Раиси вилоят собиқадори меҳнат Ҷура Бобоевро аёдат намуд

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат ва дорандаи ордени “Шараф”, дараҷаи II Ҷура Бобоевро аёдат намуд.

Ҷура Бобоеви 89 сола аз соли 1960 ба токпарварӣ машғул буда, соли 2008 ҳамчун «Ангурпарвари беҳтарин» шинохта шудааст. Мавсуф соҳиби 9 фарзанд, 34 набера ва 10 абера аст ва сарвари хоҷагии деҳқонии «Ҷура Саркор» мебошад. Ҷура Бобоев 14 гектар ток бунёд карда, дар парвариши навъҳои кишмиши сиёҳу сафед, ҳусайнӣ, чиллагӣ, соҳибӣ, калони сурху сафед, тагобӣ, ангури сурхак, васарға ва тоифӣ таҷрибаи бой дорад ва устоди кори худ мебошад.

Раиси вилоят зимни аёдат бо ин пири барнодил суҳбат намуда, фаъолияти кории ӯро намунаи ибрат барои насли ҷавон арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки маҳз кору пайкори чунин шахсиятҳои соҳибтаҷриба барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh