Конибодом. Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал назаррас аст

24 сентябри соли 2020 дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанд иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бояд таъкид кард, ки сокинони шаҳри Конибодом дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, пайваста барои ободонии маҳал ва бунёди иншооти муҳим саҳми хешро мегузоранд. Дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни ҳумоюн дар шаҳру деҳоти Конибодом бунёд ва таъмиру барқарорсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз даҳҳо адади он ба истифода дода шудааст.

Зимни сафари навбатии Раиси вилоят ба шаҳр низ се иншоот – майдончаи варзишӣ, бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва ҳаммоми замонавӣ ифтитоҳ гардид.

Нахуст Раиси вилоят дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №29-и деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар маросими ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ ширкат варзид. Майдончаи варзишиӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ҷойгир буда, он аз ҷониби соҳибкор Ҷаъфархон Неъматов ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Майдончаи мазкур замонавӣ буда, корҳои сохтмону васлкунии иншооти варзишӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат бо устодону шогирдони муассиса изҳор дошт, ки иншооти варзишӣ барои сокинони деҳа туҳфаи арзанда буда, наврасону ҷавонон бояд мунтазам ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул гарданд. Таъкид карда шуд, ки роҳбарияти вилоят бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир ва мунтазам мусобиқаҳои гуногунро миёни аҳолӣ доир менамояд. Дар зимн ба соҳибкори маҳаллӣ барои иҷрои кори неку шоистаи пайравӣ изҳори сипос карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh