КАМОНВАРӢ: ривоҷ ва пешрафтро тақозо дорад!

Камонварӣ яке аз навъҳои машҳури варзиши миллӣ буда, таърихи қадима дорад. Лавозимоти асосии ин навъи варзиш камон ва тири он мебошад, ки онро аз чӯб ва дигар лавозимоти хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.

Дар даврони шӯравӣ ин намуди варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд карда буд. Мардуми тоҷик ба камонварӣ нисбат ба дигар намуди варзиш шавқи зиёд доштанд. Пас аз ноором гардидани фазои кишвар ба ин намуди варзиш аҳамияту эътибор коҳиш ёфт. Аз ин ҷост, то имрӯз нишондодҳои солҳои қаблӣ, ки варзишгарон ба даст оварда буданд, такрор наёфтааст. Мутаассифона, аксарияти мардум имрӯз аз мавҷудият ва фаъолияти мактаби варзишии камонварӣ дар вилоят огоҳ нестанд.

Дар ин бора хостем, бобати фаъолият ва бурду бохти Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ” дар вилоят аз наздик шинос гардем. Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ” дар вилоят фаъолияти худро аз соли 2015 инҷониб ба роҳ мондааст. Бино ба иттилои директори он Абдуғаффор Рустамов имрӯз, 4 нафар мураббӣ дар 7 гурӯҳ ба 63 нафар варзишгар нозукиҳои ин навъи варзишро омӯзонида истодаанд. Ҳангоме ба саҳни мактаби варзишӣ ворид гардидем, аз сабаби сардии ҳаво касе машғули тамрин набуд. Дар толори машқу тамрин низ вазъ чунин буд. Ҳол он ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 - уми марти соли 2019, №117 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 - юми апрели соли 2019, №181 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят дар даври тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020” ба тавсиб расида буд. Вале, мутаассифона, масъулини ин соҳа нисбат ба иҷрои қарорҳои мазкур хунукназарӣ зоҳир намудаанд.

Дар чунин шароит чӣ гуна метавон бо варзишгарон машғулият гузаронд? Ё худ, ба қавли худи мураббиён, бо либоси зимистона аз лавозимоти мавҷуда истифода ва тамрин карда намешавад. Толор барои машқу тамрин ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, беҳбудиро металабад. Зимни шиносоӣ аён гардид, ки ҳуҷраҳои мураббиён, ҷойи нигоҳ доштани тиру камон ва ҳуҷраи либосивазкунӣ ҳама дар як ҷо ҷой гирифтаанд. Аз ҳама аҷибу ҳайратовараш он буд, нишоне, бояд ҳар як варзишгар онро ба нишон гирад, аз картон, яъне коғази ғафс омода шуда, боз аз сабаби истифодабарии зиёд фарсуда гаштааст. Бино ба маълумоти Абдуғаффор Рустамов, то ҳол Мактаби камонварии вилоят ҷойи алоҳидаи худро надорад. Яке аз сабабҳои асосии камбудиҳои имрӯза маҳз ҷойи аниқ надоштани мактаб аст.

- Инчунин, барои ба камонварӣ ҷалб намудани хоҳишмандон норасоии тиру камон ба назар мерасад. Ҳарчанд машқу тамрин ройгон гузаронида мешавад, вале то ҳол норасоиҳои зиёд ба чашм мерасанд. Имрӯз ба се - чор нафар варзишгар як камон рост меояд.

 Алҳол арзиши камон хеле гарон буда, мо имконияти харидани онро надорем. Барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ барои мо маблағ зарур аст. Дар баъзе мусобиқаҳо варзишгарон аз ҳисоби маблағи волидон иштирок мекунанд. Мо ин имкониятро кай пайдо мекунем, намедонам. Бинобар ин, дар сурати пайдо накардани маблағ ва дар шароити ҳозиразамон тамрин накардани варзишгарон имкон баҳри ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан хеле кам аст, - мегӯяд А. Рустамов.

Ба ҳамаи ин норасоиҳо нигоҳ накарда, варзишгарон ба камонварӣ диққати бештар дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Давоми соли 2019 варзишгарони мактаб дар 3 мусобиқаи вилоятӣ, 3 ҷумҳуриявӣ ва 5 мусобиқаи сатҳи байналхалқӣ ширкат намуда, сазовори 101 медал, аз ҷумла 34 медали тилло, 32 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ гардиданд. Манучеҳр Шерғозиев ва Мавзуна Азимова варзишгароне мебошанд, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, барои гирифтани зинаҳои ифтихорӣ мушарраф шудаанд.

Имрӯз омӯзиши ин навъи варзиш дар вилоят пурра ройгон мебошад. Мушкилии асосӣ ин мавҷуд набудани шароити машқу тамрин ва харидани тиру камон аст. Камонварӣ аз он намудҳои варзиш аст, ки новобаста аз синну сол шаҳрвандон ба он машғул мешаванд. Аз ин лиҳоз, имрӯз аз рӯи чор синну сол мусобиқаҳо баргузор карда мешавад.

Мураббиён иброз медоранд, ки гарчанде шумораи варзишгарон нисбат ба солҳои пеш кам бошад ҳам, лекин бисёранд нафароне шавқу рағбати зиёд ба ин навъи варзиш доранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз ба он 63 нафар варзишгаре, ки дар чунин шароит машғули тамринанд, ҷойгузини Чемпиони мутлақи ҷаҳон (соли 1975 - Интерлакен), Ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал (соли 1976), Дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон (соли 1977 дар Австралия), Чемпиони Аврупо (солҳои 1976 – Копенгаген, 1985 – Измир, 1986 – Париҷ), 15 карат Чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 маротиба рекордсменкаи Аврупо, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Зебунисо Рустамова кай пайдо мешуда бошад? Ин саволест, ки посухи худро металабад. Имрӯз яке аз сабабҳои дар сатҳи паст қарор доштани бархе аз намуди варзиш маҳз аз кам ҷудо намудани соатҳои дарсӣ дар мактабҳои миёнаву олӣ, нарасидани мутахассисони баъзе намудҳои варзиш ба ҳисоб меравад.

Бояд мактабҳои миёна ва олии касбии вилоят барои омода намудани мутахассисони соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, зеро барои пешрафти ин ё он соҳаи варзиш, маҳз мутахассисони баландихтисос лозиманд, ки шогирдони хубро тайёр намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Варзиш омили муҳими солимии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди Абӯалӣ ибни Сино, агар одам дар баробари риоя намудани талаботи тартиби муътадил боз ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шавад, ба истеъмоли дору дигар эҳтиёҷе намемонад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh