Ҳифзи саломатӣ - пурсавобтарин кор

- Баҳри таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тибқи нақша сохтмону азнавсозӣ ва таъмири 577 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони шуъбаҳои марказҳои табобатӣ ва беморхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Айнӣ, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ бомаром идома доранд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода.

Дар ин раванд дар шаш моҳи соли равон бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 9 беморхона, 24 бунгоҳи саломатӣ, 17 Маркази саломатӣ, 10 таваллудхона, 24 нуқтаи хатнаи кӯдакон ва 21 дорухона ба итмом расонида шудааст, ки 39 фоизи нақша мебошад.

Тибқи иттилои масъулин ба аҳолии вилоят 5143 табиб ва 17393 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Дар вилоят нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 19,3 ва бо кормандони миёна 65,5 – ро ташкил медиҳад. Нишондоди нисбатан пасти таъминот бо духтурон дар ноҳияҳои Зафаробод 10, Деваштич 10,7, Айнӣ 11, 4, Мастчоҳ 11,9, Бобоҷон Ғафуров 12 ва Кӯҳистони Мастчоҳ 12,2 ба назар мерасад.

То ба даври болозикр баъди хатми интернатура ва ординатура 126 нафар мутахассиси ҷавон, аз ҷумла 51 нафар хатмкардаи тариқи буҷавӣ бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

- Айни замон 3019 бемори сил дар сатҳи вилоят қарор доранд, ки аз ин 2316 нафар бо сили шушҳо, сили ғайришушӣ 703 нафар ва бо бемории шакли мутобиқгашта 43 нафар мебошад. Дар шаш моҳи соли равон 484 нафар бемори сил дарёфт гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 35 нафар кам мебошад, - афзуд Ф.Мақсудзода.

Тибқи маълумоти масъулин дар ин давр 771 нафар диабети қанд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 27 нафар зиёд аст. Ҳамагӣ дар вилоят 11057 нафар дар қайди диспансерӣ қарор доранд.

Аз меҳнату фаъолият ва таваҷҷуҳи касбии табибон дар маълумоти масъулон эҳсос ба амал меояд, ҳифзу нигаҳдории саломатии сокинон пурсавобтарин кори хилъати сафедпӯшон аст.

Дар кори нишаст ҳамзамон сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Саидамин Исомаддинзода баромад намуда, мухтасар оид ба фаъолияти шашмоҳа маълумот дод.

Дар фарҷом байни масъулини сохторҳо ва рӯзноманигорон суолу ҷавоб баргузор гардид.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh