонони синни тодаъватӣ ва сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии вилоят як қатор чорабиниҳои мақсадноки тарғиботиву ташвиқотӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби онон ба хизмати ҳарбӣ, омода ва қавӣ гардонидани ҷавонон ҷиҳати ҷисмонӣ ва санҷиши донишу малакаи касбӣ беш аз 100 мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ таҳти унвонҳои “Сипар”, “Ҳомии Ватан”, “Ватанпарвар”, “Сарбози оянда” бо иштироки 7450 нафар ҷавони синни тодаъватӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Санаи 5-уми майи соли 2023 дар факултети №4 - уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиш ва конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони "Ҷавонон – неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа" баргузор шуд.

Дар маҷмӯъ, оид ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ давоми соли 2023 беш аз 455 адад чорабинӣ доир гардид, ки дар онҳо 67019 нафар ҷавони синни тодаъватӣ ва афсарону сарбозон иштирок намуданд.

Вобаста ба ташаккули тафаккури миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бо ин роҳ дар баланд бардоштани ҳисси оштинопазирӣ ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар намуди ҷинояткорӣ давоми соли 2023 аз ҷониби масъулини Раёсат ва сохторҳои он беш аз 196 аксияву ҳамоиш, мулоқоту вохӯрӣ, конференсияву семинар бо фарогирии 26290 нафар ҷавон дар сатҳи баланд доир шуд.

Ҳамин тариқ, дар самти кор бо ҷавонон дар соли 2023-юм 13259 чорабинӣ бо фарогирии 675251 нафар ҷавон баргузор гардид, ки он нисбат ба соли 2022 9131 чорабинӣ зиёд мебошад.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар самти таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон тадбирҳо меандешад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 2905 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 2008 майдончаи варзишӣ, 640 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ ва 168 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.

Давоми соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 68 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 50 майдончаи варзишӣ, 16 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 1 корти теннис сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бобати ҳавасмандгардонии варзишгарон аз ҷониби комиссияи унвондиҳии раёсат беш аз 180 ҳуҷҷати варзишгарон барои сазовор гардидан бо унвонҳои варзишии “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Устоди варзишии дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба комиссияи унвондиҳии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Илова бар ин,  давоми соли 2023 122 нафар варзишгари вилоят бо дараҷаи “Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд,-гуфт Бахтиёр Исматҷонов ва илова намуд:

- Имрӯз ҷавонон  ба қадри суботи комили кишвар мерасанд ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат намуда, барои ояндаи неки кишварамон саҳм мегузоранд.

 Насими Саидмуҳаммад,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh