СИПАРИ ВАТАН ХОҲАМ ШУД

- мегӯяд сарбози қисми низомии 14356 Беҳрӯз Мамадов

Тибқи моддаи 43 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Чунончӣ Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад».

Имрӯз чандин ҳазор ҷавонони далеру шуҷои Ватан софдилонаву сидқидилона ва бо ғурури баланди ватандӯстӣ хизмати Модар – Ватанро ба ҷо оварда истодаанд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз шароити хизмат дар ҳама сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, чунин шароитҳои замонавӣ теъдоди зиёди ҷавононро барои ҳимояи марзу буми Ватан бо хоҳиши худ ҷалб месозад. Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии худро аксарияти ҷавонон вазифаи муҳим ҳисобида, баъд аз хатми донишгоҳҳои олии кишвар ба хизмат раҳсипор мешаванд.

Яке аз чунин ҷавонони далеру шуҷоъ, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар қисми низомии 14356 – и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров адои хизмат менамояд, бо ифтихор мегӯяд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмард буда, далериву ҷасурӣ ва мардонагии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Нафаре, ки дар сафи артиш хизмат менамояд, сарбаланд аст. Ҳар яки мо бояд аз даврони кӯдакӣ баҳри ҳимояи марзу буми Ватан омода бошем.

- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоб ва далериву шуҷоатмандӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар рафти хизмат мо - ҷавонон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, дӯст доштану содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзем, - мегӯяд сарбоз Беҳрӯз Мамадов.

Мавсуф аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буда, пас аз ду соли таҳсил дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба сафи Артиш пайваста, қарзи шаҳрвандии худро адо намояд.

- Алҳол Беҳрӯз дар ин қисми низомӣ вазифаи сардори китобхонаро ба уҳда дорад. Маҳз, дониш ва малакаи ташкилотчигии ӯ боис гардид, ки роҳбарият ӯро ба ин вазифа таъин намояд. Инчунин, барои хизмати софдилона ва саҳм гузоштан дар корҳои ҷамъиятӣ, бахшида ба 26 – умин солгарди рӯзи таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо Ифтихорномаи қисми низомӣ сарфароз гардонида шуд, - илова намуд подполковники қисми низомии мазкур Исмоил Қосимзода.

Таърих гувоҳ аст, ки ҷавонмардони бонангу номуси миллат тӯли ҳазорсолаҳо бо шуҷоату далерӣ, азму талош Ватани хешро аз истилогарони аҷнабӣ муҳофизат намуданд. Хизмат дар сафи артиш, ҳимояи марзу буми Ватан - Модар низ ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди баору номус ва ватандор буд ва ин рисолат то абад мемонад.

- Пас аз ба итмом расонидани хизмат мехо- ҳам таҳсилро дар донишгоҳ давом дода, барои пешрафти Ватани азизи худ - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорам, - мегӯяд сарбоз Беҳрӯз Мамадов.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh