ҒӮЛАКАНДОЗ: СИМОИ ДЕҲОТ ЧИРО БОЗГӮЙ АСТ?

Ободонӣ масъулияти бузургро тақозо менамояд!

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят зиёда аз 6 ҳазору 500 иншооти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ҳамзамон, тоза намудани муҳити атроф, шинонидани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз, мумфаршкунии роҳҳои мошингард, беҳтар намудани шароити соҳаи иҷтимоиёт, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва ғайра аз масъалаҳои муҳими дигар ба ҳисоб мераванд.

Давоми соли равон бо азму кӯшишҳои пайвастаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода даҳҳо иншооти гуногун дар шаҳру навоҳии вилоят бунёд гардида, заминаи асосӣ барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуда бошад ҳам, аммо мавзеъҳое ҳастанд, ки беҳбуд бахшидани ҳолати онҳо ба манфиати кор аст.

Ҷои партов наход каналу ҷӯйбор бошад?

Маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов сол аз сол рушд меёбаду обод мегардад. Мардуми бофарҳанги ноҳия пайваста бо тозагиву ободонии маҳалли худ намунаи ибрат мебошанд. Давоми соли равон бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, соҳибкорон ва мардуми меҳнатдӯст дар ноҳия иншооти гуногун бунёд гардида, ба симои ноҳия тобиши нав зам намуд. Ин иқдом ба таҳсину офарин меарзад. Аммо, мутаассифона, дар бархе аз ҷамоатҳо, бахусус Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ҷойҳое ба назар мерасанд, ки ин ҳама ободкориҳо дар як нигоҳ ҳеҷ мегарданд. Зимни сафари хизматӣ ба ин ҷамоат ба тозагии каналу ҷӯйбор, насби шиору овезаҳои тарғибкунанда ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, инчунин аз вазъи ободиву тозагии ин маҳал дидан намудем. Ҳангоми ворид гардидан ба ҷамоат ба ҳолати канале дучор омадем, ки партов ва ифлосиҳои бӯйихроҷкунандаву алафҳои бегона дохили онро пур карда буданд, ки ин манзараи басо ҳузнангез нигаронкунанда боқӣ мемонад.

То ворид гардидан ба бинои ҷамоат чанд каналу ҷӯйборе, ки дидем, ҳолаташ яке аз дигаре бадтар буду беҳтар не. Оё ин вазъият масъулинро ба ташвиш намеорад?

Чаро гулу ниҳолҳои ороишӣ хушкиданд?

Вазъи дигари нигаронкунанда, ки мушоҳида намудем, ин буд, ки дар назди бинои ҷамоат чандин дарахтони ороишии сари роҳ тақрибан 15 – 20 сола хушк шуда буданд. Баргҳои дарахтон монанди фасли хазонрез рехтаву шохҳояшон хушкидаанд.

Ҳатто дар фасли тобистон ҳамаи дарахтони ҳудуди ҷамоат хушкида менамуданду атрофи онҳоро бошад, аз бепарвоии масъулон алафҳо ва баргҳои хазоншуда иҳота намуда буданд. Чун сабаби ин ҳолатро аз масъулин пурсон шудем, посух доданд, ки воқеан ҳам ба қавле хандаовар менамуд…

Эҳтиром ҳамавақт рисолат аст!

- Чанд сол пеш бинои мазкур фурӯхта шудааст. Мо дар ин ҷо иҷоранишинем, масъулин дигаронанд, бинобар ин дарахтон чандин вақт инҷониб аз сабаби набудани об ба ин ҳолат омада расидаанд, - посухи раиси Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Бахтиёр Файзуллозода чунин буд.

Ҳамчунин, мо ҳамроҳи раис аз атрофи бинои ҷамоат дидан намудем. Дар пеши бино нимпайкараи дукарат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Абдуғафур Самадов гузошта шуда, аз беаҳамиятиву хунукназарии масъулин сафолакҳои саҳни наздаш шикаставу алафу дарахтони хушкида ба назар мерасид, ки табъи ҳар бинандаро хира мегардонид. Наход эҳтиром ба шахсияти шинохта чунин бошад?

Ҳол он ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.

Аз ин рӯ, масъулинро мебоист дар ин сол барои тозаву обод намудани диёри хеш камари ҳиммат баста, камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф мекарданд. Баҳри сарсабзу гулзор намудани диёри худ, марказ ва назди бинои ҷамоат гулу дарахтони сояафкан мешинониданд. Вале афсӯс, ки дар ин маҳал аз гулу буттаҳои ороишӣ нишоне ба назар намерасид.

Бемасъулиятӣ дар насби шиору овезаҳо

Вазъи ҳузнангези дигаре, ки мушоҳида намудем, ин набудани шиору овезаҳои тарғибкунандаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Оид ба ин масъала ба масъулини ҷамоат суол додем, ки чаро баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистода ягон шиору овеза мавҷуд нест? Бо баҳонаҳои зиёд, аз ҷумла, «кӯҳнаву фарсуда шудани шиорҳои пешина ва бо сабаби бо дигар масъалаҳо банд будан ба нав кардани онҳо имкон даст надод» худро аз вазъият озод намуданӣ шуданд.

Чизи дигаре, ки зимни боздид аён гардид, ин норасоии оби полезиву нӯшокӣ мебошад, ки сабаби асосии хушк шудани аксари гулу дарахтони ороишӣ ва дигар камбудиҳои дар боло зикргардида аст.

Дар охир...

Мақсад аз мухтасаран овардани ин камбудиҳо паст задани обрӯю эътибори роҳбарон ва мутасаддиёни ноҳия набуда, балки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳи камбудиҳо ва суръат бахшидан ба корҳои ободонӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh