Бемории ВНМО (СПИД) табобатнашаванда, вале идорашаванда

Аз чӣ сабаб бошад, дӯсти наздикам вақтҳои охир камнамо буд. Баъди дарс ба хабаргирии ӯ рафтам. Дарро хоҳараш кушода гуфт, ки бародараш бемор аст. Ман ҳайрон шудам, охир ду рӯз пеш дар ӯ ягон нишонаи беморӣ набуд. Ба наздаш даромадам, ҳама вақт ҳангоми вохӯрӣ маро ба оғӯш мегирифт, ин дафъа бо нӯги даст саломат кард.

Бемориашро пурсам, “шамол кашидаам, бо тезӣ сиҳат мешавам”, гуфту аммо чашмонаш суханони ӯро тасдиқ намекарданд. Баъди пурсишҳо ба бемории ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) гирифтор шуданашро гуфт. Ӯ мехост донишгоҳро тарк кунад. Вақтҳои охир ҳамроҳи аҳли оила дар як ҷо наменишаст, бо хешу табор равуоро канда буд. Аз одамон худро канор мегирифт. Падараш, ки инсони оқил буд, ба ӯ мефаҳмонид, ки ин беморӣ танҳо бо воситаи наздикӣ кардан бо ягон шахс, сӯзандору ва хун сироят меёбад. Ӯ метавонад хонданашро идома диҳаду мунтазам табобат гирад.

Ҳоло ӯ зери назорати духтурон қарор дорад. Ман низ то қадри имкон ба ӯ кӯмак мерасонам, қувваи равонӣ мебахшам, - менависад дар саҳифаи худ яке аз истифодабарандаи сомонаи фейсбук.

Дарвоқеъ, агар ба ин беморӣ беэътиборӣ намоем, ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Имрӯз бемории ВНМО хусусан, байни ҷавонон паҳн мегардад, ки ба ояндаи онҳо таъсири ҷиддӣ расонида, бо марг анҷом меёбад.

- Соли 2018 шумораи гирифторони ин беморӣ ба 10 ҳазор 695 нафар расида, 7 ҳазори онҳоро мардҳо ва боқимонда 3,7 ҳазорро занон ташкил мекунанд, - мегӯяд Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаҳои аввалини беморӣ соли 1991 муайян шуда, он бештар бо воситаи истифодаи маводи мухаддир, сӯзандору, хун, инчунин, бо воситаи алоқаи ҷинсӣ сироят мекунад. Сабаби бештари гирифторшавӣ ба ВНМО, пеш аз ҳама надоштани маълумоти кофӣ, сустии ирода мебошад. Бо ҷавоне, ки гирифтори ин бемористу панҷ сол инҷониб бар зидди он мубориза мебарад, суҳбати телефонӣ доштем. Нахост ному насабашро ошкор кунем.

- Ман маводи мухаддирро истеъмол мекардам, аммо аз ин беморӣ тамоман хабар надоштам. Ба корҳои шаҳвонӣ даст зада, гирифтори бемории ВНМО гардидам. Ҳоло дар назорати духтурон ҳастам ва аз ҷониби давлат дорувории ройгон мегирам. Агар тарзи дурусти табобатро ба роҳ монем, бо ин беморӣ муддати зиёд зиндагӣ кардан мумкин аст.

Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, рӯҳафтода шуда, аз ҷамъият канораҷӯӣ мекунанд, аз ҷониби атрофиён зарбаи равонӣ мебинанд, ки ин ҳолат ҳатто ба худкушӣ оварда мерасонад. Мо бо 6 нафар духтарони аз 18 то 20 - сола, ки аз минтақаҳои гуногуни вилоят ҳастанд, ҳамсуҳбат шудем.

Аз пурсиши гузаронидаамон маълум гардид, ки бештари ҷавонон сабаби сироятёбиро дар беэҳтиётии духтурони дандон медонанд, ки ин андеша хато аст ва инчунин ба андешаи онҳо беморӣ гӯё ба воситаи нафас ва салом кардан мегузарад.

Саида Муниева, мудири кафедраи дерматовенерологияи Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфт:

- Вируси норасоии масунияти одам ҳоло байни мардум, хусусан ҷавонон назар ба солҳои қаблӣ бештар шудааст. Бемориро танҳо бо роҳи ташхиси тиббӣ метавон муайян кард. Он нишонаи махсуси худро надорад, барои ҳамин бештари гирифторони беморӣ баъди муайян кардани ташхис бовар намекунанд.

Дар маркази ВНМО ба беморон роҳи мубориза бар зидди беморӣ ройгон омӯзонида мешавад.

Беморӣ бо се роҳ - аз модар ба кӯдак, алоқаи ҷинсӣ ва хун сироят мешавад.

Солимии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст. Ба тақдири гирифторони ин беморӣ бетараф набошем.

Нигора ҶӮРАЕВА,
Рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh