«ШОҲИН - БМТ» - «АРТЕК» ДАР ТОҶИКИСТОН

- Ҳанӯз аз давраи фарорасии таътили тобистонаи мактабиён урдугоҳи мо серодам буд. Аз 1 то 14 - уми июн аллакай хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз имкониятҳои мавҷудаи урдугоҳ бархурдор буданду истироҳати бофароғат мегузарониданд, - иброз дошт муовини директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шоҳин - БМТ» - и шаҳри Гулистон Умеда Раҳимова.

Боиси қайд аст, ки урдугоҳи «Шоҳин - Бонки Миллии Тоҷикистон» дар як вақт метавонад 700 нафарро бо истироҳат фаро гирифта, бо ҷои хоб таъмин намояд.

Вақте вориди урдугоҳ шудем, аллакай машғулиятҳои амалӣ оғоз ва роҳбарони маҳфил бо наврасону ҷавонон машғули эҷодиёти навбатӣ буданд. Табиати зебою нотакрори соҳили Баҳри тоҷик, дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, пешайвонҳои барҳаво, толорҳои варзишиву истироҳатӣ, маҳфилҳои кулолгариву дӯзандагӣ, рассомиву муҳрабофӣ, рақсу шиноварӣ ба истироҳаткунандагон руҳияи нек бахшида, истироҳати онҳоро бофарғат мегардонад.

Аз 18 маҳфиле, ки дар урдугоҳ амал менамояд, ҳашт маҳфил варзишӣ буда, 3 ҳавзи шиноварӣ бо назардошти синну соли истироҳаткунандагон ҳамарӯза пуроб асту барои обутоб ёфтани кӯдакон хизмат мерасонад.

Алҳол дар урдугоҳ басти сеюм амал менамояд. Агар аз 1 то 14 - уми июн дар урдугоҳ дар баробари мактабиёни Ҷумҳурии Қазоқистон наздик 70 нафар аз вилоят ва 48 наврас аз шаҳри Душанбе истироҳат карда бошанд, дар басти дуюм, ки аз 25 - уми июн то 5 - уми июл давом кард, 510 нафар истироҳткунанда аз имкониятҳои мавҷудаи истироҳатгоҳ бархурдор шуданд. Аз ҷумлаи бо истироҳат фарогирифтагон 85 нафар аз ҳисоби соҳибкори саховатпеша дар урдугоҳ фароғат доштанд. Зиёда аз ин донишомӯзони ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё, фарҳанг ва тараққиёт», 80 нафар камбизоату нимятимон, 23 нафар аъзои маркази забономӯзии «Аркон» дар басти дуюм ҳамроҳи мураббиёни соҳибтаҷриба дар фазои сулҳу оромихоҳи кишвар истироҳати бофароғат доштанд. Дар басти сеюм бошад, беш аз 650 нафар қабул шуданд, ки 60 нафар намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона», 140 нафар аъзои маркази империяи «Дониш», 14 нафар ятими кулл аз шаҳри Гулистон ва 20 нафар кӯдаку навраси Ҷумҳурии бародарии Қирғизистон дар биноҳои хуштарҳи замонавӣ таътили худро хуш мегузаронанд. Истироҳаткунандагон бо панҷ маҳал хӯроки гарм таъмин буда, ҳамарӯза барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки онҳо ҳусни тоза мегирад. Азбаски урдугоҳ байналмилалӣ асту аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон, Украинаву Федератсияи Россия ҷавонону наврасонро ба оғӯш мегирад, бештар бо забони русӣ муошират менамоянду дар омӯзиши забонҳои дигар низ таваҷҷуҳ менамоянд.

Як фарқияти хоси урдугоҳи «Шоҳин - БМТ» аз дигар истироҳатгоҳҳо дар он аст, ки барномаи истироҳатӣ ва ҳам шароити онҳо ба лагери байналхалқии «Артек» - и Қрим бисёр монандӣ дорад. Барномаҳои фарҳангии як бахш, албатта, аз дигараш фарқ дошта, маротибаи дуюм такрор намешавад. Бачаҳо давоми даҳ рӯзи истироҳат дар урдугоҳ бо ҷамъоварии ашёи табиати гирду атроф машғул мешаванду кӯдакони хурдсол ҷобаҷокунии расмҳои омехтаро меомӯзанд. Бозиҳои волейболу футбол, тенниси рӯи миз, сурудхониву рақси милливу хориҷӣ машғулияти дӯстдоштаи кӯдакону наврасон ба ҳисоб меравад.

Мураббиён, роҳбарони маҳфилу сарварони созмон, ки аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои дувуму сеюм тариқи озмун аз рӯи шартҳои дастурамали «Роҳнамои коргар» ғолиб омада, ба кор ҷалб шудаанд, мекӯшанд, ки давраи таътили истироҳаткунандагон хотирмон гузарад. Сарвари созмон Улуғбек Хоҷаев, ки худро охирин хатмкунандаи лагери «Орлёнок» меҳисобад, иброз медорад, ки ҳамаи кӯшиши роҳбарияти урдугоҳ баҳри ҷолиб гузаштани давраи кӯдакию наврасии дар «Шоҳин» - будагон равона шудааст. Ҳамчунин истироҳаткунандагон аз таомҳои лазизи кормандони ошхона Мухтор Дадоҷонов ва Мавлуда Шеронова тановул намуда, ба онҳо аҳсант мехонанд.

Дар толори хурди синамо бошад, ҳафтае чанд маротиба филмҳои гуногун ба намоиш гузошта шуда, китобҳои пурмазмуни китобхонаи урдугоҳро метавонанд ҳаводорони каломи бадеъ мутолиа намоянд.

Сардори урдугоҳ Мадина Дадохонова иброз медорад, ки кормандон тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри хушу хотирмон гузаронидани таътили тобистонаашон равона месозанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh