Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ
- Details
- Published on Wednesday, 29 November 2023 18:26
29 ноябр дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ кулли варзишгарон - парчамбардорони Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва меҳмонони азизро, ки аз ҷумҳуриҳои дӯсту бародари Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус ва Федератсияи Россия ташриф овардаанд, хайрамақдам гуфта, ба онҳо муваффақиятҳо орзу намуд.
Таъкид карда шуд, ки давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар иқдомҳои муфид роҳандозӣ мешаванд.
Ҷалб намудани аҳолии кишвар, хоса ҷавонон, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шумор рафта, таваҷҷӯҳ ба мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарғиби васеи он байни қишрҳои ҷомеа торафт меафзояд.
Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Ин боис мегардад, ки варзишгарони беҳтарини мо малакаю маҳораташонро сайқал дода, дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ намоянд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз татбиқи барномаҳои соҳавӣ, рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми тадбирҳоро меандешад.
Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию умумиҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомаром буда, ғамхории рӯзафзуни давлат ва ҳукумат метавон арзёбӣ кард.
Дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми моҳҳои октябр - ноябри соли 2023 - 3 мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ бо иштироки беш аз 20 давлат, мусобиқаи кушод оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо иштироки 5 давлат ва якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 8 давлат баргузор гардид.
Дар охир ба як қатор варзишгарон ҷоизаҳо супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд