Мулоқоти Раиси вилоят бо ноиби Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Виктор Флореску

2 октябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ноиби Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Виктор Флореску ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст меҳмононро, ки ҷиҳати иштирок дар 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоят ташриф овардаанд, ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфт.

Раиси вилоят иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои ҷалби аҳолӣ, махсусан ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонӣ тадбирҳои заруриро амалӣ сохтаву мусобиқаҳои гуногуни сатҳи баландро ташкил менамояд.

Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт сол инҷониб баргузор гардида, бори аввал дар вилояти Суғд доир шуда истодааст.

Рушди соҳаи варзиш ва натиҷаҳои ба дастовардаи варзишгарони тоҷик дар намуди варзишии гўштини дзюдо хеле назаррас мебошанд.

-Имрўз Тоҷикистон бо варзишгарони номдораш Комроншоҳи Устопириён, Беҳрўз Хоҷазода, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков, Шакармаҳмад Мирмаҳмадов ва даҳҳо дигарон ифтихор мекунад,- таъкид кард Раиси вилоят.

Виктор Флореску дар аснои суҳбат барои истиқболи самимӣ миннатдории худро баён дошта, изҳори боварӣ намуд, ки мусобиқаи байналмилалӣ дар сатҳи баланд ҷараён мегирад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh