ХИЗМАТИ ВАТАН – ШАРАФИ БУЗУРГ!

- мегӯянд волидайне, ки барои - мегӯянд волидайне, ки барои аёдати фарзандонашон ба қисмҳои низомии кишвар рафтанд.

Беш аз сад нафар волидайне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, ба дидори фарзандони далеру шуҷоашон рафтанд.

Бино ба иттилоъи Фаридун Зокиров, ёрдамчии сардори Шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, падар ва модарони сарбозон санаи 28 – уми августи соли равон аз шаҳри Хуҷанд ба роҳ баромада, давоми шаш рӯз аз қисмҳои низомии вилоятҳои Хатлону Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дидан намуда, аз ҳолу аҳволи фарзандон ва шароити будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ шинос гардиданд. Тибқи иттилои масъулин модарон дар ин сафар фарзандонашонро бардаму солим ва ҷисман обутобёфта диданд.

 Фарзандон волидайнашонро бо чеҳраҳои хандон қабул намуда, аз фазои тинҷиву оромӣ ва якпорчагии кишвари маҳбуби худ Тоҷикистони соҳибистиқлол шукрона намуданд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил гардидани аёдати сарбозон аз ҷониби волидайн бо мақсади ҳавасмандгардонии сарбозони ихтиëрӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии онҳо амалӣ карда шуд. Имрӯз ҳамаи қисмҳои низомӣ таҳти ғамхорию таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, шароити хуб барои хизмату истироҳат мавҷуд аст ва дар ин самт сарбозон танқисие надоранд, - иброз намуд Ф. Зокиров.

Гуфтан лозим аст, ки барои ҷавонони далеру шуҷои кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин мактаби мардонагиву шуҷоатмандист. Ҷӯрабой Давлатов - падари сарбоз аз қисми низомии 0140 – и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ҷӯрабой - амак ба назди фарзандаш рафта, аз шароит ва рафти хизматаш огоҳ гардид.

 Ӯ мегӯяд, ки хизмати фарзандаш хуб буда, хурсанд аз он аст, ки фарзандаш баҳри ҳимояи марзу буми Ватан дар шароити замонавӣ адои хизмат менамояд. Ҳамчунин, чандин нафар волидон аз ҷумла, Зайниддин Холматов аз ноҳияи Деваштич, Маърифат Аҳмадҷонова аз шаҳри Конибодом аз ин сафар бо таассуроти нек ва эҳсоси қаноатмандӣ баргашта, шукронаи замони соҳибистиқлолӣ намуданд. Зеро онҳо дар назди фарзандонашон дар фазои орому осудаи диёр хурсандӣ намуда, ин дидорбинӣ барои идомаи хизмат ба сарбозон нерӯи тоза бахшид.

 Зимнан, падару модароне, ки фарзандони сарбози худро аёдат намудаанд, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд миннатдории самимии хешро баён карда, изҳор доштанд, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург ба ҳисоб меравад.

И. НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh