Дастаи "Хуҷанд" ғолиби Ҷоми Тоҷикистон — 2021 гардид

Дастаи "Хуҷанд" дастаи "Истиқлол"-ро бо ҳисоби 2-0 мағлуб карда, ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2021 гардид.

Ин бозии финалӣ, имрӯз 9 декабр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд доир шуд.

Голҳоро дар дақиқаҳои 105 ва 117-уми бозӣ Ҳоҷибой Зиёев ва Артём Сердюк ба ҳадаф расонида, ғалабаи дастаро таъмин намуданд.

Ҳамин тавр, дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд панҷумин маротиба ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гашт. Аз ин қабл солҳои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 даста ғолиб шуда буд.

Дар маросими супоридани Ҷом ва медалҳо ба ҳайати дастаҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бозингарони дастаи "Хуҷанд"-ро бо пирӯзӣ табрик кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh