Парчамбардорони миллат

Таҷлили рӯзи варзишгарон

Дар варзишгоҳи ба номи «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Рӯзи варзишгарон таҷлил шуд.

Дар тантанаи таҷлили Рӯзи варзишгарон ҳамзамон раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, масъулини соҳа, варзишгарон ва собиқадорон аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят, мухлисон иштирок доштанд.

Тантанаро Раиси вилояти Суғд Раҷҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, варзишгарон ва собиқадорони соҳаро ба Рӯзи варзишгарон таҳният гуфа, қайд кард, ки дарстгирӣ ва тарғибу ташвиқи соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо маҳсуб меёбад. Боиси тазаккур аст, ки таваҷҷуҳ ба мустаҳкам намудани баъзаи моддию техникӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим сол аз сол беҳтар гашта, дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эҳмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз ҷониби Раиси вилоят фаъолияти варзишгарон, мураббиён ва кормандони соҳа қадрдонӣ мешавад. Барои варзишгарон, ки муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд, ҳамеша талош мешавад, шароити арзанда ва имкониятҳои шоистаи машқу тамрин фароҳам оварда шавад.

Воқеан, имрӯз сокинони шарафманди вилояти Суғд, хоса ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи виҷа зоҳир намуда, онро гарави саломатӣ медонанд ва барои пешбурди тарзи ҳаёти солим саъйу талош меварзанд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шуда, ки аз инҳо 45 варзишгоҳ, 1900 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ, 181 маҷмаи иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг ва фитнес мебошанд.

Давоми солҳои 2018 - 2020 дар миқёси вилояти Суғд 250 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 220 майдончаи варзишӣ, 42 толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ, як маҷмааи варзишӣ ба маблағи 80 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Шоистаи зикр аст, ки ин маблағ яъне 25 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳалӣ ва 55 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони банангу номуси вилоят мебошад.

Имрӯз бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш дар вилоят 44 мактаби варзишӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо наздик 20 ҳазор ҷавону наврас, аз ҷумла 2232 нафар бонувон бо машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят барои рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ як силсила қарору барномаҳоро қабул ва амалӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки барои рушди мунтазами варзиш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам орад.

Таъсиси ситипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарин, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилояти Суғд дар чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои байналмилаливу ҷаҳонӣ далели татбиқи бомароми ин қарору барномаҳо ба шумор мераванд.

Сиёсати хирадмандона ва дастгириву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки ҷавонони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони вилояти Суғд низ дар арсаи чаҳонӣ мақом ва манзалати хосае касб намоянд. Варзишгарони мо дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ, Осиё ва байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувваозмоӣ намуда, ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб шудаанд.

Имрӯз сокинони вилоят бо номи варзишгарон Комроншоҳи Устопириён, Абдусаттор Ғафуров, Ҳамроз Раҷабов, Фотима Гадоева, Рухшона Саидова ва дигарон ифтихор мекунанд, ки шарафи варзиши тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боло бурда, парчамбардорони давлати хеш гаштаанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар як саф бо варзишгарони ҷавон собиқадорони соҳа, устодони дараҷаи баланди варзиш Шариф Ҳофизов, Мирзо Қутфиддинов, Анвар Қосимов, Геннадий Набиев, Даврон Садрулин, Усто Устопиров, Инъомҷон Алиҷонов ва дигарон дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, варзиш ва оммавияти он заҳмат мекашанд.

 Бояд гуфт, ки доман паҳн кардани бемории сирояти COVID-19 чун дигар соҳаҳо ба варзиш низ бетаъсир намонд ва дар вилояти Суғд низ як қатор чорабиниҳои варзишӣ мавқуф гузошта шуданд.

Вазъияти баамаломада бори дигар собит намуд, ки варзиш кафили саломатӣ аст ва ҳар нафаре, ки тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад дар муқобили ҳамагуна беморӣ, бахусус коронавирус рақобатпазир мемонад.

Шоистаи зикр аст, ки бо вуҷуди ҷой доштани маҳдудиятҳо дар вилоят бахшида ба рӯзи варзишгарон ҷиҳати дарёфти Ҷоми Раиси вилоят аз рӯи се намуди варзиш - валейболи соҳилӣ, (байни мардон ва занон), қайиқронӣ (байни ҷавонон ва калонсолон), камонварӣ (байни калонсолон ва ҷавонон) мусобиқа баргузор ва ғолибон дар ин чорабинӣ қадрдонӣ шуданд.

Мақсади ин иқдом тарғиби тарзи ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони беҳтарин ва дастгирии онҳо арзёбӣ шуд.

Мусобиқаҳои мазкур зимни риояи дастури ситоди ҷумҳуриявӣ бо безараргардонии ҳатмии макони баргузории мусобиқаҳо, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва меъёрҳои пешгирӣ аз COVID-19 баргзор шуданд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh