3175 ҷиноят ошкор гардид

- Дар шаш моҳи соли 2019 дар қаламрави вилоят аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3851 ҷиноят ба қайд гирифта, ошкоршавии 3175 ҷиноят таъмин карда шуд. Ҷиноятҳои қаллобӣ, сӯиқасди таҷовуз ба номус, роҳзанӣ, авбошӣ, дуздии амволи ғайр, ғорати манзили зист, кисабурӣ, дуздии маблағ, телефонҳои мобилӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ, азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, тасарруф ба миқдори махсусан калон, муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба дигар самтҳои хизматӣ нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда зиёд ба қайд гирифта шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки аз 1686 нафар ҷинояткори ҷустуҷӯшаванда 419 нафар дастгир ва аз 177 нафар шахсони беному нишон гумшуда 126 нафар дарёфт шуданд.

Давоми шаш моҳ 5 нафар донишҷӯ, аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Исфара, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров аз донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар ба Ватан баргардонида шуданд. То ба имрӯз дар донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар ҳамагӣ 34 нафар донишҷӯ боқӣ мондаанд, ки сокинони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Исфара, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Бӯстон мебошанд.

Назарзода Қудратулло Бобо аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аз ҷониби ноболиғон 82 ҷиноят содир шуда, аз ин ҳисоб 52 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд. Ҳамчунин, ноболиғон 57 ҷиноятро дар танҳоӣ ва 25 ҷиноятро гурӯҳӣ содир кардаанд.

Аз ҷониби ҷавонон бошад, давоми шаш моҳ 876 ҷиноятро 814 нафар содир карданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда зиёд аст.

Дар рафти нишасти матбуотӣ доир ба гирифтани шиносномаи дохилӣ ва хориҷӣ, ошкоршавии парвандаҳои ҷиноятӣ, куштор, худкушӣ, экстремизму терроризм, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, хушунату зӯроварӣ маълумот дода шуд.

Аз ҷониби рӯзноманигорон бештар дар масъалаи иваз намудани шиносномаи дохилӣ ба пластикӣ суолу ҷавоб доир шуд. Бобати масъалаи мазкур гуфта шуд, ки аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ ба 95 ҳазору 253 нафар сокини шаҳру навоҳии вилоят шиносномаи шаҳрвандӣ ва ба 76 ҳазору 706 нафар шиносномаи хориҷии биометрии дорои маълумоти электронӣ дода шудааст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки иваз кардани шиноснома маҷбурӣ набуда, он танҳо барои аз нав ба қайд гирифтани симкортҳо амалӣ мешавад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh