Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар ноҳияи Спитамен
- Details
- Published on Friday, 14 January 2022 11:27
13 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен комплекси варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акмал Юлдошев соли 2020 оғоз гардида, охири соли 2021 ба охир расонида шуд.
Иншооти мазкур дорои як бинои дуошёнаи толори варзишӣ барои машқу тамрини ҷавонон, ҳамчунин ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишии футбол, басткетбол, воллейбол, теннис буда, гирду атрофи иншооти варзишӣ ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифта шудааст.
Пас аз ба истифода супоридани иншоот 12 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ имкон дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо иншооти нави варзишӣ ба истифода дода шавад. Наврасону ҷавононро зарур аст, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамшуда мунтазам ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул гарданд ва саломатии худро ҳифз намоянд.
Барои машғул шудан ба варзиш имкониятҳо мавҷуд буда, дар ноҳия Муассисаи давлатии Мактаби варзишӣ, 1 адад варзишгоҳ, 94 адад майдончаҳои варзишӣ, 36 адад толори варзишӣ, 3 адад ҳавзҳои шиноварӣ ва 1 адад иншооти махсуси варзишӣ фаъолият менамоянд, ки бояд пурсамар истифода гарданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд