Футбол дар вилоят ояндаи нек дорад!

Ҷаласаи Федератсияи футболи вилояти Суғд


Санаи 15 - уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Суғдиён» - и маркази вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи Федератсияи футболи вилоят баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, аъзоёни Федератсияи футболи вилоят, сардорони дастаҳои футболи вилоят, мураббиён, варзишгарон ва ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Раиси вилоят, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди варзиш ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар вилоят ба хотири рушди варзиш, аз ҷумла футбол тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуда, шароитҳои зарурӣ барои варзишгарон муҳайё мегардад.

- Воқеан ҳам футбол яке аз намудҳои маъмули варзиш буда, ба рушди солимии ҷомеа мусоидат менамояд. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси федератсияи футболи ҷумҳурӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷумҳурӣ, алалхусус дар вилояти Суғд соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол такмил ёфта, тибқи “Барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2017 – 2021” чорабиниҳои зиёд гузаронида мешаванд, - зикр дошт Раиси вилоят. – Масъулинро зарур аст, ки аз имкониятҳо пурсамар истифода намуда, ба тарбияи футболбозони наврас эътибори зарурӣ диҳанд ва фаъолияти мактабҳои варзиширо ҷоннок намоянд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят танҳо барои фаъолияти пурсамари дастаи футболи «Хуҷанд» дар мавсими нав 2,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ҷиҳати бунёди варзишгоҳҳо ва майдончаҳои варзишӣ корҳои зиёд амалӣ шудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин, аз ҷумла ба раисони шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод бобати таъсиси дастаи футбол, муҳайё намудани шароити мутобиқ ба талаботи замон дар варзишгоҳҳо ва майдончаҳои варзишӣ ва рушди ин намуди варзиш дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон, Раиси вилоят бобати таъсиси дастаи занонаи футбол дар маркази вилоят масъулинро вазифадор намуд.

Дар ҷаласа оид ба фаъолияти Федератсияи футболи вилоят муовини якуми Раиси Федератсияи футболи вилоят Хуршед Ақдодов гузориш дод.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар лигаи олии мамлакат оид ба футбол дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истаравшан» ва дар лигаи якум дастаҳои «Эсхата» (Хуҷанд), «Исфара», «Равшан» (Зафаробод) ва «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) иштирок менамоянд.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh